«ГУЛИ РУХСОРИ ЧАКОМА» ҶАМЪБАСТ ШУД

Шоири мардумии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиеваро тавассути китобҳояш «Хонаи падар» (1973), «Шабдарав» (1975), «Афсонаи кӯҳӣ» (1975), «Дунёи дил» (1977), «Ихлос» (1980), «Оташи Суғд» (1981), «Гаҳвораи сабз» (1984), «Шӯъла дар санг» (2011), «Таронаи Ватан» (2012) ва монанди ин чи дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ва чи дар Афғонистону Эрон ва дигар мамолики дунё мешиносанд.

Аз навиштаҳои Гулрухсор бӯйи зодгоҳ, хонаи падар, айёми кӯдакию наврасӣ меояд. Насли наврас аз шеъри ӯ муҳаббат ба Ватан, диёр, инсондӯстӣ, халқпарварӣ, тарбияи фарзанд ва дигар фазилатҳоро меомӯзад. Бо шеъри Гулрухсор модар ба тифлаш алла мегӯяд, бо шеъри Гулрухсор падар ба писар насиҳат мекунад, дӯсту бародарро васф менамоем, дилдодаҳо ба якдигар муҳаббат изҳор менамоянд:
Тифл будам интизори 
навбаҳорон мешудам,
Дар хумори сабзаҳои кӯҳсорон 
мешудам.
Барфро бо дасти урён 
бо умеде рӯфта,
Дар зимистон сабзаю
 себарга ҷӯён мешудам...
Бахшида ба ашъори шоира дар мактабу донишкадаву донишгоҳҳо шабҳои шеър, суҳбату гирдиҳамоиҳо зуд-зуд баргузор мешаванд. Ба қарибӣ озмуни «Гули рухсори чакома», ки дар саҳифаи иҷтимоии «Тоҷикони ҷаҳон» эълон гардида буд, ҷамъбаст гардид. Дар он ҳаводорони шеър, дӯстдорони каломи Гулрухсор, шахсони касбу корашон гуногун фаъол иштирок карданд.
Аз рӯйи самти иштироки хонандагони мактабҳо хонандаи мактаби миёнаи рақами 173-юми шаҳри Тошканд Муҳибулло Мусулмонзода, хонандаи мактаби миёнаи рақами 44-уми ноҳияи Бӯстонлиқ Хушрӯя Эргашева, хонандаи мактаби миёнаи рақами 36-уми ноҳияи Нурато Фараҳноз Бозорова, хонандаи мактаби миёнаи рақами 46-уми ноҳияи Фориш Асилбек Қурбонов, хонандаи мактаби миёнаи рақами 14-уми вилояти Фарғона Садам Ҳайитбоев, аз рӯйи самти иштироки донишҷӯёну ҷавонон донишҷӯйи бахши тоҷикии ДДФ Сарфарози Садриддин, донишҷӯёни бахши тоҷикии ДДОЧ Марворид Абдурофеева, Ҳадиса Алиматова, аз иштирокдорони бузургсол ва касбу кори гуногун омӯзгор аз ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё Маҳзура Халилова, аз ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд Ҳусниддин Фаёзов, аз ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд Сулаймони Содиқ, ҷоизаи махсуси ифтихорӣ ба муаллима аз ноҳияи Пастдарғами вилояти Самарқанд Хиромони Усмон ва муаллима аз шаҳри Санкт-Петербург Муҳаббати Мирзораҳим аз ҷониби ҳакамони озмун  баҳогузорӣ шуданд. Чунин чорабиниҳои маънавию фарҳангӣ  аз бардавом будани забони ноби тоҷикӣ ва арзишҳои миллӣ дарак медиҳад.

Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».        

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: