ГИРОМИДОШТИ АЛЛОМА

Мардуми Самарқанд хотири дурахшони Устод Садриддин Айниро ҳамеша бо эҳтирому арҷгузорӣ пос медоранд.

Ба муносибати 145-солагии Устод Айнӣ натанҳо дар мактабҳои таҳсилоташ миёнаи тоҷикӣ, инчунин  дар Хона-музейи устод анҷумани хотирнишон ба вуқуъ пайваст. 

Қабл аз тадбир вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Муҳриддин ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар доираи сафари расмӣ ба шаҳри Самарқанд ба осорхонаи Устод Айнӣ ташриф оварда, бо корҳои ибратбахши таъмири хушсифати он шинос шуданд.
Сарвари осорхона Амриддин Пӯлодӣ  ба меҳмонони олиқадр роҷеъ ба экспонатҳои музей маълумот  дод.
Меҳмонон дар Китоби хотирот андешаҳои хешро навиштанд.
Дар тадбир бахшида ба ҳаёт ва фаолияти эҷодии Устод Айнӣ профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Садрӣ Саъдиев, адабиётшинос Ҷумъа Ҳамроҳ, нависанда Адаш Истад ва дигарон баромад карданд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: