ГЕОЛОГИ НОМВАР

Геологи маъруфи кишварамон Иброҳим Ҳамробоев дар кӯҳҳои Помиру Ҳиндукуш, водии Фарғонаву даштҳои Қизилқум корҳои илмиву тадқиқотӣ анҷом додааст.

Геологи маъруфи кишварамон Иброҳим Ҳамробоев дар кӯҳҳои Помиру Ҳиндукуш, водии Фарғонаву даштҳои Қизилқум корҳои илмиву тадқиқотӣ анҷом додааст. Бо саъю кӯшиши ӯ буд, ки Ӯзбекистон бино ба саноати истихроҷи тилло аз байни давлатҳои даҳгона ҷой гирифт.

 

Бахшида ба 100-умин солгарди зодрӯзи публитсист, шоир ва академик Иброҳим Ҳамробоев дар Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишери Навоӣ чорабинии илмиву маърифатӣ баргузор шуд.
Иштирокдорони маҳфил – ҳамкасб ва шогирдони мавсуф таъкид кардаанд, ки ӯ ганҷҳои зери заминро ба манфиати ганҷҳои рӯйизаминӣ – инсонҳо кашф намуд. Ӯ чунон дониши ғанӣ ва таҷрибаи бой дошт, ки бештар аз 10 кони маъдани фоиданокро пешгӯйӣ кард. 
Иброҳим Ҳамробоев зодаи шаҳри Ӯзгани вилояти Ӯши Қирғизистон мебошад. Дар хурдсолӣ аз падар ятим мемонад, талхиҳои зиндагиро чашида ба воя мерасад. Модари танҳо бо маблағи ночизе, ки аз тоқидӯзӣ ба даст меовард, чархи рӯзгорро мегардонд. Баъди хатми мактаби миёна ба факултаи хокшиносӣ, геология ва географияи Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна дохил мешавад. Донишгоҳро бомуваффақият хатм карда, чанд сол дар мавзеи Чорух – Дайрони Тоҷикистон кор мекунад, ки барои заминшиноси оянда таҷрибаву малакаи зиёд дод. 
И. Раҳимбоев бахшида ба илми хок ва заминшиносӣ зиёда аз 400 рисолаи илмӣ навиштааст. Дар 27-солагӣ номзади илм, баъди 10 соли он дараҷаи доктори илмҳои геология ва минералогияро ба даст даровард. Ҳоло дар байни шогирдони ӯ академик, доктор ва номзадҳои илм кам нестанд. Олим тӯли 30 сол роҳбари Донишкадаи геология ва геофизикаи Академияи илмҳои Ӯзбекистон буд.
Иштирокдорони чорабинӣ оиди шуғли дигари дӯстдоштаи ӯ – наққошӣ сухан ба миён оварданд. Иброҳим Ҳамробоев одами серкор буд. Вақтҳои фориғ аз кор ба даст қалам мегирифту ба кашидани манзараҳои зебои табиат мешитофт. Ҳоло самараи меҳнати чандинсолаи олим хонаи эҷодии ӯро ба галерея табдил додааст.  
Иштирокдорони гирдиҳамоӣ пешниҳод намуданд, ки ба яке аз кӯчаҳои пойтахт номи Иброҳим Ҳамробоев гузошта шавад.   
Дар поёни чорабинӣ аҳли оилаи Иброҳим Ҳамробоев ба ташкилотчиёни чорабинӣ – гурӯҳи эҷодии «Мурувват» ва ҳамкасбони олим барои баргузории маҳфили ёдбуд арзи сипос намуданд. 

Набия НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: