ГАРМХОНА ВА ЗАНБӮРИ АСАЛ

Дар ноҳияи Хонқа аз тарафи корхонаи «Gardens Khorezm» маҷмӯи гармхонае, ки имкони дар як сол гирифтани се маротиба ҳосилро дорад, барпо мешавад.

Дар асоси лоиҳае, ки дар давоми ташрифи Президент ба вилояти Хоразм моҳи ноябри соли гузашта тасдиқ гардида буд, сохтмони корхонае, ки 6 гектар майдонро ташкил медиҳад, бо суръат давом мекунад.
Дар асоси лоиҳаи арзиши умумиаш 16,9 миллион евро аз тарафи бонки маҳаллӣ ба ҳисоби маблағи 12,9 миллион евро, ки аз хати воми муассисаи молиявии Олмон ҷудо гардидааст, маҷмӯи гармхонаи замонавии Ҳуланд насб гардид.
Дар гармхонае, ки дар асоси технологияи пешқадам ва инноватсионӣ барпо мегардад, гардолудшавии растаниҳо бо роҳи табиӣ – бо истифодаи занбӯри асал бурда мешавад. Гармхонаи замонавии «Gardens Kho-rezm» дар арафаи оғози кор мебошад.

ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: