Пас намегарданд (албатта, ба маънои маҷозӣ).
Шамол ба пеш мевазад, об сӯи пеш равон мегардад, корвон ҳам ҷониби пеш ҳаракат мекунад. Шумо баръакси қонуни ҳаёт амал нанамоед.
Доктор Оиз Қарнӣ
***
Қоидаи якум – мағлуб нашудан. Қоидаи дуюм – ҳамеша қоидаи якумро дар ёд доштан.
Макс Фрай
***
Одам ба моҳ монанд аст – вай ҳам доғе дорад ва мехоҳад онро ба касе нишон надиҳад.
Паоло Коэло
***
Ҳама ба ман «худатро эҳтиёт кун» мегӯянд. Касе «ман туро эҳтиёт мекунам» намегӯяд.
Маркес Кетро
МАНЗИЛИ МОДАР
– Бо иҷозати шумо, шайхи муҳтарам, саволи худро диҳам.
– Марҳамат.
– Модарам дар манзили ман бо оилаам менишинанд.
– Саволатро деҳ!
– Модарам дар манзили ман бо оилаам менишинанд.
– Саволатро деҳ, гуфтам!
– Ҷаноби шайх, барои савол ду бор сухан сар кардам, шумо гапи маро бурида, боз савол мепурсед.
– Ту бо оилаат дар манзили модарат менишинӣ, модарат дар манзили ту не!!! Акнун саволатро деҳ.
– Кифоя, ҳазратам, фаҳмидам...
Омодакунанда Ш.ГУЛРУХСОР.