ГУЛЧЕҲРАБЕГИМ

Ба ғайр аз духтари фарҳехтаи Бобур Мирзо бо номи Гулбаданбегим, ки чун муаллифи воқеаномаи “Ҳумоюннома” ӯро мешиносанд, духтари дигари соҳибистеъдоди Бобур Мирзо бо номи Гулчеҳра, ки баъзан ӯро Гулрух ё Гулсара низ ном гирифтаанд, машҳур аст.

Ба ғайр аз духтари фарҳехтаи Бобур Мирзо бо номи Гулбаданбегим, ки чун муаллифи воқеаномаи “Ҳумоюннома” ӯро мешиносанд, духтари дигари соҳибистеъдоди Бобур Мирзо бо номи Гулчеҳра, ки баъзан ӯро Гулрух ё Гулсара низ ном гирифтаанд, машҳур аст. Модари Гулчеҳрабегим ва Гулбаданбегим Дилдорбегим буд. Гулчеҳрабегим ҳам аз ҷониби падар ва ҳам аз ҷониби модар ба қавми чиғатоии муғулҳо мансуб буда, дар синни чаҳордаҳсолагӣ ба фарзанди ҳамин насаб ба шавҳар дода мешавад. Бобур ин духтари дӯстдоштаи худро ба бародарзодааш Аҳмад пайваста, соли 1530 тӯйи арӯсии онҳоро барпо менамояд. Лекин баъди се соли зиндагӣ шавҳари Гулчеҳрабегим ба таври фоҷиавӣ кушта мешавад. Дар бораи ҳаёти ӯ маълумот хеле кам буда, танҳо дар охири умраш дар сафари ҳаҷ бо Гулбаданбегим ва Ҳамида ҳамроҳ буданаш маълум аст. Маълум аст, ки Гулбаданбегим, Ҳамидабону ва Гулчеҳрабегим ҳафт сол дар сафар буда, соли 1582 ба Ватан баргаштаанд.
Гулрухбегим низ шоира буд, гоҳ-гоҳе шеър менавишт. Дар тазкираи Могаҳ Раҳмонӣ «Парданишинони сухангӯй» оварда шудааст, ки Гулрухбегим монанди хоҳари худ Гулбаданбегим гоҳ-гоҳ шеър месароид ва ин байтро бо номи ӯ меоранд:
Ҳеҷ гаҳ он сарви Гулрухсор бе ағёр нест,
Рост будаст, он ки дар олам гули бехор нест.

Зебунисо ФАЙЗУЛЛОЕВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: