ГАРДЕ АЗ «ХАЗИНАИ МЕРОСӢ»

Умри одамӣ ниҳоят кӯтоҳу зудгузар аст.

Дар ин бобат бузургони адабиёт бисёр  панду ҳикматҳои пурарзиш ба мерос гузоштаанд, то мо қадршиноси ҳар як соату рӯзи умри худ бошем. Ҳикмати «кори имрӯзаро ба фардо нагузор» низ ба ҳамин маънист.
Мутаассифона, на ҳама коре, ки ба нақша мегирем, дар вақташ ба анҷом мерасад.
...Рӯзу моҳу солҳо пайи ҳам барқосо гузаштанду инак, банда ба ҳаштумин даҳсолаи  умри худ рӯ ба рӯ мешавам. Худро баъзан чун беди лаби ҷар  танҳо мебинам. Ҳама рӯз ёди ёру диёр мекунам, дил ба фарёд меояд. 
Дар навори хотирот осмони наврасиамро пурабру субҳи ҷавониамро субҳи козиб мебинам. Чунки, соли 1947, ҳамон рӯзе, ки пули советӣ нав шуда буд, бе қиблагоҳ мондаам, ки се ё чаҳорсола будам...
Назар ба нақли модар (ва  мушоҳидаҳои айнӣ)  баъди инқилоб  ибодат нораво, хондану нигаҳдории «китобҳои кӯҳна» гуноҳу муҷиби сахттарин ҷазо буд. Аз ин боис падари бузургвор бисёр китобҳои худро дар қабристон «дафн», баъзе аз онҳоро дар тобдони хонаву зери охури оғилхона пинҳон кардаанд. 
Пӯшида нест, ки дар замони советӣ сиёсат сахт буд. Таъсири ҳамон мошини тарғиботӣ буд, ки ҳангоми вафоти Сталин (1953), дар митинги мотам ман ҳам гириста будам, ки: «бе доҳии замон рӯзамон чӣ мешавад?» Ҳол он ки аз ҷумлаи ҷабрдидаҳои он сиёсат будам.
Ёдам ҳаст, ки худораҳматии модарам чанд китоби арабихати қадимаро, ки баъди вайрон шудани оғил  ёфтааст, ба ман дода «ин мерос аз падарат» гуфта буд.
Баъди хатми донишгоҳ (1969) барои кор ба идораи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳозира «Овози тоҷик») омадам, сипас ҳамчун тарҷумон ба Афғонистон (1971) рафтам. Дар замони ҳукумати Зоҳиршоҳу Муҳаммад Довуд ва Бабрак Кормал онҷо кор кардам. Дар ин миён ду пайванди дилу дидаи ман, ки яке модари мушфиқу дигар ҳамсари меҳрубонам буданд, аз олам гузаштанд. Аз ин боис дилбастагиам ба зодгоҳ кам шуд. Ҳамон китобҳои меросӣ ҳам аз ёд рафтанд.
Аз ходимони сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон шунидам, ки муддати иқомати бе виза дар Тоҷикистон, ба ҷойи се даҳ рӯз шудааст. Ин хабари хуш маро водор кард, ки ба сафар бароям. Он рӯз гармии ҳаво дар Гулистон 42 дараҷа буд. Вақте ба Истаравшан расидам, мешунидам, ки мардум аз гармӣ шикоят доранд. Вале  гармии тоқатшикани ватан бароям ҷонбахш метофт. Дар хона ба тагурӯ кардани ҳамон китобҳое пардохтам, ки соли 1985 чун мероси падарӣ аз дасти модарам гирифта, дар сандуқ ҷой карда будам, то баъди бозгашт аз сафари Афғонистон  мутолиа кунам.
Дар  байни «хазинаи меросӣ» чанд рисола, баёзи комил, дастнависҳои қадима, инчунин як ҷилд «Девони Амирӣ» буд, ки соли 1305 ҳиҷрӣ (1898 милодӣ) дар Тошканд чоп шудааст. Муқаддимаи девон (7 саҳифа) ӯзбекӣ бошад ҳам, ашъори тоҷикию ӯзбекии муаллифро дар бар гирифтааст. Ҷиҳати дигари ҷолиби девони Амир Умархони қӯқандӣ он аст, ки ҳам дар муқаддима ва ҳам дар шеъру ғазалиёти ӯзбекии шоир Амирӣ бо ифодаю ибораҳои рехтаи тоҷикӣ матнҳоро мисли марворид сайқал бахшидаанд. Бо услуби «ширу шакар» ба табъ расидани девони мазкур низ аҳамияти хоса дорад.
Ба туфайли ин анъанаи «ширу шакар», ки баъди Алишери Навоӣ то давраи инқилоб, дар ҳавзаҳои  адабии на фақат Бухоро, балки дар доираҳои адабии давлатдориҳои Қӯқанду Хоразм низ ривоҷ дошт, корбасти ибораю ифодаҳои тоҷикӣ-форсӣ мудом барҷо буд. Дар кутуби ба ӯзбекӣ тарҷумашуда лакнате ба чашм намерасид. Барои мисол калимаи «ташриф» дар матнҳо дар мавриди сафари шоҳон, руҷҷолону бузургворон истифода мешуд. Ҳоло бошад, ин вожаи табаррук дар забон ва адабиёти ӯзбек то ҳадде бе қадру камнур шудааст, ки  хабарнигор, ҳатто омадани худро ба ҳузури вазир ё сафир «ташриф» мехонад. Ба дараҷае, ки одами бадмаст ё ҷиноятгари маҳбас ҳам «ташриф» ба ҷо меоварад. 
Сабаби ин ҳол дур шудани қаламкашон аз мутолиа ва омӯзиши адабиёти мумтоз аст. Даҳҳо китоби  аз форсӣ ба ӯзбекӣ тарҷумашудаи пешинаро метавон мисол овард, ки дар онҳо ибораю ифодаҳои форсӣ-тоҷикӣ мисли марворид матнҳои назмию насриро ҷило бахшида, мазмуни тоҷикиро ба ӯзбекӣ дуруст ва фаҳмо ифода кардаанд. Дар «Девони Амирӣ» ҳам чунин ифодаҳои тоҷикӣ бисёр вомехӯранд. Имрӯз-чӣ? Имрӯз кор ба ҷое расидааст, ки мураттиби китоб, «мунаққид»-и адабиёт метавонад ба мутарҷимаи асари тоҷикӣ хилъати муаллифӣ бипӯшонад ва ибораи маъмули «Чаҳор ёри Мустафо»-ро дар шакли «тӯртёр муставфий» тарҷума кунад. (Ин ишора ба китоби «Темурнома»-и Ҳотифист, ки бидуни ислоҳ се бор 200 ҳазор  нусхагӣ чоп шуда ба табдили номи модари Амир Темур – Нигина ба «Тегина» сабаб гардидааст. Ҷавобан ба тақризе, ки дар як саҳифаи рӯзномаи «Ҳуррият» бо сарлавҳаи «Амир Темур неча хондан фотиҳа олган?» чоп карда будам,  мураттиби ҳамон китоб (проф. П.Равшанов) маро ба «эронипарастӣ» «муттаҳам» карда буд. Баъди солҳо, дар як вохӯрӣ, аз ман узр хоста, иқрор ҳам шуд, ки вай шарқшинос нест, аз адабиёти классикии форсӣ баҳра нагирифтааст).
Ба ин ваҷҳ, савоб мешавад, агар гӯем, ки тиррешаи адабиёт, алалхусус адабиёти ӯзбек аз адабиёти классикии тоҷикии форсӣ об мехурад. Сабаби асосии ба «Девон»-и амир Умархон рӯ овардани мо низ ҳамин аст, зеро нафақат аҳолии  Мовароуннаҳру Хуросон, балки шоҳон ва умарои минтақа ҳам нисбати адабиёти форсӣ садоқату самимият доштанд. Ба тасдиқи ин фикр чун рамзи «як халқи ба ду забон сухангӯ» ғазале аз ғазалҳои Амирӣ пешкаш мешавад:

Ман надорам сабр, 
он нозофарин дорад ҷафо,
То куҷо оид шавад, 
ё раб маро ин муддао.

Наргисат аз ноз хуни 
бегуноҳон рехта,
Ғамзаат дил мерабояд аз мани 
бе дасту по.

То куҷо фарёду афғонам
 ба гӯши ӯ расад, 
Ӯ сипеҳру ман замин, 
ӯ подшоҳу ман гадо.

Баски аз халқи ҷаҳон вазъи 
мурувват рафтааст,
Бар сари ман захми шамшер 
аст дасти ошно.

Нақши хоки пойи ӯ ҳар ҷо, 
ки пеш ояд маро,
Гирам аз шавқу ба чашми хеш 
созам тӯтиё. 

Қомати хамгашта дорам аз 
ғами сарви қадат,
Кош ин афтодаро бардорад он 
ҷойи асо.

Муддате шуд орзуи сарви 
нозат мекашам,
Як замоне бигзар аз нозу 
ба сӯйи мо биё.

Кай расад аҷзи ниёзи мо ба 
базми нози ӯ,
Хаймаи Лайлӣ баланду дасти 
Маҷнун норасо.

Интизори мақдамат аз чашму 
дил дорам Амир,
К-ин ду манзар ҳар ду ҷойи 
туст, эй бадруддуҷо.

Маъруф ОТАХОНЗОДА, 
Журналисти хизматнишондодаи Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: