ГАЗВОР: АЗ КАЛОБА ТО ЛИБОСИ ТАЙЁР

  • ГАЗВОР: АЗ КАЛОБА ТО ЛИБОСИ ТАЙЁР
  • ГАЗВОР: АЗ КАЛОБА ТО ЛИБОСИ ТАЙЁР

Дар намоишгоҳи байналхалқии шашум, ки таҳти номи «Саноати бофандагӣ ва индустрияи замонавӣ – UzTextile Expo Весна – 2023» бо ташаббуси «ItecaExhibitions» ва дастгирии Вазорати инвеститсия, саноат ва савдои Ӯзбекистон, Ассотсиатсияи «Узтекстилпром» ва Палатаи савдою саноат дар «Ӯзэкспомарказ» баргузор шуд, беш аз 160 фирма, маҷмӯъҳои истеҳсолии минтақаҳои кишвари мо ва кишварҳои дуру наздик ширкат ҷустанд.

Корхонаҳои бофандагии Ӯзбекистон соли 2021 ба сифати бенефисиари барномаи имтиёзоти GSP+ ба мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо содироти худро меафзояд. 
Дар намоишгоҳ корхонаҳо бори дигар коркард ва технологияи пешқадами худ, молҳои муҳими истеҳсолоти либосвориро намоиш дод. Бисёр кластерҳоли пахтаву бофандагӣ, фабрикаҳои дӯзандагиву кешбофӣ, тавлидгарони мошинҳои дарздӯзӣ ва таҷҳизоти дигар бо корхонаҳои оилавӣ дар намоишгоҳ дар якҷоягӣ ҷой гирифтаанд.
Бояд таъкид намуд, ки саноати бофандагию дӯзандагӣ яке аз соҳаҳои рушдёфтаистодаи Ӯзбекистон маҳсуб меёбад. Ин маҳсулот натанҳо бозори дохилӣ, балки бозори хориҷиро низ таъмин карда истодааст. Ӯзбекистон имсол ҳаҷми содиротро то ба панҷ миллиард доллар зиёд карданист. Ҳамчунин дар ин росто татбиқи беш аз 76 лоиҳаи нав, ба вуҷуд овардани 26 ҳазор ҷойи нави корӣ дар мадди назар аст. Дар намоишгоҳ ҳамаи дастовардҳои кишвари мо – шурӯъ аз калоба то либоси тайёр ба маъраз гузошта шуда буд.
Павилони Олмон маҳсулот ва технологияи даҳ фирмаро дар бар дошт. Дар намоишгоҳ вилояти Тошкандро ҶММ «OsbornTextile»-и ноҳияи Бӯстонлиқ муаррифӣ намуд.
– Корхонаи мо 15 сол боз фаъолият дорад, мо бо дастгоҳҳои замонавитарин панҷоҳ намуди калобаро истеҳсол менамоем, – гуфт директори ҶММ «OsbornTextile» Равшан Норматов. – Талаб ба маҳсулоти корхона зиёд аст.
Маҳсулоти ширкату корхонаҳои дар бозори газвор ҷойгоҳи худро дорад, ҷуғрофия содироти он сол аз сол тавсия меёбад.

Аксбардорон:  
О. ПАРДАЕВ (ӮзА), Рашид ГАЛИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: