Гиромидошти хотираи Президенти Нахустин

  • Гиромидошти хотираи Президенти Нахустин

30 январ, шаҳри Тошканд. Аз рӯи анъана, дар ин рӯз аҳли ҷомеа дар маҷмааи илмию маърифатии ба номи Ислом Каримов ҷамъ омаданд.

Ба маҷмаа Президент Шавкат Мирзиёев ташриф овард. Вай ба пояи муҷассамаи Ислом Каримов гулдаста гузошт.

Инчунин, хотираи Нахустин Президентро намояндагони палатаҳои Олий Маҷлис, Маъмурияти Президент ва ҳукумат, арбобони илм ва фарҳанг, зиёиён гиромӣ доштанд.  

Гиромӣ доштани хотираи фарзандони фидокори халқ, арҷ гузоштан ба корҳои неки онҳо арзишҳои миллии мост. Онҳо барои наслҳои оянда ибрату раҳнамо мебошанд.

Маросими имрӯза таҷассуми чунин эҳтироми баланд гардид. Ояте аз Қуръони Карим тиловат карда, дуо хонда шуд. Хидматҳои Нахустин Президент баҳри манфиатҳои халқамон, хислатҳои олиҷаноби инсонии ӯ ба ёд оварда шуд.  

Сарвари давлат бо рафти корҳо оид ба бунёди осорхонаи Ислом Каримов дар маҷмаа шинос шуд.

Маросими гулгузорӣ ба пояи ёдгории Ислом Каримов инчунин дар шаҳрҳои Самарқанд ва Қаршӣ баргузор гардид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: