Мақолаи М.Шодиев бо номи “Бозгашти генерал ба “Боғи ғалаба” («Овози тоҷик», 4 сентябри соли 2019)-ро хонда ба чашмонам ашк ҳалқа зад.
Аз он сабаб, ки додараки аз кӯдакиаш ба воя расонидаи модарам, дар синни 18 ба фронт меравад. Пас аз як сол хати сиёҳ меояд, наздикон ин хатро аз модарам пинҳон медоранд. Модарам то охири умраш аз омадани додараш Бақохон интизорӣ кашид. Ҳар замон баромада дар истгоҳи автобус соатҳо нишаста роҳи додарашро мепоид, мусофирони аз автобус фуромадаистодаро бо диққат аз назар мегузаронид... Охирон ӯ бо дили пурармон аз олам чашм пӯшид. Ҳазорҳо ин гуна модарон, занон, апаю хоҳарон то охири умр интизорӣ кашиданд. Пас аз хондани мақола, дар пеши назарам як саргузаште падидор гашт.
... Мо дар донишкада, то охири курси 5-ум дар кафедраи ҳарбӣ дарсу машқҳои ҳарбиву ҷангӣ гузаштем. Ба бахтамон устодони дарси ҳарбӣ, ҳама рутбаҳои ҷангии баланди афсарӣ доштанд. Яке аз онҳо ҳатто Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ буд. Дарсҳову машқҳои назариявиро дар донишкада ва машқҳои амалиро дар кӯҳҳои берун аз шаҳр мегузаронидем. Устодони ҳарбӣ ниҳоят сахтгиру меҳрубон буданд. Онҳо истеъдоди баланди дарсҳову машқҳоро нағз фаҳмонидан доштанд ва мавзӯъро дар охири машғулот ба воқеаҳои солҳои ҷанг пайваст мекарданд. Мо аз онҳо бисёр чизҳоро омӯхтем, ки то имрӯз ба кор меояд.
Тобистони соли 1970 барои соҳиб шудан ба рутбаи афсарӣ ду моҳ дар маҳалли Лоҳур машқи ҳарбӣ гузаронидем.
Шабҳо дар чодир хоб мекардем. Аз гармии ҳаво мехостем паҳлӯйи чодирро кушоем, аммо дар атроф морҳо хазида мегаштанд.
Рӯзе дар болои кӯҳ, ротаи мо аз фанни тайёрии тактикӣ машқи мусобиқавӣ гузаронд. Взводи мо дар ин мусобиқа ҷойи аввалро ишғол намуд. Устодамон, подполковник ба ҳамаи мо раҳматнома эълон карду аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид. Баъд аз ҳар кадоми мо бо навбат аз куҷо буданамонро пурсон шуд. Ҳозирон аз кадом ноҳияву вилоят буданашонро баён карданд. Вақте ки навбат ба ман расид, чунин посух додам:
– Ман аз вилояти Самарқанд ҳастам, рафиқ подполковник.
Ӯ ин ҷавобро шунидан ҳамоно ба наздам омаду хурсандона:
– Ооо, земляк легедарного “железного” генерала Сабира Рахимова?– гуфту танаффус эълон кард. Ӯ сигор ба лаб монду нишаст.
– Ман шахси хушбахт будаам, ки дар дивизияи ин генерали бузург ҷангидаам, – нақлашро сар кард ӯ.– Он вақт ман лейтенанти хурд будам ва рутбаи лейтенантиро аз дасти ӯ гирифтаам.
Ӯ истеъдоди баланди лашкаркашӣ дошт. Чи хеле ки медонед, фашистон пас аз зарбаҳои армияи мо ақибнишинӣ мекарданд. Онҳо барои ҳимояи худ ҳазорон истеҳкоми тирногузар, иншооти фортификатсионӣ, қалъаҳои ниҳоят пурқувват месохтанд. Барои забт кардани ин хел истеҳкомҳо хуни бисёре мерехт. Дар ҳамин гуна вазъият генерал Собир Раҳимов истеъдоди баланди тактикӣ дошт ва бо нақшаҳои хирадмандонаи ӯ он истеҳкомҳо бо хунрезии кам забт карда мешуд.
Сарфармондеҳи олӣ, дигар генералҳо ва қариб, ки ҳамагон ӯро “Железний генерал” меномиданд.
Ман аз ин генерали боистеъдод бисёр чизҳоро омӯхтам.
Бо ташаббуси ӯ рӯзҳои ид оши палав ташкил карда мешуд ва ман нахустин бор дар ҳамон ҷо оши палав хӯрда будам. Ӯ марди хеле хоксор буд ва маданияти баланд дошт.
Моҳи марти соли 1945 дивизияи мо бо ҳарбу зарби бетанаффус дар масофаи тахминан 150 километр ҷангкунон ба шаҳри Дантсик наздик шуд. Ин шаҳр пур аз истеҳкомҳои пурзӯртарини фашистон ва забт кардани он хеле мушкил буд. Таҳти фармондеҳии генерал Раҳимов ин шаҳр забт карда шуд ва пас аз ба даст даровардани шаҳр афсӯс, ки генерал ҳалок гардид.
Ӯ академияи ҳарбиро хатм карда буд ва агар ҳалок намешуд, ба рутбаи генерали армия сазовор мешуд...
Пас аз шунидани чунин нақли устодамон ихлосам нисбат ба Собир Раҳимов боз баландтар гардид.
Шукри Худо, ки моҳи майи соли гузашта дуюмбора кушодашавии ботантанаи пайкараи ин ҳамватанамон барпо гардид. Хурсандии ман ҳадду канор надошт ва ба нияти рафта зиёрат кардан афтодам.
Як сол пеш зиёрати пайкара ба ман ва наберагонам муяссар гардид. Рӯзи он ҷо рафтанамон офтобӣ, осмони каб-кабуд, ҳавои форами тирамоҳӣ ҳукмфармо буд. Дар пояи пайкара бо наберагонам сурат гирифтем. Дар ҳамин вақт як роҳгузаре – зани солхӯрдаи тахминан 80-85-сола ба мо наздик шуду ҳамроҳ омин кард. Пас аз салому алейк ӯ ҳасратомез лаб ба сухан кушод:
– Солҳои ҷанг, ман 5-6-сола будам. Падарам дар фронт меҷангиданд. Моён дар тарбияи бибиям будем. Якҷоя бо ӯ аз карнайи радио ахбори информбюроро гӯш мекардем. Борҳо дар бораи қаҳрамонии ин ҳамшаҳри бузургамон Собир Раҳимов мешунидем, фахр мекардем ва имрӯзҳо ҳам мефахрем.
Афсӯс, ки падари бузургворам аз фронт барнагаштанд ва бибиям дар ғами писарашон аз олам барвақт чашм пӯшиданд,– гуфту дар чашми пиразан ашк ҳалқа зад ва суханашро давом дод.
– Шукри Худо, имрӯзҳо пайкараро дар ҷойи чор кас медидагӣ рост карданд. Меҳмон, нигаред, бисёрии роҳгузарон ба пайкара бо ҳурмати баланд нигариста, баъзеашон таъзим мекунанд. Ин фармондеҳ барои наслҳои имрӯзаву ояндаи мо намунаи ибрат аст.
Шодмон АМОНУЛЛОЕВ,
ноҳияи САМАРҚАНД.