ГУЛЧИНИ АШЪОР

Ба ифтихори бузургдошти 110-умин солгарди шоири маъруф ва машҳури тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон – Мирзо Турсунзода, аз тариқи нашриёти «Tamaddun» бо номи «Чароғи абадӣ» рӯйи чопро дид.

Китоб силсилаи шеръҳои шоир, ҳи-кояҳо, мақолаҳои дорои мав-зӯъ ва мазмунҳои гуногунро бар мегирад. Мавзӯъҳои муҳаббат ба Ватан, зебоиҳои табиат, меҳру оқибат, ситоиши зан, модар, тараннуми дӯстии халқҳо, панду ҳикматҳо қисми асосии ашъори шоир ба шумор меравад.
Дар китоб ҳамчунин гулчини ашъори ин шоири бузург, васфкунандаи сулҳу сафо, дӯстиву бародарӣ низ ҷой дорад. Ашъори ӯ хонандаро ба омӯхтани илму дониш ва рушду равнақи Ватан саҳм гузоштан даъват менамояд. Ин аст, ки беш аз як аср боз Мирзо Турсунзода чун шоири халқ дар эҳтиром аст ва мардуми ҷаҳон ӯро чун вассофи сулҳу сафо ба хотир меоранд.
Бояд зикр кард, ки китоб бо ташаббуси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ аз силсилаи «Накҳати сухан» зери таҳрири шоир Паймон мураттаб гардидааст.

М.МАМАҶОНОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: