ГИРОМИДОШТИ ШОИРИ ХАЛҚӢ

Бо ибтикори ҳокимияти вилояти Фарғона ва шӯъбаи вилоятии Иттиҳодияи эҷодии журналистони ҷумҳурӣ бахшида ба хотираи журналист ва Шоири халқии Ӯзбекистон Охунҷон Ҳакимов чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Бо ибтикори ҳокимияти вилояти Фарғона ва шӯъбаи вилоятии Иттиҳодияи эҷодии журналистони ҷумҳурӣ бахшида ба хотираи журналист ва Шоири халқии Ӯзбекистон Охунҷон Ҳакимов чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ адабиётшиносон, шоирон, нависандагон, намояндагони илму фарҳанг ва мухлисони осори Охунҷон Ҳакимов ширкат намуданд.
– Бо номи Охунҷон Ҳакимов аҳли илму фарҳанг ва қалами вилояти мо ҳамеша ифтихор мекунанд. Вай аз зумраи қаламкашонест, ки дар баробари ба мерос гузоштани осори ғановатманди худ барои журналистони зиёди вилоятамон ҳаққи устодӣ дорад, – гуфт зимни ифтитоҳи маросими  гиромидошти ӯ ноиби ҳокими вилоят Файзулло Қосимов.
Вай афзуд, ки Охунҷон Ҳакимов соҳиби мактаби хоси худ мебошад ва он барои шоирони ҷавон сарчашмаи илҳом ва эҷод маҳсуб меёбад. 
Қаҳрамони Ӯзбекистон Иброҳим Ғафуров, сардабири маҷаллаи “Ҷаҳон адабиёти” Аҳмадҷон Мелибоев, сардабири рӯзномаи “Ӯзбекистон адабиёти ва санъати” Салим Ашӯр ва иштирокчиёни дигари ин маҳфили гиромидошт дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Охунҷон Ҳакимов ва роҳи ибратбахши ӯ хотираҳои ҷолиб баён карданд. 
– Охунҷон Ҳакимов инсони хеле ҷӯянда буд ва ба қадри одамони атроф мерасид. Аҳли қалам дорои хусусиятҳои аҷибанд. Онҳо дар шеъру ҳикояҳои худ тарафҳои дар инсонҳо кашф намудаашонро ба хонанда намоён мекунанд. Охунҷон Ҳакимов ҳамеша худро дар байни мардум медид ва бо онҳо вориди мулоқот мешуд. Дар натиҷа асарҳои ҷаззобу хонданӣ офарид,– гуфт Иброҳим Ғафуров. – Намунаи ашъори Охунҷон Ҳакимов дар адабиёти навини кишварамон ҷойгоҳи хосеро ишғол мекунад. Вай дар истифодаи санъати сухан аз пурмаҳораттарин шоирони даврони мо муаррифӣ шудааст. Хотираи Охунҷон Ҳакимовро кулли аҳли қалам ва мухлисони ӯ бо ифтихор гиромӣ хоҳанд дошт.
Маълум шуд, ки намунаи осори ӯ аввалин бор таҳти унвони “Илҳом водийси”  интишор ёфтааст. Баъд “Достонҳо” (1970), “Даст рӯйи сина” (1976), “Тафаккури боқӣ” (1982), “Он рӯз хоҳад омад” (1990), “Чашмони ту сиёҳанд” (1992), “Духтарон ба фикр ғӯта зананд” (1995), “Муҳаббатро аз чашмон биҷӯед” (1996), “Сурати малакҳо” (2004), “Дунё, дунё...” (2005), “Олам ғалат, одам ғалат” (2009), “Мехоҳам дар қалбатон зиндагӣ кунам”, “Ба дардатон марҳам ҳаст”  (2010), “Ба хонаатон хостгор меояд”, “Диёре ҳаст” (2013) барин маҷмӯаҳои шеърии ӯ чоп шуда, ба ҳаводорони назму наср армуғон гардидаанд.
Охунҷон Ҳакимов зодаи деҳаи Лоғони ноҳияи Фарғона мебошад. Вай соли 1934 ба дунё омадааст ва бештари ҳаёт ва фаъолияти худро ба касби рӯзноманигорӣ бахшидааст. Солҳои тӯлонӣ дар рӯзномаи вилоятии “Коммуна”, инчунин рӯзномаи ҷумҳуриявии “Совет Ӯзбекистони” кор кардааст.
– Вай дар байни мардум ғайр аз ашъори дилчаспу дилпазири худ ба сифати журналист, муаллифи лавҳаву очеркҳо ва мақолаҳои зиёд ошно гаштааст. Қаҳрамонҳои ин нигоштаҳои Охунҷон Ҳакимовро ҳамдиёрони заҳматкаши мо, пешқадамони истеҳсолот, коргарону хизматчиёни соҳаҳои гуногун ташкил медиҳанд,– мегӯяд раиси бахши вилоятии Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон Муҳаммадҷон Обидов.
Як қатор шеърҳои Охунҷон Ҳакимовро овозхонҳо оҳанг баставу ба муштариён манзур кардаанд.  Гуфта мешавад, ки ҳатто чанд шеъри ин шоир ба забони англисӣ тарҷума шудааст ва тавассути оҳанг дар саҳнаҳои кишварҳои гуногуни олам садо додаанд.
Дар солҳои касби истиқлол якчанд китоби ӯ, аз ҷумла “Осори мунтахаб”-и вай дар се ҷилд дар нашриёти “Шарқ”-и Тошканд ба табъ расидааст. Охунҷон Ҳакимов дар жанри драма низ қувваозмоӣ намудааст ва бар асоси он чанд асари ӯ рӯйи саҳнаи театрҳо гузошта шудаанд. Дар байни ин асарҳои саҳнавии ӯ “Хорҷорӯб”, “Хобҳои уштури пурнолаву фиғон” ва “Ҳайдар–хурӯс” борҳо аз тарафи тамошобинон гарму ҷӯшон истиқбол гирифта шудаанд.
Охунҷон Ҳакимов  барои хидматҳои пурсамар дар соҳаи журналистика ва рушди адабиёти муосир бо орденҳои “Меҳнат шӯҳрати” ва “Эл-юрт ҳурмати” сазовор гаштааст. Соли 2006 ба ӯ унвони фахрии “Шоири халқии Ӯзбекистон” дода шудааст.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: