ГИПЕРТОНИЯ – БЕМОРИИ ХАВФНОК ВА МАККОР

Гипертония нафақат бемории хатарнок, балки маккор ҳам ҳаст.

Зеро эҳсос карданаш душвор аст. Он аксар маврид тасодуфан, ҳангоми ташхис ва таҳқиқи тиббӣ ошкор мешавад. «Гипертония — қотили хомӯш ва асроромез аст». Соли 1973 гипертонияи артериалиро дар ИМА ҳамин тавр номидаанд.
Фишори баланди артериалӣ – гипертония касро ба бемориҳои вазнин, аз ҷумла ба сактаи мағзи сар (инсулт), сактаи дил (инфаркти миокард), хароб шудани системаи маркази асаб мубтало месозад. Ҳар кадоми онҳо касро ба оқибатҳои ғамангез оварданашон мумкин аст. 
Шиддати тезу тунди ҳаёти имрӯза, экологияи заҳролудшуда, вазъи мураккаби иқтисодӣ, ғами сарнавишти худу пайвандон бисёр маврид, боиси стресс, охируламр баландшавии фишори артериалӣ мешаванд.
Омили асосии пайдошавӣ ва инкишофёбии бемории гипертонияро олимон аз шиддати психологӣ ва рӯҳӣ медонанд.
Гипертония меросӣ ҳам буда метавонад. Дар айни ҳол ба беморӣ дигар омилҳо ҳам сабаб мешаванд. Яке аз онҳо ин вазни барзиёди тан таст. Ғайр аз ин тамокукашӣ, шаробнӯшӣ, асабишавии пайваста ҳам боиси ин беморӣ шуда метавонанд. Дар баъзе одамон фишори артериалӣ зуд-зуд ва бисёр ба амал меояд. Табибон чунин одамонро гиперреактор меноманд. Онҳо ҳама нохушиҳоро ба дил мегиранд, ба ҳама чиз таассур нишон медиҳанд. Бинобар ҳамин ҳам ба гипертония бештар моил мебошанд.
Мубориза бо гипертония – раванди пайваста буда, аз он бо чорабиниҳои муваққатӣ раҳоӣ ёфтан ғайриимкон аст. Бемор бояд ба таври маҷмӯӣ табобат карда шавад. Қабл аз ҳама вазни танро кам кардан лозим. Ғайр аз ин, зарур аст, ки тарзи зиндагӣ ва ратсиони хӯрок тағйир дода шавад. Истеъмоли аз ҳад зиёди хӯроки шӯр, равғани ҳайвон, алкогол мумкин нест. Инчунин, то ҳадди имкон вазъҳои стрессиро кам кардан лозим. Ҳамаи инҳо бояд меъёри зиндагӣ бошанд. Истеъмол кардани меваи турш, хӯрдани хӯрокҳои дорои витамини С айни муддаост. Доруи асосӣ дар табобат ба дараҷаи ниҳоӣ кам кардани истеъмоли намак аст.
Рӯзи кориро тавре ба нақша даровардан лозим, ки шароити машғулшавӣ бо кори ҷисмонӣ ё пас аз нисфирӯз ба сайр баромадан ба ҳавои тоза муҳайё бошад.
Доруҳоро аз гипертония бе танаффус истеъмол бояд кард. Худсарона тарк кардани ин кор мумкин нест, зеро он метавонад сабаби буҳрони гипертония гардад.

Лола ҲАМДАМОВА,
табиб-кардиологи диспансери кардиологии вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: