Тавре ки аз таърихи қадимаи халқамон медонем, шоҳномасароӣ бори нахуст дар Бухоро аз тарафи шоири дарбори Сомониён Дақиқӣ оғоз меёбад.
Вақте ки ду ҳазор байти он иншо шуд, рақибони Дақиқӣ бо дасти хидматкораш ӯро аз баӣн мебаранд. Он гоҳ мушкилие пайдо шуд, ки акнун чӣ бояд кард? Азбаски Рӯдакии бузург пир шуда буд, кофтукови чунин шоире оғоз шуд, ки бо услуби Дақиқӣ «Шоҳнома»-нависиро бояд идома диҳад.
Ва дараки он шоири тавоно аз вилояти Тӯси Эронзамин баромад. Дарҳол Абулқосими Фирдавсӣ ба Бухоро даъват карда шуд. Фирдавсӣ ба ин шаҳр омада, як сол зиндагӣ кард ва тамоми нусхаҳои насрии «Шоҳнома»-ро бо худ гирифта, ба зодгоҳ баргашт.
Шоири бузург, қасидасаройи тавоно дар бадали сӣ соли расо тамоми қиссаи ҳукмдорони Аҷамзамин, ки аз қадим то аз тарафи арабҳо истило гаридидани ин сарзамин ҳукмронӣ кардаанд, ба қалам гирифааст.
Бо ин фидокориаш Фирдавсӣ ҳам ба худ аз сухан ҳайкали ҷовидона гузошту ҳам номи сулолаи пешинаи шоҳонро умри дубора бахшид.
Саволе ба миён меояд: чаро сулолаи Сомониён, ки дар Хуросон ҳукмронӣ кардаанд, ба назм даровардани достони бисёрасраи шоҳони қадимро харидор шуданд?
Ин фикри худи мо, яъне гуфтанӣ ҳастем, ки яке аз қаҳрамонҳои достони «Баҳроми Чӯбина» Баҳром бобокалони Сомониён буд. Баъди Рустами Достон ин абармард бо дувоздаҳ ҳазор лашкар қӯшуни садҳазорнафараи хоқони Чинро мағлуб сохта, худи хоқонро асир гирифта буд.
Дуюм фарзияи мо чунин аст, ки шоҳ Исмоили Сомонӣ «Барои ҳимояи мардуми Бухоро ман девор мешавам» — гӯён аз наберагони Йофас — Абӯтурк лашкари зархарид созмон дода, амнияти салтанати Бухороро таъмин карда буд. Он рӯзгор бошад, қувваи туркони зархарид афзуда, онҳо даъвои «тоҷикон ва авлодони онҳо давлати мустақили худро надоштанд»-ро бештар ба майдон мегузоштанд. Мардуми тоҷик, ки таърихи дуру дароз доштанд, дар ин давра пояи тамаддуни инсониятро низ асосгузорӣ бинмуда буданд. Таърихи солномаҳои шоҳигарии сулолаҳо ҷавобе буд ба ин даъвоҳо.
Баъди салтанати Сомониён зиёда аз ҳазор сол агарчанде салтанат аз туркон буд, вале забони давлатӣ тоҷикӣ буд.
Ин сабаби хуш пазируфта нашудани баёни назмии ин достон аз тарафи султони турк, инчунин, боиси ҳаҷви шоир гардид...
Ва ин боис буд, ки мардуми Бухоро нисбати шоҳ Исмоили Сомонӣ дар дил меҳри хоссае дошта бошанд. Бинед, садсолаҳо сипарӣ гашт баъди салтанати Сомониён... Вақте ки муғулҳо тараддуди истилои Бухороро доштанд, пеш аз ҳуҷум барои он ки аз назари ин галаҳо сар дар амон бошад, мардуми Бухоро бо рег мақбараи Сомониёнро рӯпӯш намуданд. Ва ин осори қадима то солҳои 30-юми асри бист зери рег монд. Тасодуфан чӯпонбачае ҳангоми чаронидани гӯсфандон ба мағзи замин ҷорӣ шудани реги равонро дида, гунбази ин мақбараро дарёфт мекунад.
Алимурод ТЕМИРОВ,
Вилояти БУХОРО.