ГУЛЧИНИ РУБОИЁТИ БОХАРЗӢ АЗ ЧОП БАРОМАД

Авлиёи бузург, мураббӣ, воизи пешқадами замони хеш, саҳмгузори бузурги тариқати Кубравия, шоир ва намояндаи илму ирфон Сайфиддин Бохарзӣ соли 1190 дар вилояти Бохарзи Хуросон ба дунё омада, соли 1221 дар Бухоро вафот кардааст.

 Қабри вай дар мавзеи Фатҳободи шаҳри Бухорост.
Дар бораи ин зоти табаррук, ки сазовори унвони ирфонии «Шайх-ул-олам»-ро гаштааст, дар китобҳои «Нафаҳот-ул-унс»-и Ҷомӣ, «Насоим-ул-муҳаббат»-и Навоӣ, «Аврод-ал-аҳбоб ва фулус-ул-адаб»-и Яҳё ибн Аҳмади Бохарзӣ, «Нусхат-ал-қулуб»-и Ҳамидулло Қазвинӣ, «Туҳфат аз-зоирин»-и Носириддини Тӯра маълумотҳо мавҷуданд. Дар «Туҳфат-ул-зоирин» дар бораи насаби ин зоти бобаракот чунин оварда мешавад: «Шайх Сайф-ҳақ-ваддин Абул ал-Маонӣ Саъид бин ал-Мутаҳар бин Саъид бин ал-Бохарзӣ яке аз шогирдони Шайх Наҷмиддини Кубро мебошад. Ҳазрат Шайх-ул-олам Сайфиддин Бохарзӣ «Шарҳ ал-асмаи ал-ҳусна», «Рисолаи ишқ», «Вақоъаи ал-хилват», «Рубоиёт», «Китоби аврод», «Китоби фатво ва воқеъоти ирфонӣ», «Нома ба шайх Саъдидин  Ҳамавӣ», «Васиятнома», «Рӯзнома» ном асарҳоро навиштааст». Ҷамъоварандаи ин асарҳо Одил Асир Деҳлавии Покистонӣ мебошад. 
Ба қарибӣ гулчини рубоиёти Сайфиддини Бохарзиро нашриёти ба номи Садриддин Салими Бухорӣ аз чоп бароварда, мулки китобхонон бинмуд. Он ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ пешкаши китобдӯстон гардид. Китобро аз алифбои арабиасос ба кирилӣ Сафар Абдуллоев баргардонд. Маъноҳои онро ба забони ӯзбекӣ муаллифи ин сатрҳо, Исроили Cубҳонӣ ва Шуҳрат Ҳомидӣ ба қолаби назм кашидаанд. Ин барои тоифаи китобхонони зуллисонайни мардуми Бухорои Шариф туҳфаи хубе гардид. 

Алимурод ТЕМИРОВ. 
Вилояти БУХОРО.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: