Генерал Лионг Кионг президенти нави Ветнам интихоб шуд

Генерал Лионг Кионг президенти нави Ветнам интихоб шуд. Қарори мазкур аз ҷониби Ассамблеяи миллӣ (парламенти мамлакат) қабул гардид.

Маълум аст, ки рӯзи душанбе сессияи навбатии парлумони Ветнам оғоз ёфт. Ҷамъомади мақомоти қонунгузорӣ аз ҷониби Агентии ахбори Ветнам намоиш дода шуд.

Собиқ президенти Ветнам То Лам дабири кулли нави Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти кишвар шуд ва ба ин муносибат мақоми президентиро тарк кард, хабар медиҳад rg.ru.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: