ГИРДИҲАМОИИ ДӮСТОНА

Дар моддаи 18-уми Қонуни Асосии мо дарҷ ёфтааст, ки тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон сарфи назар аз ҷинс, ирқ, миллат, забон, дин, эътиқод ҳуқуқу озодии якхела дошта, дар назди қонун баробар ҳастанд.

Дар маҷлисгоҳи Кумитаи назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба муносибатҳои байнимиллӣ ва алоқаҳои дӯстона  бо мамлакатҳои хориҷӣ бо ташаббуси Маркази миллӣ-мадании тоҷикони кишвар бахшида ба 26-солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон чорабинӣ баргузор шуд. Дар он аъзоёни раёсат, намояндагон аз маркази миллӣ-мадании миллатҳо, шоиру нависандагон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон иштирок карданд.
Раиси Маркази миллӣ-мадании тоҷикони ҷумҳурӣ Ҷаъфар Холмӯъминов  чорабиниро оғоз намуда, ҳозиронро бо 26-солагии Қонуни Асосиамон табрик намуд.
– Ҳар як шахс шиносномаи худро дорад, шиносномаи давлат ин – Қонуни асосии мо мебошад. Дар он аз ҷумла ҳуқуқу озодии шаҳрвандон, дӯстӣ, якдиллӣ, ҳамҷиҳатии миллатҳо муайян карда шудааст. Баробарии ҳуқуқи миллатҳост, ки мо дар чунин биноҳои замонавӣ гирдиҳам омада ҷашну ид, суҳбату мулоқотҳоямонро бо забони модарии худ баргузор менамоем,– гуфт дар баромади худ шоир Бобур Бобомурод.
Дар поёни чорабинӣ донишҷӯён аз ашъори шоирон доир ба Ватан, модар, истиқлолият, сулҳу дӯстӣ шеърҳо қироат намуданд.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: