ГУЛИ БОҒИ МАЪРИФАТ

«Зани бо илму маърифат беҳтарин ганҷи мард аст». (Ҳадис)

«Зани бо илму маърифат  беҳтарин ганҷи мард аст». 
(Ҳадис)
24 августи соли 1977. Ин санаест, ки дар ҳаёти мо – 25 нафар ҷавонон бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст. Зеро мо дар ҳамин сана бо гирифтани номи  донишҷӯйи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд муваффақ шудем ва аз ҳамон дам роҳи ҳаёти навини мо, зиндагонии рангини донишҷӯиямон оғоз ёфт. 
Дар гурӯҳи мо аз вилоятҳои Намангон, Тошканд, Бухоро, Сирдарё, Қашқадарё донишомӯзон ҷамъ омада буданд. Ҳама бо якдигар бо нигоҳи саволомез нигариста, мехостем тезтар бо ҳам аз наздик шинос шавем.
Рӯзҳо гузаштанду шинос шудем ва ҳоло мехоҳам  дар бораи як нафари онҳо ҳикоят кунам.
Ин лаҳзаҳое аз ҳаёти давраи пурнишебу фарози ҷавонии ҳамкурси азизам Саида Қаюмова мебошад, ки дар хотираи ман сахт нақш бастааст. Саида Қаюмова бо чеҳраи кушод, табассуми малеҳ, ҳозирҷавобӣ ва хақиқатгӯияш аз дигар духтарон фарқ мекард. Солҳо гузаштанд ва ҳар яки мо барои худ  дугонаи наздик интихоб кардем, ман барои худ Инобат, Саида ва Сабоҳатро дугонаҳои ҳамрозу ҳамфикр гузидам.
Саида духтари қобилиятнок, ташнаи илм, дар ҳаёти факулта пешқадам ва эҷодкор буд. Одобу тарбияи ҳамидаи ӯ дарак медод, ки дар оилаи бомаърифат ба воя расидааст. Аҷибаш ӯ духтари шаҳрӣ бошад ҳам, либосҳои миллӣ пӯшида, мӯйҳояшро майдабоф мекард. Вақте ки ба хонаи Саида бори аввал барои дарстайёркунӣ рафтам, гумон кардам,ки ба ягон мадрасаи Регистон дохил шудаам. Чунки чунин хонаро фақат дар ҷойҳои таърихӣ дида будам, деворҳои нақшинкор, тоқчаҳои гуногуншакл, гулҳои рангини ҳавлӣ маро лол карда буданд. Модари Саида чеҳраи хандону чашмони шарорапош дошт. Ин зани банур ҳайрати маро дучандон кард, чунки ӯ  олимаи соҳаи хоҷагии қишлоқ, аниқтараш соҳиби ду дипломи маълумоти олӣ –  зоотехники Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Самарқанд ва муаллимаи факултаи биологияи ДДС буд.
Ҳамон рӯз дарк кардам, ки Саида барои чӣ ин қадар ташнаи илму маърифат, дилбохтаи китобу шеърият аст. Солҳое, ки мо донишҷӯ будем, аксарияти модарон дар хона бо тарбияи фарзандон машғул буданд.  Занҳои дорои маълумоти олӣ дар маҳаллаи мо набуданд, ман аввалин духтаре будам, ки дар мактаби олӣ мехонд. Ман ба ин оилаи маърифатпарвар ниҳоят ҳавас кардам. Муомила ва худдории модари Саида, таоми болаззат –  шулаи картошкадори пухтаашон як умр дар хотирам боқӣ монд. Иқрор мешавам, ки ман шуларо хуш намекардам  ва ҳатто бори аввал истеъмол карда будам, вале баъд аз он ин таомро то ҳол дӯст медорам. 
Саида як фазилати хуб дошт, бо ҳама зуд забон меёфт ва ҳамеша, таъкид мекунам, ҳамеша бо табассум сухан мекард, хақиқатро мепарастид.
Вақте ки мавсими пахтачинӣ сар шуд, Саидаро боз як бор кашф намудам. Ӯро ошпаз таъин карданд, вай ин вазифаро оддӣ қабул намуд, ҳол он ки баъзеи мо ҳанӯз таомпазиро намедонистем. Саида бошад, барои 70-80 нафар донишҷӯён рӯзе ду маротиба таомҳои болаззат мепухт ва ин вазифаро ба дараҷаи аъло адо мекард. Саида дар семинар ва анҷуманҳои илмӣ, машғулотҳои амалӣ низ фаъол, бо маърӯзаҳои пурмазмун баромадҳо мекард. Саъю кӯшиши ӯро дарк карда, роҳбарии маҳфили адабиёти Шарқро ҳам ба вай супориданд. Дар ин муддат ӯ лаёқат ва истеъдоди худро бештар намудор кард. Солҳо сипарӣ гаштанд ва мо ҳама сӯйи орзую умедҳои ширинамон раҳсипор гаштем ва бояд  иқрор шуд, муддате аз ҳаёти якдигар бехабар мондем. Ташвишу талабҳои зиндагӣ, қонунҳои нонавиштаи ҳаёт моро дар мавҷи худ гирифтанд. 
Рӯзе дар «оинаи нилгун»-и Самарқанд нақли нотиқро шунидам, ки дар бораи дастхатҳои музейи таърихии вилоят маълумот медод ва занеро муаррифӣ кард. Ҳам аз ҳайрат ва ҳам аз хурсандӣ наздиктари «оинаи нилгун» нишастам ва бовар кардам, ки дугонаи азизам Саида Қаюмоваро мебинам. Суханони сермаъно, табассуми беғубори ҳамешагӣ, либосҳои шарқона, нутқи фасеҳу равони ин зани болаёқату илмдӯст  маро лол кард. Ӯ дар бораи осори бебаҳои музей маълумот  дода, иброз дошт, ки ҳоло дар осорхона бисёр маводи омӯхтанашуда мавҷуданд. 
 Тирамоҳи соли 2009. Ман дар утоқи кориам машғули маълумотнависӣ будам, ки ногаҳон бо табассуми базеб Саида даромада омад. Пас аз пурсупос назди ман китоби худро бо номи  “Қиблаи умед ” гузошт, ки ба модари шодравонаш бахшида буд. Ин китоби ӯро дида аз фараҳ болидам ва боз як ҷиҳати наву ноёби ӯро кашф кардам. Ӯ шоираи ширинкалом ҳам ҳаст.
Моҳи январи соли 2019 ман ва Саида вохӯрӣ ташкил кардем ва аз ӯ хоҳиш намудам, ки намунаҳои эҷодашро ҳам биёрад. Мақолаҳои илмии ӯ дар бораи дастхатҳои нодири фонди музей, дар бораи эҳёи коғази Самарқанд, оид ба аҷдодамон, ки намоянда ва тарғибгари тариқати Нақшбандия дар асри XIX Самарқанд буданд, хеле мароқангез мебошанд.
Намунаҳои эҷодии ин зани дилбохтаи адабиёти Шарқ низ сазовори таҳсин буданд.
Ӯ тавонистааст ба ивази шабзиндадориву ҷустуҷӯҳо ба мақсади олияш расад ва ин ҳадис, бешак, дар хаққи ӯ гуфта шудааст.  “Зиндагӣ он аст, ки ташнагиро бо қатраҳои зулоли илму маърифат фурӯ нишонад”.
Имрӯз ӯ соҳиби оилаи калон — модари 4 фарзанди солеҳ, набераҳои ширин асту дар зиндагӣ мавқеи худро дорад. 
Баъзан беихтиёр мафтуни ситораҳои само, шефтаи гулҳои рангину муаттар мешавем, аммо бехабарем, ки дар паҳлӯямон ситорае чароғон асту нури пуртаровати ӯ чандин дилҳоро равшан месозад. Ва яке аз ин ситораҳои дурахшон, гули муаттари гулзори илм, бешак, Саида аст. 
Бигзор, ин гули доимбаҳори боғи маърифат ҳамеша шукуфон ва офтоби меҳру муҳаббати наздикон парастори ӯ бошад. 

Замира ҒАФУРОВА, 
ноҳияи САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: