– Шумо аз Нурато ҳастед? – пурсид зане баъд аз сӯзании маро дуру дароз муоина кардан.
– Шумо аз Нурато ҳастед? – пурсид зане баъд аз сӯзании маро дуру дароз муоина кардан. Сониян, маҳсулоти абрешимиро ба дасташ гирифта бо завқ хеле тамошо намуд.
– Якчанд сол пеш ман ба Нурато, Шаҳрисабз, Самарқанд ва Бухоро рафта будам, – ба гап даромад зане, ки худро Шрути шинос кард. – Аз ҳунармандони нуратогӣ сӯзанӣ ва ҷома харида будам. Ҳар дафъа, вақте ки ба ин чизҳо нигоҳ мекунам, халқи меҳмондӯст ва шаҳрҳои зебои мамлакати шуморо ба ёд меоварам. Меҳмононе, ки назди ман меоянд, низ бо завқ ин чизҳоро тамошо мекунанд. Баъд ман ба онҳо дар бораи Ӯзбекистон нақл мекунам. Имсол мехоҳам боз ба кишвари шумо равам. Агар шумо суроғатонро медодед, ман рафта, бо фаъолияти шумо аз наздик шинос мешудам.
Инро ба мо иштирокчии Фестивали 34-уми байналхалқии санъати амалии халқӣ, ки дар иёлоти Харянаи Ҳиндустон баргузор шуд, ҳунарманд аз Нурато Гулмира Исломова нақл кард.
– Ба ростӣ, ман интизор набудам, ки иштирокчиёни фестивал ба маҳсулоти мо ин қадар таваҷҷӯҳ мекунанд, – давом дод Г. Исломова. – Се рӯз пеш аз анҷоми фестивал, мо ҳама маҳсулоти худро фурӯхтем. На аз таваҷҷӯҳи мизбонон ба маҳсулоти мо, балки бештар суханони нек дар бораи Ӯзбекистон маро хуш омад. Пас аз гуфтугӯи кӯтоҳ бо хонум Шрути, ман фаҳмидам, ки сӯзанӣ чӣ қадар дар бораи кишвари мо, табиати беназири он, ёдгориҳои қадимааш нақл карда метавонад. Шрути маро ба хонааш даъват кард. Сӯзании рӯи мизи мизбонро дида, дар дилам ҳисси ифтихор аз ватанам боз афзуд.
Ҳунари сӯзанидӯзӣ ва гулдӯзиро Гулмира аз модараш омӯхтааст. Вай намояндаи насли панҷуми сулола, ки анъанаи гулдӯзиро идома медиҳад.
Гулдӯзии ҳунарманди ҷавон, ки рангҳои дурахшон ва гуногуни ороиширо ба ҳам сириштааст, ба кас завқ мебахшад.
Тасвири анор ва бодом дар гулдӯзӣ рамзи хушбахтӣ, муҳаббат, ҳамбастагӣ ва оиладӯстӣ мебошад. – Ин ҳунар ба мисли олами беназир. Ба ин кор агар даст занед, баъд аз он дил канда наметавонед. Чӣ қадаре ки кор кунед, ҳамон қадар илҳом мебахшад. Тамоми маҳсулот дастӣ тайёр карда мешавад. Риштаҳо барои гулдӯзӣ бо усули қадима тайёр мешаванд. Суханони модарам, ки таъкид мекарданд: “Агар сӯзании зебо дӯхтан хоҳӣ, танҳо дар бораи некӣ фикр кун, корро бо кайфияти аъло оғоз намо, ба он меҳр гузор ва дар он вақт бо натиҷаи корат ҳамаро ба ҳайрат мегузорӣ ”, аз хотирам намеравад.
Узви Ассотсиатсияи “Ҳунарманд” Г. Исломова соли 2017 корхонаи миллии гулдӯзӣ “Нур-сӯзана”-ро таъсис дод. Ҳоло дар ин ҷо зиёда аз 30 намуди маҳсулот дӯхта мешавад. Либосҳои занон, дастархон, болишт, курта, сӯзанӣ мувофиқи фармоиш дӯхта мешавад. Маҳсулот на танҳо дар мамлакати мо, балки дар хориҷа низ талаботи зиёд дорад. Дар корхона зиёда аз 200 шогирд-ҳунарманд кор мекунанд. Илова бар ин, барои онҳое, ки мехоҳанд ҳунар омӯзанд, маҳфил ташкил кардаанд.
Ҳангоми сӯзанидӯзӣ, ҳунарманд аз нақшҳое, ки растаниҳо ва гулҳоро тасвир мекунанд, истифода мебарад, ба омезиши созгори онҳо аҳамият медиҳад. Ҳоло ӯ бо шогирдонаш маҳсулоти гуногун аз сӯзанӣ, болин, дастархон, ҷома, либос ва сумкаи занонаро бо услуби замонавӣ истеҳсол мекунад.
Дар фестивали Ҳиндустон Гулмира Исломова барои расондани маҳсулот ба маблағи 40 ҳазор доллари ИМА шартнома ба имзо расонд.
Ш. МАМАТУРОПОВА,
хабарнигори ӮзА.