«...ГАР ЗИ САНГИ РОҲ ТАРСАМ, АЗ КӮҲИСТОН НЕСТАМ»

Он рӯз дар саҳни мактаби рақами 30-юми ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ гурӯҳи омӯзгорон, ҳамдеҳагон ва намояндагони ҶММ қарокӯлпарварии «Нурато» бо ҳиссиёти наҷиб ҷамъ омада буданд.

Дар байни ҷамъомадагон мудири шуъбаи чоруми ҷамъияти номбурда Акрам Раҳмонов назди аспи фарбеҳи пурқувват истода дар даст лаҷоми онро медошт. Паҳлӯи ӯ омӯзгори мактаби номбурда, ногирои ҷанги Афғонистон Раҳим Раҷабов бо салобати ба худ хос қарор дошт. Нигоҳи мардумро медалу нишонҳои сарисинагии зиёди Раҳим ба худ мекашид.  
– Рафиқон, – гуфт Акрам Раҳмонов, – медонем, Раҳим Раҷабов омӯзгори пешқадами мактаб аст. Ба замми ин зиндагиномаи ӯ моро, насли ҷавонро сабақи ватандорӣ, дарси худогоҳиву хештаншиносӣ мебошад. Ин нишонҳои сарисинагии  ӯ шаҳодати ҳол аст. Инак бо пешниҳоди Ҷамъияти ҷанги афғон ва салоҳдиди маъмурияти ҶММ «Нурато» Р. Раҷабов барои фаъолияти шоёнаш бо ин аспи қашанг сарфароз гардонида мешавад. 
Акрам лаҷоми аспро ба дасти Раҳим дод.
Баланд шуд садои чаппакзании ҳозирин. 
– Офарин, офарин!
– Муборак бошад, муборак бошад!  – аз ҳар сӯ  садо меомад. 
Имрӯз Раҳим Раҷабов омӯзгор аст. Ислоҳоти таълим маъмурияти таълимгоҳҳоро водор намуд, ки омӯзгорони соҳибтаҷрибаи нафақагирро боз ба таълиму тарбия ҷалб намояд. Маъмурияти мактаби рақами 30-юм Р. Раҷабовро чун сарвари «Таълими ҳарбии тодаъватӣ» ба кор даъват намуд. Аз ибтидои соли хониши 2018-2019 фаъолияти омӯзгориро аз нав идома дод. Ҳоло ҷавононро сабақи мардонагию диловарӣ ва ватандӯстӣ меомӯзонад. Ба толибилмон аз фанни «Таълими ҳарбии тодаъватӣ» дарс мегузарад.
Барои хуб ба роҳ мондани кори таълиму тарбия аз фанни «Таълими ҳарбии тодаъватӣ» коргоҳи махсус ҷудо карда шудааст. Омӯзгор фаъолияти худро аз ҷиҳозонидани он оғоз намуд. Коргоҳ мутобиқ ба талаботи стандарти таълим ҷиҳозонида шуд. Р. Раҷабов бо шогирдон, ки дар қисмҳои ҳарбии кишвар чун офитсер фаъолият доранд, робита пайдо намуд. Робита бо лейтенанти калон Лоиқ Алимов самараи худро дод. Асбобу анҷоми таълимию тарбиявиро дастрас намуд.
Дар пештоқи коргоҳ баннери байти машҳури Фирдавсӣ гузошта шудааст.
Пароканда лашкар 
наояд ба кор,
Дусад марди ҷангӣ беҳ 
аз сад ҳазор.
Қаҳрамони мо дар деҳаи зебоманзари Эҷ зода шуда, ба камол расидааст. Вай таълими миёнаро дар мактаби рақами 43-юми ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ гирифт.
Падари Раҳим – Алимбобо назди мулло таълим гирифта, баъдан омӯзишгоҳи агрономиро хатм намудааст. Шахси бомаърифат буд. Ба адабиёти мумтоз хуб ошноӣ дошт. Бештар ҳофизхонӣ намуда, ғазалҳои зиёди Ҳофизро аз ёд медонист. Ба замми ин боғбони хуб ҳам буд. Раҳим дар хона аз падар асрори боғдорӣ омӯхт. Фаъолияти боғдории Алимбобо натанҳо дар ноҳия, балки саросари вилоят ва берун аз он шӯҳрат дошт. Имрӯз ин анъанаи падарро Раҳим сарбаландона давом медиҳад. 
Раҳими ҷавонро ба сафи армия даъват намуданд. Он солҳо хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро шараф медонистанд. Вале солҳои 80-ум ноором буд. Раҳим то моҳи ноябри соли 1981 дар Ашқобод курси омодагии ҳарбӣ-ҷангиро гузашт. Аз моҳи ноябри ҳамон сол то моҳи июли соли 1983 хидмати аскариро дар хоки Афғонистон, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ адо намуд.
Алимбобо низ иштирокдори Ҷанги дуюми ҷаҳон буд. Нақлу ҳикоятҳои падар доири амалиёти ҷангӣ ва «имтиҳонот»-и роҳҳои кӯҳистон Раҳимро дар замон ва макони дигар кор дод. Ҷасуриву ҳушёрӣ, зиракиву чолокӣ, ҳисси ифтихори ватандорӣ Раҳимро тавон бахшид. Вале ҷанг ҷанг аст.
– Ман дар ротаи разведка хидмат намудаам, – он солҳоро ба ёд оварда мегӯяд Р. Раҷабов. – Дарёфтем, ки дар як гӯшаи шаҳри Ҳирот маркази омодасозии ҷангиҳо амал мекунад. Бо гурӯҳ рӯ ба рӯ шудем. Ҷанги шадид ба амал омад. Дар ин набард аз дасти рост ва гарданам захм бардоштам. Шукр, зуд шифо ёфта ба иҷрои вазифа баргаштам.То бозгашт ба Ватан дар ҳамин рота хидмат намудам.
Ӯ ба зодгоҳ баргашт. Ба дониш ва ҳунаромӯзӣ, ки шавқи зиёд дошт, аввал курси ронандагиро дар шаҳри Каттақӯғон хатм намуд. Баъдан ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи забон ва адабиёти руси ДДС супорида, онро соли 1990 бомуваффақият хатм намуд.
Фаъолияти омӯзгориро дар таълимгоҳи зодгоҳаш оғоз кард. Дар ин даргоҳи муқаддас чун омӯзгори забон ва адабиёти рус ва таълими ҳарбии тодаъватӣ фаъолият пеш бурд. Байни мардуми деҳа ва ҷамоаи омӯзгорон обрӯву эътибори хосса пайдо кард. Дастпарварони ӯ Лоиқ Алимов ва Ворис Халилов чун сарбозони асил дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сарбаландона хидмат менамоянд. Онҳо натанҳо ифтихори Р. Раҷабов, балки ифтихори деҳа мебошанд.
Фаъолияти пуршарафи Раҷабов аз ҷониби давлат пайваста қадршиносӣ мегардад. Бо фармони раиси Шӯрои Олии СССР бо медали «За отвагу» ва бо қарори ҳукумати Афғонистон бо нишони сарисинагии «Ташаккурномаи халқи афғон» мукофотонида шудааст. Солҳои истиқлолияти ҷумҳурӣ борҳо бо медал ва нишонҳои сарисинагии ҳукумати Ӯзбекистон тақдир карда шудааст.
Соли 2017 Р. Раҷабов барои комёбиҳои соҳаи омӯзгорӣ бо нишони сарисинагии «Аълочии таълими халқ» сарфароз гардонида шуд.
Воқеан, ҳавлии Р. Раҷабов бо чашмаи Мурғобак девордармиён аст. Оби чашма аз мобайни хона ва чорбоғи ӯ мегузарад. Раҳим марди заҳматӣ аст. Чун таъкид ёфт, ӯ анъанаи падарро пос медорад. Дар чорбоғ аз дарахтони себу нок, зардолую бодом, анҷиру анор, пистаю бодом ҳосили фаровон мегирад.
– Давоми сол аз бозор картошкаю пиёз, сабзию шалғам, караму булғорӣ ва баҳору тирамоҳ помидору бодиринг ва дигар меваҳоро намехарам. Онҳо дар ҳамин боғи падарӣ мерӯянд, – мегӯяд Раҳим.    
Вай ифтихор дорад, ки аз кӯҳистон аст. Як байти Лоиқро ба шиори зиндагӣ табдил додааст.
Пои ман бар сангкӯб аз 
хурдӣ одат кардааст,
Гар зи санги роҳ тарсам, 
аз кӯҳистон нестам.

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори
 «Овози тоҷик». 

Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: