ГИТЛЕРРО МЕЁФТАМ...

Хоҳари калонии ҳамсояи девордармиёнамон Ойнисохола дар Фарғона истиқомат мекард.

Хоҳари калонии ҳамсояи девордармиёнамон Ойнисохола дар Фарғона истиқомат мекард. Вай пиразане буд нуронӣ. Ба Сирдарё – хонаи хоҳараш зуд-зуд меомад.
Се фарзанди пиразан дар ҷанг ҳалок шуда,  бекас ва танҳо рӯз  мегузаронд. Хоҷагии ҷамоатӣ таъминоти ӯро ба зимма гирифта ва ҳақу ҳамсоя хабар мегирифтанд. Дар назди боғчаи бачагона манзиле дошт хурдакак. Кӯдаконро дӯст медошт. Сари тифлонеро, ки дар назди дарвозаи боғча ҷамъ меомаданд, сила мекард. Дуо менамуд.
Аз хурд то калон, ҳамин тавр, дӯст медоштанд муштипарро. Аз раиси хоҷагӣ сар карда, то шифокор ва ошпаз аз таҳти дил ба ӯ хизмат мекарданд, бо эҳтиром ва самимияти том модар мегуфтанд. 
Вақте ба Гулистон, ба хонаи хоҳараш омад, ба мо, писару духтарчаҳо, конфетҳои рангоранг медод. Аз пешонаамон мебӯсид, навозишҳо месохт. 
Мегуфтем, чӣ қадар меҳрубон!
Дар пешобағалаш, ки костюм мепӯшид, ордену медалҳои қатор ҷило медоданд. Хурдсол будам, бо ҳавас ба ӯ  нигариста ва боре пурсидам: 
– Бибиҷон, ҳамааш аз они худатон? Ба фронт рафтаед? Занҳо ҳам ба ҷанг рафта буданд? 
– Занҳо-ку намерафтанд, ҷони бибиш, лекин ман рафтаам..., – табассуми маънидор мавҷ зад дар гунааш.
– Тир ҳам хӯрдаед?
– Ҳа. Ҳамин дилакам он қадар тирҳо хӯрдааст, мондан гир, бачаҷон. Ҷароҳат ҳеҷ не шифо ёбад. 
Боз хостам чизе пурсам, вале ҷуръатам нарасид. Вале сахт дар тааҷҷуб будам: модоме чанд тир ба дилаш расидааст, чӣ тавр зинда монда бошад? Хайр, модоме умр боқӣ, аз дасти тирборон ҳам чизе наомаданаш эҳтимол, ҳамин. Боз маълум, ки қаҳрамониҳо нишон додааст ин зан. Ордену  медалро ба ҳар кас ҳам додан намегиранд!
Баъд фаҳмам он ордену медалҳо дар асл аз они писаронаш будаанд. Аҳли қишлоқ ба ҳолу ҷонаш намонда, ба костюмаш часпондаанд. 
Писаронатон қаҳрамон, гуфтаанд ба вай, лекин аз ҳама қаҳрамонтар – Шумо!
Солҳо гузаштанд. Сир надиҳад ва сипоҳӣ бой додан нахоҳад ҳам, ғами писарҳо кампирро адо кард. Ҳушаш даро-баро шуда монд. Хоҳари Ойнисохола бо хешовандон маслиҳат карда, ӯро аз Фарғона ба Гулистон кӯчонда овард, нигоҳубинашро ба ӯҳда гирифт.
Хонаамон дар назди роҳи оҳан буд. Дар вақти гузаштани поезд кампирак дар як вазъи пурҳаяҷон даст бардошта ва ба пассажирон, ки аз тирезаи вагонҳо намоён мешуданд, хитоб мекард: – Ба Маматхонам, ба Аҳмадҷонам, ба Кенҷаботирам саломҳо расонед!
Баъзан аз роҳгузарон мепурсид: – Ана ин поезд ба Маскав меравад? Ба Украина меравад? Кадом поезд ба Берлин меравад?
Чӣ мегӯед, ки бибии меҳрубон ва ҳалиму хушсухани мо рӯзе ба аспи ҷаҳл савор шуд. Ғазабнок баробари поезд метохт. Рӯймолаш аз сараш парида ва мӯйҳои чун барф сафедаш парешон буданд. Ба одамҳое, ки мехостанд ӯро боздоранд ва ором созанд, ҳеҷ итоат  намекард. Мегуфт: – Монед ба ҳамин поезде, ки ба Гирмон мерафтааст, ман ҳам равам. Гитлерро ёбам. Ду чашмашро кофта-кофта гирам!

Дилороми ИСОМУҲАММАД, 
шаҳри ГУЛИСТОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: