ГУЛ ВА НИҲОЛҲОИ БОҒИ ИБРАТ

Дар Намангон соли ҷорӣ иди гулҳо ба тарзи хос гузашт.

Он аз шукуфоии боғи илм ва адабиёт низ дарак дод. Сайёҳоне, ки аз дуру наздик омадаанд, дар бораи Аъзами Косонӣ, Бобораҳим Машраб, Фазлии Намангонӣ, Нодими Намангонӣ, Муҳаммадшариф Сӯфизода, Набихон Нуруллохоҷа (Чустӣ), ки аз ҳамин сарзамини шеърпарвар баромада, чун дарахтҳои бошукӯҳ боғи маърифат ва адабиёти ӯзбекро шукӯҳ мебахшанд, тасаввуроти дигар пайдо намуданд. Хусусан, фаъолияти ибратбахши шоири маърифатпарвар, олим, сайёҳ, ношир ва муаллим Исҳоқхон Тӯра Ибрат, ки зода ва парвардаи ноҳияи Тӯрақӯрғони вилояти Намангон аст, эътибори умумро ба худ кашид.
Соли гузашта, вақте дар Тӯрақӯрғон будам, муаллима Зоҳидахон Кенҷаева дар бораи корҳои азими бунёдгарона, ки дар ин ҷо ба амал бароварда мешаванд, нақл намуд. Гуфт, ки бобати абадӣ гардонидани хотираи Исҳоқхон Ибрат ташаббусҳои наҷиб амалӣ мегарданд. Ростӣ, номи Ибратро шунида бошам ҳам, дар борааш чизе намедонистам. Хабар надоштам, ки вай дар мадрасаҳои Қӯқанд таҳсил гирифта, ба эҷоди Муқимию Фурқат, Завқӣ, Ҳазинӣ ва Нодим, ки намояндагони барҷастаи доираи адабии шаҳр буданд, аз наздик шинос шуда, муҳимаш, бо онҳо ҳамнишин ва аз маслиҳатҳояшон баҳраманд гашта, чун шоир шинохта шудааст. Дар бораи соҳибдевонии ӯ маълумот мавҷуд, вале, мутаассифона, девонаш то мо омада нарасидааст. Фақат падидаҳои қаламии дар матбуоти давр эълонкарда ва дастнависҳои парокандааш нигоҳдорӣ мешаванду халос. Падараш Ҷунайдуллохоҷа ва модараш Ҳурбибӣ соҳиби хату савод буда, дар Тӯрақӯрғон мактабдорӣ кардаанд. Исҳоқхон саводи ибтидоиро дар назди онҳо баровард. Баъди хатми мадрасаи Қӯқанд ба зодгоҳ баргашт ва ба ислоҳи мактабҳои ҷории «усули қадим», ба роҳ гузоштани таълим дар мактабҳои ҷадидӣ шурӯъ намуд. Вале давр ба навсозиҳои ӯ муросо накард. Аз ҳар ҷониб ба кораш халал расонданд. Тасмим гирифт бо ҳамроҳии модараш ба ҳаҷ равад. Он асно 25 сол дошт ва фавти модари баногоҳ ба бемории вазнин дучоршудааш дар роҳи мусофирӣ ӯро саросема намуд. Вале худро ба даст гирифт. Дар Кобул, Истанбул, Ҷидда, Макка, Мадина шуда, баъди зиёрати Каъба ба Ҳиндустон роҳ пеш гирифт. Дар Калкутта, Мумбай, Деҳлӣ зиндагӣ кард. Ба ҳаёти илмию адабии Ҳиндустон таваҷҷӯҳ намуд, бисёр маълумотҳои тоза пайдо кард. Баъди бозгашт аз Ҳиндустон сафари Аврупоро ихтиёр намуд. Дар София, Афина, Рим барин шаҳрҳои қадима, ки аз марказҳои тамаддуни башарианд, ҳаёт ба сар бурда, забони англисиро омӯхт. Азбаски забонҳои арабӣ, ҳиндӣ, форсӣ ва урду медонист, адабиёти бо ин забонҳо таълифшударо аз даст намегузошт. Барои осори илмӣ мавод ғун мекард.
Ибрат соли 1896 ба зодгоҳаш Тӯрақӯрғон тавассути Ҳиндустон, Бирма ва Чин баргашт. «Луғати ситта ал-сина», ки ӯ мураттаб сохт, самараи ҳамон сафари дурударози ӯст. Ин асар соли 1901 дар шакли китоб дастраси умум гашта, дар минбаъд офарида шудани луғатҳои ӯзбекӣ-русӣ ва луғатҳои бисёрзабона манбаи муҳим қарор гирифт. Дар асари дигари ӯ «Ҷомеъ-ус-хутут», ки соли 1912 таълиф ёфтааст, дар бораи зиёда аз чиҳил забон ва хати дунё маълумотҳои саҳеҳ оварда шудаанд.
Ибрат чун таърихнигор низ хидмати сазовор кардааст. Аз «Таърихи Фарғона»-и ӯ, ки соли 1916 навишта шудааст, ба саҳифаҳои ҷолиби диққати хонигарии Қӯқанд ва умуман, таърихи халқҳои Туркистон дар садаи XIX ва ибтидои ХХ шинос шудан мумкин. «Мезон-ул-замон»-и Ибрат соли 1928 ба табъ расид, ки дар он масъалаҳои маърифат ва маънавият мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Ибрат аз сафар баробари китобҳои нодир ускунаҳои чопӣ овард. Соли 1908 дар Намангон «Матбааи Исҳоқия» ташкил намуда, ба табъ расонидани як қатор осори илмӣ, таърихӣ ва бадеиро ба роҳ гузошт. Чопхонаи Ибрат то соли 1960 фаъолият намуд. Бунёди «Китобхонаи Исҳо-қия», ки ӯ асос гузошт, хеле ғанӣ буда, адабиётҳое, ки дар он маҳфузанд, ганҷинаи бебаҳоянд. Ба фаъолияти илмию адабӣ ва маърифатпарвариаш, афсӯс, тӯфонҳои машъуми соли 1937 хотима гузоштанд. Назар ба нақли наберааш Ротибхон, ӯро бо се ҷуволи пур аз дастхат даст гирифтанд. Риштаи умраш дар ҳабс гусаст.
Бо шарофати истиқлолият номи муборак ва эҷоди пурбаракот, хидматҳояш дар роҳи равнақи илм ва маърифат қадру қимат пайдо намуд. Китобҳояш нашр ва осорхонааш дар Тӯрақӯрғон ташкил гашт.
2 ноябри соли 2016 роҳбари давлати мо аснои вохӯрӣ бо аҳли вилоят дар ноҳияи Учқӯрғон бузургмардони олами илму адаби Намангонро ба забон оварда, номи Исҳоқхон Ибратро алоҳида зикр карда гузашт. Барои абадӣ гардондани хотираи ӯ ғояи созмон додани боғ ва маҷмӯи меъмориро ба шарафи Исҳоқхон Ибрат, таъсиси «Мактаби Ибрат»-ро пеш гузошта буд.
Дере нагузашта барои ин аз маркази ноҳия зиёда аз 2 гектар майдон ҷудо гардид. Маҷмӯи муаззам ба номи Исҳоқхон Тӯра дар қаламрави боғ-хиёбон қомат афрохт.
Имрӯзҳо эътибори зиёраткунандагонро муҷассамаи аллома дар миёни боғ, айвони бо услуби меъмории миллӣ барпошуда ва чопхона ба худ мекашад. Осорхона ҳамеша серодам. Фаввораи оҳангдори даруни боғро аҷаб файзе. Таровати хоси гулгашт, худнамоии гулҳои ҳарранга, боду ҳавои мусоид дили одамро мекушоянд.
Мактаб-интернат бо 300 ҷой низ қобили таваҷҷӯҳ, ки дар ҳузури Донишгоҳи давлатии Намангон ташкил гардидааст. Дар ин ҷо бо назардошти синфҳои 7-10 чаҳор синфхона кушода ва 80 нафар беҳтарин толибилмон баъди санҷишҳои тест  фаро гирифта шуданд. Ба мактаб-интернати махсусонидашудаи ба номи Ибрат омӯзгорон ва мураббиёни варзида ҷалб шуда, баробари фанҳои таълими умумӣ амиқ омӯзонидани 6 забон – англисӣ, немисӣ, фаронсавӣ, арабӣ, чиноӣ ва корейсӣ ба роҳ гузошта шудааст. Такмил додани усул ва услубҳои омӯзонидани забонҳои хориҷӣ ҳамеша дар маркази эътибор. Омӯзгорон-профессорони Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбек, Донишгоҳи давлатии забонҳои дунёи Тошканд, Донишкадаи давлатии шарқшиносии Тошканд бо мактаби мазкур ҳамкории доимӣ ба роҳ мондааст. Маркази ахбор-захира дорои бештар аз 2 ҳазору 300 китоб, дар хобгоҳ ва ошхона барои 100 ҷой шароитҳои зарурӣ муҳайё мебошанд. Машғулот дар клубҳои хаттотӣ ва «Лаҳзаҳои лирикӣ» таҳти сарпарастии мусаввир Асқаралӣ Акбаров ва филолог Қодирҷон Носиров мувофиқи мақсад мегузаранд.
Президентамон Шавкат Мирзиёев 2-3 майи соли равон аснои ташриф ба вилояти Намангон аз маҷмӯи мемориалии Исҳоқхон Тӯра воқеъ дар Тӯрақӯрғон низ дидан кард. Таъкид намуд, ки корҳое, ки дар ин ҷо амалӣ мегарданд, барои ҳамаи мо, алалхусус ҷавонон бояд намунаи ҳақиқии ибрат бошанд.
Фарзандро беҳуда ба гул, ба ниҳол монанд намекунанд. Аз гул ва ниҳолҳое, ки дар боғи аллома Ибрат парвариш меёбанд, умед калон.

М. ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: