ГУФТУШУНИДҲОИ ПУРМАҲСУЛ ДАР ДОИРАИ ТАШАББУСИ «ЯК МАКОН, ЯК РОҲ»

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бинобар даъвати Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпин барои иштирок дар дуюмин Анҷумани байналхалқии «Як макон, як роҳ» бо сафари корӣ ба Чин рафт.

Дар доираи сафар Шавкат Мирзиёев бо сарони як қатор давлатҳо, аз ҷумла директори иҷрогари Бунёди байналхалқии асъор барои баррасии рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тарафайни иқтисодӣ, муносибатҳои умумии рушди дарозмуҳлат мулоқот баргузор намуд.
Президенти Ӯзбекистон бо Раиси ҶМЧ вохӯрд
Сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Чин субҳи 25 апрел дар Пекин аз вохӯрӣ бо Раиси ҶМЧ Си Сзинпин оғоз ёфт.
Роҳбари Чин Шавкат Мирзиёевро, ки бо сафар ба Пекин барои иштирок дар дуюмин Анҷумани байналхалқии  «Як макон, як роҳ» омадааст, самимона хайрамақдам гуфт. Си Сзинпин таъкид намуд, ки ҷониби Чин ба ҳамкориҳои тарафайн бо Ӯзбекистон баҳои баланд медиҳад ва ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои ҳамаҷонибаи шарикии стратегии ду мамлакат қатъиян бовар мекунад.
– Муҳтарам Президент, ман иштироки шуморо дар анҷумани нахустин бо қаноатмандӣ ба ёд меоварам, – зикр намуд Си Сзинпин. – Аз ин рӯ мо дар симои шумо як нафар асосгузори ташаббуси мазкурро мебинем. Эътиборе, ки дар Ӯзбекистон бобати иштирок дар ин анҷуман дода мешавад, шаҳодати сатҳи баланди муносибатҳои байни кишварҳоямон мебошад.  Дар ҷараёни иштироки шумо дар ҳамоиши СҲШ дар Синдао, ки моҳи июни соли гузашта баргузор шуда буд, бисёр муоҳидаҳо ба имзо расиданд, ки мунтазам татбиқ мегарданд. Муътақидам, ки ҳамкориҳои ӯзбекистониву чинӣ ояндаи дурахшон доранд. Сафари ҳолоинаи шумо шарикии ҳамаҷонибаи стратегии байни кишварҳои моро ба сатҳи нав мебардорад. 
Роҳбари давлати мо барои даъват ба анҷумани  байналхалқӣ миннатдорӣ баён карда, зикр сохт, ки чорабинии мазкур барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳам минтақавӣ аҳамияти махсус дорад.
– Шумо ва тамоми мардуми Чинро бо санаи хотирмони фарорасидаистода – 70-умин солгарди таъсис ёфтани Ҷумҳурии Мардумии Чин муборакбод менамоям. Ба шарофати мулоқоти мунтазам ва иродаи сиёсии сарони ду мамлакат муносибатҳои ӯзбекистониву чинӣ ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ба дараҷаи сифатан нав бардошта шуданд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Ӯзбекистон ва Чин шарикони бисёрҷанбаи стратегӣ мебошанд. Тошканд роҳи сиёсати хориҷии Пекин ва мавқеи қатъии ӯро бинобар масъалаҳои Чини ягона, мубориза бар муқобили терроризм, экстремизм ва сепаратизм дастгирӣ менамояд. Дар ҶМЧ ислоҳоти дар мамлакати мо татбиқшудаистода ва сиёсати минтақавии Ӯзбекистонро ҷонибдорӣ мекунанд. Давлатҳо дар доираи созмонҳои байналхалқӣ фаъолона ҳамкорӣ доранд. 
Си Сзинпин таъкид намуд, ки лоиҳаи «Як макон, як роҳ» ба Стратегияи амалиёте, ки дар Ӯзбекистон бинобар панҷ самти бартариноки рушд қабул шудааст, куллан ҳамоҳанг мебошад. Кишварҳои мо аз рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоявӣ манфиатдор мебошанд. Чин омодааст аз Ӯзбекистон маҳсулоти хушсифати кишоварзиро харид кунад. Он лоиҳаҳоро бинобар рушди робитаҳои  тиҷоратӣ дар давраи кунунӣ, вусъат додани  миқёси лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи энергетикӣ, сохтмони роҳҳои азими байналхалқии автомобилӣ ва роҳи оҳан дастгирӣ менамояд. Дар бораи мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маданияту инсонпарварӣ, созмон додани Маркази маданияти Чин дар Ӯзбекистон таклифҳо пешниҳод шуданд.


Ҷониби Чин ҳамчунин саъю кӯшишҳоро бинобар татбиқ сохтани лоиҳаи «Самарқанд сити» ҷонибдорӣ менамояд. Чин ба саҳми Ӯзбекистон дар нигоҳ доштани сулҳу оромӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистони ҳамсоя баҳои баланд медиҳад. Таъкид шуд, ки Чин ба вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар доираи СҲШ, минбаъд такмил додани фаъолияти Комиссияҳои муштараки байниҳукуматӣ эътибори махсус медиҳад.
Чин аз ҷумлаи шарикони бузургтарини тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоявии Ӯзбекистон ба шумор меравад. Мубодилаи мол, ки бинобар натиҷаи соли гузашта аз 6,4 миллиард доллар гузашт, мунтазам инкишоф меёбад. 
Ҳаҷми сармояҳо ва вомҳои ҷалбгардидаи Чин ба иқтисодиёти кишвари мо аз ҳашт миллиард доллар зиёд шуд. Мувофиқи муоҳидаҳое, ки бинобар ҷамъбасти сафари давлатӣ ба ҶМЧ моҳи майи соли 2017-ум имзо шудаанд, лоиҳаҳои арзиши умумиашон зиёда аз 4,5 миллиард доллар татбиқ мегарданд.
Дар мулоқот масъалаҳои минбаъд вусъат додан ва диверсификатсияи мубодилаи мол муҳокима шуданд, бобати солҳои наздик то ба даҳ миллиард доллар расондани ҳаҷми савдои дуҷониба манфиатдории тарафайн изҳор гардид. Пешомади таҳкими ҳамкориҳои тарафайн дар соҳаҳои ҷалби сармояҳо, инноватсия ва  технологияҳо ба иқтисодиёти  Ӯзбекистон, масъалаҳои коркарди лоиҳаҳои нави муштараки ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, рушди иқтидори транзитӣ ва нақлиётиву коммуникатсионии минтақа баррасӣ шуданд. Ба вусъат додани ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноат, молия, хоҷагии қишлоқ, сохтмон, илм, таълим ва маданият эътибор дода шуд. 
Роҳбари давлати мо таъкид сохт, ки Ӯзбекистон ташаббуси «Як макон, як роҳ»-ро куллан дастгирӣ мекунад ва тайёр аст бобати куллан татбиқ шудани он амалан саҳм гузорад.
Раиси ҶМЧ изҳори бовар намуд, ки иштирок кардан ва ташаббусҳои Тошканд дар доираи лоиҳа ба ҳамаҷониба амиқсозии ҳамкориҳои муфиди тарафайни Чин бо Ӯзбекистон ва умуман бо Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард. 
Дар анҷоми мулоқот Шавкат Мирзиёев Си Сзинпинро даъват намуд, ки бо сафари давлатӣ ба Ӯзбекистон ташриф оварад.


Самтҳои нави ҳамкориҳои ӯзбекистониву белорусӣ муҳокима гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар қароргоҳе, ки барои ӯ дар Пекин ҷудо карда шудааст, бо Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко вохӯрд.
Ҳоли ҳозир муносибатҳои байни Ӯзбекистон ва Белорус дар рӯҳи дӯстӣ ва шарикӣ инкишоф меёбанд. Тӯли солҳои сипаришуда робитаҳои мустаҳками дуҷониба ва бисёрҷанба ба роҳ монда шуданд. Дӯстӣ ва қаробати халқҳои мо ба рушди минбаъдаи муносибатҳои тарафайн ва ҷонибдории тарафайни кишварҳоямон дар доираи сохторҳои байналхалқӣ хидмат мекунанд. 
Дар мулоқот махсус таъкид шуд, ки сафари расмии Президенти Белорус ба Ӯзбекистон, ки соли гузашта ба вуқӯъ пайваст, дар таърихи муносибатҳои дуҷониба саҳифаи нав кушод ва онҳоро ба дараҷаи сифатан нав бардошта, бо мазмуну муҳтавои амалӣ саршор кард. 
Дар гуфтушунидҳо ҷараёни татбиқшавии муоҳидаҳои баимзорасида муфассал муҳокима гардиданд. Президентҳо рушди муттасили мубодилаи молро бо қаноатмандӣ қайд карданд. 
Дар байни кишварҳои мо мулоқоти сиёсӣ беҳтар шуд, ҳамкориҳои амалӣ дар соҳаҳои мухталиф мустақиман инкишоф меёбанд. 
Дар соҳаҳои мошинсозӣ, дорусозӣ, саноати сабук ва саноати хӯрокворӣ, хоҷагии қишлоқ, сайёҳӣ лоиҳаҳои муштарак татбиқ мегарданд. Алоқаҳои байни доираҳои корчаллон ва корхонаҳои бузург вусъат пайдо мекунанд. 
Дар вохӯрӣ зикр шуд, ки ташкил намудани корхонаҳои муштарак, ба фурӯш баровардани маҳсулоти онҳо дар бозори давлатҳои сеюм ба баланд гардидани эътидоли иқтисодии кишварҳои мо мусоидат хоҳанд кард. 
Эътимоди мустаҳкам ва қатъияти тарафайн барои расидан ба натиҷаҳои амалӣ барои рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкориҳо имкониятҳои васеъ фароҳам меоваранд. Таъкид гардид, ки барои ин ҳоли ҳозир имкониятҳои зарурӣ мавҷуданд. 
Масъалаҳои вусъат додани савдои тарафайн, татбиқ намудани барнома ва лоиҳаҳои муштараки инноватсионӣ ва кооператсия дар соҳаҳои мошинсозӣ, кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ, технологияҳои иттилоотӣ, тиб, дорусозӣ, сайёҳӣ, рушди ҳамкориҳои тарафайн дар соҳаҳои таълим, фарҳанг ва самтҳои дигар низ баррасӣ шуданд. Ҳамчунин бинобар масъалаҳои рӯзмарраи байналхалқӣ ва минтақавӣ табодули афкор ба амал омад.
Президентҳо тайёр будани худро барои идома додани мулоқоти фаъол дар сатҳҳои гуногун ба мақсади самарабахш пеш бурдани самтҳои нави шарикӣ изҳор доштанд. 


Вохӯрии Президентҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Пекин бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ вохӯрд

Инкишоф додани муносибатҳои дӯстӣ бо Тоҷикистон аз ҷумлаи самтҳои бартариноки сиёсати хориҷии Ӯзбекистон ба шумор меравад. Ба шарофати сиёсати ошкоро, пурмуҳтаво ва сермазмуни хориҷии давлатҳоямон, робитаҳои байни кишварҳоямон дар соли 2018-ум ба дараҷаи шарикии стратегӣ расид.   
Дар доираи сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон, ки моҳи марти соли 2018-ум ба вуқӯъ пайваст, дар бораи рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиёту коммуникатсияҳо, энергетика ва дигар самтҳои асосӣ муоҳидаҳои пешомаднок ба имзо расиданд. 
Дар мулоқот роҳбарони давлатҳо бо қаноатмандии бузург рушди муттасили ҳамкориҳои бисёрҷанбаи ӯзбекистониву тоҷикистониро, ки тӯли солҳои охир ба дараҷаи сифатан нав бардошта шуданд, таъкид намуданд.
Масъалаҳои мушаххаси ҳамкориҳои тарафайн дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ, маданиву башардӯстӣ муҳокима гардиданд.
Ба масъалаҳои зиёд кардани ҳаҷми савдои тарафайн эътибори махсус дода шуд. Ҳамчунин ҷараёни татбиқ шудани муоҳидаҳое, ки ҳангоми сафарҳои дараҷаи олӣ ба имзо расида буданд, баррасӣ шуданд. 
Таъкид шуд, ки соли гузашта дар рушди муносибатҳои ӯзбекистониву тоҷикистонӣ соли таърихӣ гардид, ба шарофати сафарҳои тарафайни давлатӣ он ба дараҷаи шарикии стратегӣ расид. 
Зикр гардид, ки дар натиҷаи чораҳои андешидашуда ҳаҷми тарафайни мубодилаи мол хеле афзуд, робитаҳои байниминтақавӣ ва инсонпарварӣ торафт беҳтар мешаванд. 
Ҳамкориҳои маданиву башардӯстона вусъат пайдо карданд, алоқаҳои байни муассисаҳои илмӣ, таълимӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ ва ҷамъиятӣ фаъол гардиданд. Бидуни шубҳа, тағйироти мусбат дар муносибатҳои ӯзбекистониву тоҷикистонӣ дастоварди таърихии халқҳои мо ба шумор меравад. 
Дар ҷараёни гуфтушунидҳо дар бораи ба роҳ мондани  самтҳои пешомадноки муносибатҳои тарафайн, вусъат додани миқёси робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, пешбурди ҳамкориҳои бевоситаи минтақаҳо муоҳидаҳо ба имзо расиданд. 
Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки минбаъд низ муносибатҳои дӯстона, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии байни ду мамлакатро мустаҳкам менамоянд.


Шавкат Мирзиёев директори иҷрогари Бунёди байналхалқии асъорро қабул кард
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар қароргоҳи «Дяоюйтай» директори иҷрогари Бунёди байналхалқии асъор Кристин Лагардро пазируфт.
Роҳбари давлати мо аз дараҷаи ҳамкорӣ бо ББА, ки солҳои охир ҷиҳати муттасил ва мунтазам касб кардааст, қаноатмандӣ изҳор намуд. 
Кристин Лагард таъкид кард, ки Бунёди байналхалқии  асъор қатъиян ният дорад ба Ӯзбекистон дар ҷараёни татбиқ намудани тағйироти маҷмӯии иқтисодӣ ва сохторӣ тамоми кӯмакҳои заруриро  расонад. 
Омодагии ББА бобати ҳарчи бештар вусъат додани соҳаи кӯмакҳои техникӣ, аз ҷумла дар масъалаҳои коркарди чораҳои мушаххаси сиёсати иқтисодӣ, ки ба мустақиман беҳтар шудани сатҳи ҳаёт дар Ӯзбекистон мусоидат мекунанд, таъкид шуд.
Бо такя ба таҳлили худӣ бунёд ба ҳолати ҳолоина ва пешомади рушди иқтисодиёти Ӯзбекистон баҳои мусбат медиҳад. Аз ҷумла, аз ҷониби коршиносони ББА афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии соли равон дар сатҳи 5,5 фоиз ва шаш фоиз дар соли минбаъда пешбинӣ мегардад. 
Бинобар ақидаи коршиносони бунёд Ӯзбекистон давраи нахусти ислоҳоти муҳим, аз ҷумла озодкунии бозори асъор, ислоҳоти андоз ва куллан беҳсозии низоми омори давлатиро бомуваффақият татбиқ намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои ҷории тарафайн бо ББА муфассал муҳокима шуданд, ба натиҷанокии онҳо баҳои баланд дода шуд. Бо кӯмакҳои техникии бунёд коркард шудан ва ҷорӣ гардидани Консепсияи сиёсати андоз ва маъмурӣ, тайёр кардани лоиҳаи қонун «Дар бораи Бонки марказӣ ва танзими асъор» дар таҳрири  нав, бори аввал дар таърихи ҷумҳурӣ ташаккул додани буҷаи миёнамуҳлати давлатӣ, ҳамроҳ шудани Ӯзбекистон ба Низоми умумии паҳн кардани маълумотҳои омории ББА ба ин асос гардиданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои муттасилро, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои татбиқ намудани сиёсати пулу вом, низоми бонк, сиёсати андозу буҷа, иқтидори пардохти мамлакат мувофиқи меъёрҳои байналхалқӣ идома диҳанд.
Кристин Лагард ба Шавкат Мирзиёев барои суҳбати пурмазмун миннатдорӣ баён намуда, изҳори умед кард, ки ин мулоқот дар ҷараёни сафари ӯ ба Ӯзбекистон, ки дар моҳи майи соли 2019-ум пешбинӣ шудааст, идома меёбад. 
– Ман мехоҳам натиҷаҳои ислоҳоти васеъмиқёсеро, ки шумо ба манфиати халқи Ӯзбекистон татбиқ намудед, бо чашмони худ бубинам, – таъкид намуд директори иҷрогари ББА.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: