ГУЛЧИНИ ШЕЪРҲОИ НАВРӮЗӢ: АЗ АҲДИ ҚАДИМ ТО ИМРӮЗ

Китоби “Наврӯзи Аҷам“ баргузидаи ашъори наврӯзии халқӣ ва адибони муосир буда, барои дилбохтагони сухани бадеъ ва муштоқони айёми баҳору наврӯзи фараҳфизо туҳфаи навбатӣ мегардад.

Мураттибони китоб уз-ви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Нормурод Каримзода, раиси Маркази милливу фарҳангии тоҷикон ва тоҷикзабонони вилояти Самарқанд Акбар Маҳмудов кӯшидаанд то беҳтарин дурдонаҳоро ҷамъоварӣ намоянд. Таҳия ва нашри ин маҷмӯаи пурмуҳтаво ба забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ барги сабзест аз такопӯҳои судманд. 
Итминони комил дорем, ки «Наврӯзи Аҷам» ҳамчун ганҷинаи маънавӣ дар дилу дида ва арсаи мутолиаи китобхонони арҷманд эътирофи хосе пайдо мекунад.
     
Асалой САРХАТЗОДА.
САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: