ГУЛ-ГУЛ ШУКУФОН АСТ, КАТТАҚӮРҒОН!

Ноҳияи Каттақӯрғон на танҳо дар вилоят, инчунин дар ҷумҳурӣ низ нуфузи хосса дорад.

Ноҳияи Каттақӯрғон на танҳо дар вилоят, инчунин дар ҷумҳурӣ низ нуфузи хосса дорад. Ҳоло дар ҳудуди он 69 маҳалла арзи вуҷуд дошта, 273 ҳазор нафар аҳолӣ ҳаёт  ба сар мебаранд. Аз онҳо қариб 110 ҳазор нафар бо меҳнати фоиданок машғул бошанд, 11 ҳазору 400 нафар бекоранд. Аз 3 ҳазору 656 оилаи камбизоат 16 ҳазору 503 нафар шахс ба «дафтари оҳанин» дохил шуда буданд.
Дар маҷмӯаи «Кӯксарой»-и пойтахт бахшида ба 29-солагии истиқлолияти мамлакатамон зери шиори «Ту сарчашмаи нирӯ, даргоҳи бахту саодат ҳастӣ, Ӯзбекистони азиз!» чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он Президенти кишварамон муҳтарам Шавкат Мирзиёев баромад карда, аз ҷумла чунин гуфт: «Ягон кас бояд фаромӯш накунад, бо вуҷуди душвориҳо, бо вуҷуди сарф шудани маблағ ва саъю кӯшиш, ягон шаҳрванди Ӯзбекистон аз эътибор дур намемонад. Ҳикмати мардумӣ мефармояд: «Зиндагӣ дарёст, дарёи равон». Ин ҳақиқатро корҳои азиме, ки мо дар вазъияти  кунунӣ татбиқ менамоем, тасдиқ мекунад».
Дар асоси супориши сарвари давлат дар ҳудуди ҳар як сектор барои ҳаллу фасли мушкилоти ҳифзи саломатӣ ва ҳаёти аҳолӣ, ҳамчунин истиқрори иқтисодиёт, барои мардум фароҳам овардани шароити кору дарёфти музди меҳнат машғул гардидем. Дар шароити пандемия аҳолии мо воқеан нирӯи пуриқтидор гардид, ки онро ҷунбиши умумимиллии «Меҳру мурувват ва дастгирӣ» равшан намоиш дод. Дар ин кори хайру савоб 176 нафар соҳибкорон саҳми муносиб гузоштанд. Аз ҷониби онҳо ба шахсони муҳтоҷ ва оилаҳои камбағал ба миқдори 2,4 миллиард сӯм кӯмаки моддӣ ва ба миқдори 550 миллион сӯм маҳсулоти хӯрокворӣ тақсим карда шуд. Аз ҳамон ҳисоб 798 тонна ғалла ба захираи ноҳия ирсол гардид, ки агар зарурат пайдо шавад, орду нон карда ба халқ тақсим мекунем.
Аммо бо ёрии моддии як-ду маротиба масъала ҳал намешавад. Бинобар ҳамин, назди худ мақсад гузоштем, ки дар навбати аввал аъзои оилаҳои камбағалро бо меҳнати фоиданок банд созем. Бо ин ният ба 553 нафар шаҳрвандони бекор 30-50 сотихӣ, яъне 161 гектар заминро ба муддати тӯлонӣ ба иҷора додем.
Дар ҳудуди саҳрои Каттақӯрғон адади гармхонаҳо афзуда истодааст. Яке аз он ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Маранда инвест» мебошад, ки дар 4 гектар гармхона бунёд кард. Қариб 50 нафар бо кор таъмин шуда, аз ҳар гектар майдон 20-25 тонна ҳосил рӯёнда мешавад. Умуман, дар хонадони мардум 1650 гармхона сохта шуд, ки лимӯ парвариш меёбад. Маҳсулоти онҳо асосан ба хориҷа экспорт мешаванд.
Воқеан, то ҳолати 1-уми сентябри соли равон дар ноҳия 4013-то корхонаи юридикӣ аз рӯйхат гузашт, ки нисбат ба соли сипарӣ 597-то зиёд аст. Субъектҳои тиҷорати хурдро 1609-то ташкил мекунад. 
Дар асоси дастурҳои ҳудудӣ бо арзиши 281 миллиард сӯм 144 лоиҳа амалӣ гардид, ки дар натиҷа 1258 ҷойи нави корӣ пайдо шуд.
Хуллас, халқи заҳматкаши ноҳия кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки бо меҳнати фидокорона сатҳи зиндагии худро беҳтару хубтар намоянд. Имсол 126,4 миллиард сӯмина корҳои ибратбахш ба фарҷом хоҳад расид. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Каттақӯрғон гул-гул мешукуфад.

Аъзамхон 
БАҲРОМОВ,
ҳокими ноҳияи Каттақӯрғон, соҳиби ордени «Фидокорона хизматлари учун».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: