ГУЛЧИН АЗ «ҶОМИ ХАЙЁМ»-И ШОИР

Ба ифтихори зодрӯзи Лоиқ Шералӣ

Ба ифтихори зодрӯзи Лоиқ Шералӣ
Ибтидои ман — деҳи хурди Мазор,
Интиҳои ман — ҷаҳони беканор.
        Лоиқ ШЕРАЛӢ
ГУЛЧИН АЗ 
«ҶОМИ ХАЙЁМ»-И ШОИР

Мо ҳалқаи байни аввалу анҷомем,
Парвардаи асри бисту шири 
хомем.
Хайём кӣ гуфта буда безурёте,
Модом, ки мо шаҳписари 
Хайёмем.
***
Чун барқ яке дурахш андар афлок,
Бо дидаи оташину андешаи пок.
Монанди уқоб дар само бояд 
мурд,
Ҳарчанд ки оқибат фурӯ оӣ ба хок.
***
То ном физоӣ, нафси худро 
кам кун,
Одамгарӣ кун, валек бо одам кун.
Мегуфт даравгаре ба ман 
вақти дарав, 
Чун хӯшаи гандум ба замин 
сар хам кун.
***
Ин умр, ки дар паноҳи худ 
мегузарад,
Бо айби худу гуноҳи худ 
мегузарад.
Аз бом фитад яке, яке аз гардун,
Ҳар кас зи ҷаҳон ба роҳи худ 
мегузарад.
***
Бо оби ҷабин кунем таъмири 
замин,
Бо ақл раво кунем тадбири замин.
Дар рӯйи замин қадам ниҳодан 
саҳл аст,
Ё тири замин шавем, 
ё зери замин!
***
Чандон нахурам бода,
 ки гардам беёд,
Наъра накашам,
 ки зиндагӣ доду надод.
Нанг аст ба мастӣ шуҳра гаштан, 
аммо
Ҳар кас, ки чу Хайём хӯрад нӯшаш 
бод!
ДАР БУЗУРГДОШТИ УСТОД ЛОИҚ

Лоиқ касест, ки шеъри муосири тоҷикро ба асолати азалиаш баргардонд. Вай дар ин роҳ кӯшишҳои нотамоми устодон Садриддин Айнӣ, Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Ҳабиб Юсуфӣ ва Мирзо Турсунзодаро тамомӣ бахшид. Ӯ миёни шеъри имрӯзи тоҷикӣ ва осори мондагори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Ҳофиз, Саъдӣ, Мавлавӣ, Соиб ва Бедил пуле эҷод кард.
Абдунабӣ САТТОРЗОДА,
профессор.
***
Лоиқ дар Сурхондарё бо лақаби «Ҳазрати Лоиқ» шуҳрат дорад. Ба ҳар ҳол ман дар дарсҳои намунавии чандин муаллимони ноҳияи Сариосиё ва Бойсун иштирок карда, муттафиқ шудам, ки онҳо ҳангоми суҳбат ва гуфтугӯ бо хонандагони хоса аз эҷодиёти Лоиқ мисолҳо оварда, ӯро бо унвони Ҳазрат ба забон мегирифтанд...
Барои устод Лоиқ мафҳуми маҳал ва хешгароӣ бегона буд ва ӯ душмани қаттоли ин гуна заҳрпечакҳои ба ҷомиа зараровар буд. Ӯ чун фарзанди тоҷик фарзанди миллат аст ва ба ҳамаи беш аз сад миллион нафар мардуми форсизабони дунё тааллуқ дорад.
Аҳмад АБДУЛЛОЕВ,
профессор.
***
Як нишона ё аломати возеҳи шахсият ва шеъри шоир вирди забони хосу ом будани шеъри ӯ, маҳсули қалами ӯст. Аз ҳамин нигоҳ, яъне гардиши шеъри муосир дар иҷтимоъ метавон шоирони муосирро ба ду даста ҷудо кард: онҳое, ки шеърашон дар китобҳо сабт шуда, аммо ба хазинаи таърих рафтаанд, ба ҷуз муҳаққиқони шеър ва мутахассисони адабиёт дар ёду хотири умум нестанд. Шумораи ин гуна шоирон ниҳоят зиёд аст. Гурӯҳи дуюмро шоироне ташкил медиҳанд, ки бино ба камоли ҳунари шоирӣ маҳбубияти хос миёни мардум доранд.
Устод Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ аз ҳамин тоифаи суханваронанд.
Ҳафиз РАҲМОН,
файласуф ва адабиётшинос.
***
«Бояд ба эҷодиёти устод Лоиқ чун ба як адабиёт муносибат кард»
***
Ишқро ошиқ кунед,
То сӯзи ошиқро бидонад.
Шеърро шоир кунед,
То дарди Лоиқро бидонад.
ГУЛНАЗАР,
Шоири халқии Тоҷикистон.
***
Аз шеъри ту бӯйи ватанам меояд,
Хушбод ба гулбоғи танам меояд.
Ҳар қадр, ки шеъри ту равад 
болотар,
Шаҳбозсифат пар заданам меояд.
Ҷонибек ҚУВНОҚ
***
Салом, эй рафтанат ташрифи 
дигар,
Салом, урдубиҳишти тозаву тар.
Салом, эй лоиқи имрӯзу фардо.
Салом, эй шоири хуршеду дарё.
Надорам заҳра то гӯям видоят, 
Қасам бар будани беинтиҳоят.
Падарҷон, қалби танҳоям
 ятим аст,
Дилам дил нест, як гӯри азим аст.
Дилам дил нест,
 абри ҳарзагард аст.
Дар ин мурдод бас сард 
асту сард аст.
Фарзонаи ХУҶАНДӢ
***
Чун ишқ будаст ошиқи ҳастии ту,
Дар шоирӣ шуҳра шуд 
забардастии ту.
Эй Лоиқи масти шеър, 
бинҳуфта будаст.
Ҳушёрии шоирона дар мастии ту.
***
Дар маҳфили рӯзи ёдбудат, Лоиқ.
Гуфтем зи ҷону дил дурудат, 
Лоиқ.
Хондем ба сози 
«Офтобборон»-ат,
Байту ғазалу шеъру сурудат, 
Лоиқ.
Фарзон НАЗРӢ

Таҳияи КОМРОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: