ГИРОМИДОШТИ ИШТИРОКДОРОНИ ҶАНГ

Аз ҳоли солхӯрдагон хабар гирифтан ва аз мушкилиҳои рӯзгори онҳо воқиф гардидан барои ҳар як роҳбар бояд кори рӯзмарра бошад.

Аз ҳоли солхӯрдагон хабар гирифтан ва аз мушкилиҳои рӯзгори онҳо воқиф гардидан барои ҳар як роҳбар бояд кори рӯзмарра бошад.
Ба наздикӣ раиси Шӯрои ҷамоатии назди Вазорати мудофиа Иқбол Мирзо ба ифтихори 75-солагии Ғалаба бар фашизми Олмон ба хонадони сокини шаҳри Ҷиззах, иштирокдори Ҷанги дуюми ҷаҳон Мустафо Умаров ва истиқоматкунандаи маҳаллаи Қӯшбармоқи ноҳияи Шароф Рашидов Мамашариф Сиддиқов ташриф оварда, барои ҷасорату корнамоиҳои ин ду тан ҷанговар дар майдонҳои ҳарб миннатдорӣ изҳор намуд.
— Бо амри дил фарзандони диёр Ватан, қалъаву истеҳкомҳои онро мардонавор ҳифз намудаанд. Дар ин роҳ шумо барин ҷанговарон ба ҷавонон намунаи ибрат гаштаед, – гуфт Иқбол Мирзо.
Ҳамчунин кормандони садорати корҳои мудофиаи вилоят ва шуъбаҳои ноҳиявии он, хидматчиёни округи ҳарбии марказӣ аз ҳоли сокини ноҳияи Зомин Пирназар Аҳмедов, ки синнаш ба сад расидааст, хабар гирифтанд.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: