ГУЛЧЕҲРА ДАР НАЗАРИ УСТОДОН

Мегӯянд, ки соли 1949 Мирзо Турсунзода Гулчеҳра Сулаймоноваро, ки баъди хатми мактаби олӣ дар яке аз таълимгоҳҳои Бухоро аз забону адабиёт дарс медод, ба анҷумани дуюми нависандагони Тоҷикистон ба Сталинобод даъват менамояд, ки ин аввалин анҷумани адибон буд, дар ҳаёти 19 солаи Гулчеҳра.

Мегӯянд, ки соли 1949 Мирзо Турсунзода Гулчеҳра Сулаймоноваро, ки баъди хатми мактаби олӣ дар яке аз таълимгоҳҳои Бухоро аз забону адабиёт дарс медод, ба анҷумани дуюми нависандагони Тоҷикистон ба Сталинобод даъват менамояд, ки ин аввалин анҷумани адибон буд, дар ҳаёти 19 солаи Гулчеҳра. Вай бисёр хурсанд буд, ки бо баҳонаи анҷуман бузургони адабиётамон ва дӯстони падарашро аз наздик медиду ба аксари онҳо мулоқот мекард. Дар президиум устодон Айнию Лоҳутиро паҳлӯи ҳам дида, аз онҳо чашм намеканд. Дар танаффуси анҷуман Устод Айнӣ рост сӯи Гулчеҳра омада, аз ҳолу аҳволи оилаи онҳо ва Бухоро пурсон мешавад ва мегӯяд, ки хуб мешуд шумоён ҳам ба Сталинобод кӯчида меомадед. Рӯзҳои анҷуман Гулчеҳра Сулаймонова ба бисёр адибони бузургу ҷавони тоҷик ва шоираи ӯзбек Зулфия аз наздик шинос ва ҳамсӯҳбат мегардад. Аммо барои ба Абулқосим Лоҳутӣ шинос шудан, ҷуръаташ камӣ мекунад. Баъди анҷоми анҷуман бо иштирокчиён ва меҳмонон зиёфати калоне ороста шуд, ки дар он Гулчеҳра дар паҳлӯи Сотим Улуғзода ҷой гирифта буд. Азбаски сари дастархон сӯҳбатҳои гуворову шеърхониҳо ба авҷи аъло мерасид, зиёфат маҳфили адабиеро мемонд. Вақте ки навбат ба Сотим Улуғзода мерасад, вай як шеъри Пайрав Сулаймониро бо маҳорати баланду сӯзу гудози хоси ашъори Пайрав қироат мекунад ва ба Лоҳутӣ рӯ оварда мегӯяд: Пайрав на танҳо шеърҳои хуб, балки духтари нағзро низ аз худ ёдгор гузоштааст ва Гулчеҳраро ба устод Лоҳутӣ шинос менамояд. Лоҳутӣ Гулчеҳраро наздаш хонда гила мекунад, ки ман-ку туро нашинохтам, аммо чаро ту худатро нашиносондӣ? Гулчеҳра ҷуръат накардам ва шарм доштам – гӯён аз Лоҳутӣ узрхоҳӣ менамояд. 
Хотирот гувоҳӣ медиҳанд, ки ин вохӯрии дуюми Гулчеҳра Сулаймонова бо Абулқосим Лоҳутӣ буда, вай бори аввал шоирро дар меҳмонии хонаи худашон дида буд. Аҷаб не бахти хандони Гулчеҳра бояд бошад, ки вай бори сеюм дар Маскав ба дидори Абулқосим Лоҳутӣ мушарраф гардидааст. Ва ана ҳамин қабил вохӯрию суҳбатҳо ва ҳамнишиниҳо ба инсонҳои нек, минҷумла Лоҳутию Айнӣ ва дигар бузургони адабиётамон   ба Гулчеҳра Сулаймонова кор доду инчунин рӯҳи падари бузургвораш Отаҷон Пайрав Сулаймонӣ мадад карду вай то дараҷаи Шоираи мардумии Тоҷикистон расид.
Байт:
Панди Расмиро бигир, эй ҷон, 
ту бо некон нишин,
Некии некон Фалотунро чунин 
доно намуд.

Баҳриддин ТОҶИДДИНОВ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: