ГАВҲАРИ БЕБАҲОИ ХАЗИНАИ МУШТАРАК

Халқҳои ӯзбеку тоҷик, ки чун ду чашму абрӯ ба ҳамдигар пайванд буда, фарҳангу ҳунар ва маданияту санъаташон ҳамсони торҳои ҷуфти дутор ҳамоҳанг мебошанд, асрҳои аср аз сарчашмаҳои муштараки маънавияти азалӣ баробар ва бародарвор баҳра мебаранд.

Намояндагони беназири адабиёти ин ду халқ ҳамчун устоду шогирд дар баробари ганҷинаи миллии худ ба махзани тамаддуни ҷаҳон низ дурру гавҳарҳои бебаҳо эҳдо кардаанд. Фаъолияти адабиву илмӣ ва ҳамҷиҳативу ҳамқаламии Абдураҳмони Ҷомии бузург ва Алишери Навоии беназир барои аҳли илму адаб намунаи ибрати абадӣ аст.
Ҳар ду халқу миллат баъд аз дарёфти истиқлолияти хеш ин анъанаҳои неку муборакро эҳтиёт кардаву идома дода, бо нирӯи нав, бо ҳусну ҷилои тоза давом медиҳанд, онҳоро ғанӣ мегардонанд. Ин ба қалбҳоямон сурур ва ба дилҳоямон ғурур мебахшад. Сир нест, ки ин ҳамкориву ҳамдӯстӣ ва ҳамнафасиву ҳамқаламӣ, бахусус дар ду-се соли охир ба нуқтаҳои авҷи худ расид. Дар ин бобат метавон бисёр мисолҳои равшану дурахшони амалӣ овард. Ҳамҷиҳатона омӯхтани мероси  бемисли алломаву мутафаккирони бузург, ба ҳаётамон, ба шуури насли кунунӣ расондани он, бешубҳа, аз ҷумлаи амалҳои бағоят зебову дорои аҳамияти воло ба шумор меравад.
Аз ин нуқтаи назар, агар гӯем, ки ба забони тоҷикӣ тарҷума ва ба нашр расидани асари бебаҳои Мавлоно Алишери Навоӣ – «Назм-ул-ҷавоҳир» дар ҳаёти маънавии ҳар ду халқу кишвар воқеаи оламшумул гардид, муболиға намешавад. Зеро аз адабиёти классикии якдигар, намунаҳои беҳтарини онҳо мунтазам ва алалдавом баҳравар гардидан ба пешрафти маданиву фарҳангии ҳар ду халқ шиддату шуҷоат мебахшад.
Пайдост, ки Алишери Навоӣ устоди беназиру бузург буда, ба забонҳои туркиву форсӣ яксон ва бо фасоҳату маҳорати бемисл эҷод кардааст. Гавҳарҳои поки назмии ин ҳазрат, ки бо тахаллуси Фонӣ ба забони форсии тоҷикӣ офаридааст, ба мулки бебаҳои халқи тоҷик табдил ёфтаанд.
Вале «Назм-ул-ҷавоҳир», ки ба забони туркӣ офарида шуда, он тарҷумаи шеърии 266 ҳадис аз Ҳазрат Алӣ (а) аст, ки дар посух ба номаи Султон Ҳусайн Бойқаро ва ба унвони ҳадя ба вай тақдим доштааст, ки гӯё тӯли асрҳо талқини тоҷикии худро интизор буд, навгонии хушоянд аст. Чунин рӯзҳои деринтизор фаро расиданд, ки хушбахтӣ ва сазовори муборакбодист.
Бешубҳа, рӯ овардан ба қуллаҳои баланди назм, ба «панҷаи бузургон панҷа задан» кори саҳлу осон нест.
Ба азму ҷазм, ҳиммату ғайрати  шоири соҳибистеъдод, тарҷумони тавоно Паймон, олимаи нуктадон, шодравон Суйима Ғаниева, журналист Тоҷибой Икромов, муҳаққиқи нуктафаҳми эронӣ Баҳман Акбарӣ, ки ба чунин кори пурмасъулияту бомашаққат даст задаанд, ҳар қадар таҳсину офарин гӯем, месазад.
Баробари ин фарз ва қарзи мост, ки ба бунёди «Эҷод»-и Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон, ки барои нашр шудани ин хазинаи ҳикматҳо ташаббус ва ҳиммати бевосита зоҳир кардааст, ба муҳаррири масъули он, номзади илмҳои филологӣ Дилнавоз Юсупова эҳтирому ташаккур изҳор дорем.
Зиёда хурсандиовар аст, ки асари мазкур ба забони тоҷикӣ бо тамоми бузургӣ, салобату ҳашамат, назокату латофат ва мазмуну муҳтавои пуррааш падидор мегардад. Донишмандон, олиму эҷодкороне, ки ҳар ду забонро мукаммал медонанд, ин хусусияти асарро барҳақ эътироф мекунанд ва махсус таъкид менамоянд. Зеро ин кор наметавонист дигаргуна ҳаллу фасл шавад. Аз азал натиҷаи корҳои хайре, ки ба қаробати дилҳо, муштаракоти орзуву ниятҳо такя мекунанд, ҳамеша бахайр ва бомуваффақият будааст.
Агар ба тарзи мухтасар гӯем, китоби номбурда нафақат барои ду халқу миллати ҳамҷавору дӯст, балки умуман барои хонандагони ӯзбекзабону туркигӯ ва тоҷикӣ-форсии кишварҳои Шарқ туҳфаи арзандае гардид. Ба онҳое, ки «Назм-ул-ҷавоҳир»-ро хатм карда, аз ҳикматҳои ғановатманди Ҳазрати Алӣ дар талқини назмии он баҳра бардоштаанд, ҳасанот бод.

Ҳабиб ТЕМИРОВ,
узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: