ГИРДИҲАМОӢ ҲИССИ БОВАРИИ ТАРАФАЙНРО БОЗ ҲАМ МУСТАҲКАМ НАМУД

Ҷамъомади Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ – Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, инчунин давлатҳои нозир – Белорус, Муғулистон, Эрон, ба сифати меҳмон – Туркия, Озарбойҷон, Туркманистон, Арманистон, СММ ва дигар ташкилотҳои байналхалқӣ, ки бо раисии Ӯзбекистон дар Самарқанд баргузор шуд, баҳри мустаҳкам намудани пойгоҳи ҳуқуқии ҳалли масъалаҳои байналхалқии сиёсию иқтисодӣ хидмат мекунад.

Фикри некхоҳонаи роҳбари давлатамон: “Ҳар яки мо ҳар қадар тавоно ва неруманд бошем, ташкилоти ҳамкории мо ҳамон қадар мустаҳкам мегардад”-ро иштирокдорони ҷамъомад якдилона ҷонибдорӣ намуданд. 
Дар ҷараёни ҳамоиши байналхалқӣ зиёда аз 40 ҳуҷҷати давлатҳои аъзои СҲШ қабул карда шуд. Байни давлатҳои аъзои созмон доир ба барпо намудани роҳҳои нақлиётӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, ҷорӣ намудани таклифҳои агротехникӣ, истифода аз технологияи истеҳсолот, манбаъҳои азнавкоркарди энергия, рушди инфрасохтор, саноат, рушди барномаҳои ҳамкорӣ дар самти саводхонии рақамӣ, инчунин, ташаккули савдои миёни минтақаҳо, доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи тиб, пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои гузаранда тартиб додани “харитаи роҳ” меморандум ва ҳуҷҷатҳои дахлдор ба имзо расиданд. 
Ҳуҷҷатҳо бевосита ба тадбиқи нақшаи ҳамаҷонибаи чорабиниҳои кишварҳои аъзои СҲШ барои солҳои 2023-2027  бобати некҳамсоягии бардавом, дӯстӣ ва ҳамкорӣ хидмат мекунад. Яке аз воқеаҳои муҳими ҳамоиш он буд, ки ҷониби Эрон ба меморандум доир ба гирифтани мақоми аъзо ба СҲШ имзо гузошт. Тавсеаи пешбинишудаи созмон тавассути имзои меморандумҳо бобати додани мақоми шарикӣ дар гуфтугӯ бо Миср, Арабистони Саудӣ ва Қатар сурат гирифт. 
Ғайр аз ин, миёни СҲШ ва як қатор созмонҳои байналхалқӣ алоқаҳои расмӣ муқаррар карда шуданд. Инчунин, баҳри рушди иқтисодиёти минтақа оид ба лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Ӯзбекистон – Қирғизистон – Хитой шартномаи ҳамкории сеҷониба ба имзо расид. Ин созишнома барои мустаҳкам ва ташаккули алоқаҳои нақлиёти Осиёи Марказӣ аҳамияти стратегиро касб менамояд.
Хулоса, қабули беш аз 40 ҳуҷҷате, ки дар рафти ҳамоиши СҲШ ба амал омад, самтҳои нави ҳамкориро дар ҳамаи соҳаҳо муайян намуд. Он мустақиман ба ҳамкорӣ ва ҳамбастагии давлатҳои аъзои СҲШ ба сӯйи ҳадафҳои умумӣ, ҳалли масъалаҳои муҳими стратегӣ, аз қабили нақлиёт, алоқа, энергетика, озуқаворӣ, амнияти экологӣ, трансформатсияи рақамӣ ва иқтисодиёти “сабз” хидмат мекунад.
Бешубҳа, Ӯзбекистон ба макони муассир табдил ёфтааст, ки кишварҳои дорои дидгоҳҳо ва манфиатҳои геосиёсии мухталиф барои ҳалли мушкилоти байнидавлатӣ, байниминтақавӣ ва глобалӣ ҷамъ меоянд. Гуфтан мумкин аст, ки шакли нави муколама дар таҳкими эътимод дар ҳама соҳаҳо, амиқтар кардани ҳамдигарфаҳмии байни гурӯҳҳои иҷтимоӣ, фарҳанг ва тамаддунҳои гуногун, рафъи таҳдидҳо ба сулҳу амният ва ҳифзи ҳуқуқи инсон саҳми муҳим мегузорад.

Таваккал ЧОРИЕВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: