ГАРМХОНА МАНБАИ ДАРОМАДИ ИЛОВАГӢ

Дар кишварамон барои гармхонаҳои муҷаз, ки манбаи даромади иловагиянд, талабот меафзояд.

Дар кишварамон барои гармхонаҳои муҷаз, ки манбаи даромади иловагиянд, талабот меафзояд.
 Дар ҷамъомади видеоселекторӣ, ки 23 марти соли 2018 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба афзун гардондани натиҷадории корҳо бино ба амиқсозии ислоҳот ва рушди хоҷагии деҳот бахшида шуда буд, талаб гузошта шуд, ки тавассути босамар истифода бурдан аз гармхонаҳо соле 2-3 маротиба ҳосил рӯёнда шавад.
Мувофиқи супориши мазкур , дар соли 2021 дар соросари кишвар дар беш аз 88,9 ҳазор хонавода (дар 52 ҳазор хонавода дар шакли намунавӣ ва дар 37 ҳазор хонавода аз ашъёи хоми маҳаллӣ) сохтани гармхонаҳои муҷаз дар масоҳати 1175 гектар майдон пешбинӣ шудааст.
Аз рӯйи маълумоти аз маҳалҳо гирифташуда, то 1 октябри соли 2021 дар 71 ҳазор хонавода (44,2 ҳазор хонавода ба тарзи намунавӣ ва 26,7 хонавода аз ашъёи хоми маҳаллӣ) гармхонаҳои муҷаз дар масоҳати умумии 947 гектар майдон барпо карда шуданд.  
Аз ҷумла: дар вилояти Хоразм 11,2 ҳазор,  дар Андиҷон 8,7 ҳазор, дар шаҳри Тошканд 7,5 ҳазор, дар Бухоро 7,4 ҳазор, дар Қашқадарё 6,5 ҳазор, дар Самарқанд 5,7 ҳазор, Намангон 5,2 ҳазор, Сурхондарё 4,8 ҳазор, Фарғона 4,2 ҳазор, дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон 4 ҳазор, дар вилояти Ҷиззах 3,1 ҳазор, дар Навоӣ 1,8 ҳазор ва дар вилояти Сирдарё 927 гармхонаҳо дар хонаводаҳо ташкил карда шуданд.
Ҳамзамон, бино ба ҳалли пайгиронаи мушкилоти занон ва духтарон, нақшаи кор оид ба дастгирии иҷтимоии онҳо ташкил карда шуда, барои таъмини шуғли бонувони ба «Дафтари занон» дохилшуда як қатор чораҳо андешида шуданд.
Аз ҷумла, бино ба хоҳиши занону духтарон тавассути бунёди гармхонаҳои хурд, дар марҳилаи якум 4431 нафар, дар марҳилаи дуюм 1459 нафар занону духтарон бо шуғл фаро гирифта шуданд.

М. ТИЛОВОВ, 
мутахассиси Шӯрои хоҷагиҳои фермерӣ, 
деҳқонӣ ва соҳибони заминҳои наздиҳавлигии Ӯзбекистон.         

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: