ГУЛИ САРИ ҚАБР

Ҳар сол дар арафаи Рӯзи Ғалаба – 8 май хешу пайвандон, ёру дӯстон, ҳамсангару ҳамдеҳагон зодрӯзи ҷанговари байналмилал, соҳиби ордени «Ситораи сурх», шодравон Адаш Турсуновро ҷашн мегиранд.

Дар сари қабраш ва зери муҷассамааш гулҳои тару тоза мегузоранд. Агар ӯ дар қайди ҳаёт мебуд, 52-сола мешуд.
ЁДИ ОН СОЛҲО

– Хола, ҳой хола!
Аз овози ногаҳонӣ Назокатхола, ки рӯйи ҳавлӣ ҷунбуҷӯл дошт, як қад парида ба кӯча нигарист. Чашмаш ба хаткашон афтод.
– Холаҷон хурсанд шавед, – гуфт Абдураҳмони хаткашони деҳа. – Аз писаратон мактуб омад. 
Назокатхола шодикунон лифофаро гирифт. Онро бӯсида ба абрӯвонаш молид.
– Илоҳо барака ёбед, – миннатдорӣ изҳор намуд ӯ ба Абдураҳмон. – Чанд рӯз боз чашмам ба роҳи шумо интизор буд. Биёед ба хона, чой тайёр.
– Раҳмат, холаҷон, – сумкаашро ба китф гирифта гуфт хаткашон.
Модар шоду масрур вориди ҳавлӣ шуд. Мактубҳои писараш ба вай хурсандӣ мебахшиданд. Назокатхола ба чор тарафи нома чашм дӯхта чӣ кор карданашро надонист. «Бачаҷонам чиҳо навишта бошад? – фикр мекард вай. – Кай ӯ меояд?». Ӯ бо дили беқарор боз ба кӯча баромад. Наберааш Зарринаро, ки дар ҳалқаи дугонаҳояш бозӣ мекард, фарёд зад:
– Зарринаҷон, зуд биё! Аз амакат мактуб омад. Ба ман хонда деҳ.
Заррина лифофаро кушода ҳиҷҷокунон ба хондан шурӯъ намуд: «Салом модарҷон! Шумо, падарам, акаҳо, хоҳаронам сиҳҳату саломатанд? Бо кору ташвиши хона монда нашуда гаштед? Хешу табор, ҳаққу ҳамсояҳо – ҳама нағзанд?
Аз ман пурсед, хушу хурсандона хизмати ҳарбиро давом дода гаштаам. Ҳамааш хуб. Фақат шумоёнро хеле ёд кардам. Илтимос, ҳамаатон якҷо акс гирифта ба ман фиристонед. Модарҷон, шумо беҳуда ғам хӯрда оби дида накунед. Аллакай як соли хизмат гузашт. Ҳа нагуфта боз мегардам, якҷоя мешавем. Хайр. Адаши шумо».
Заррина мактубро хонда шуда ба модаркалонаш суоломез нигарист. Вай ба талаби писар аҳамият надода, оби дидаҳояшро бо нӯги остин пок мекард.
– Бибиҷон, чаро гиря мекунед? – ҳайрон шуда пурсид Заррина. – Амакам баъди як сол ба хона меоянд-ку. Ҳозир худатон фаҳмидед.
– Як рӯзашро намегӯӣ, ҷони бибӣ, – бо оҳи бадард набераашро ба оғӯш кашид. – Тобу тоқати ҷудоӣ надорам. Дадоят ҳам вақти аскарӣ буданаш маро хуб гирёнда буд.
Назокатхола инро гуфту ба хона даромад. Пас аз андаке як табақча ширинӣ бароварда ба домани Заррина андохт.
– Акнун рав, бачаҷон, ҳалворо бо дугонаҳоят хӯрда бозӣ кун!
Набера савғояшро гирифта, табассумкунон бадар рафт.
***
Як вақтҳо Адаш ҳам мактабхон буд, ба падару модараш дастёрӣ мекард. Ҳатто ҳангоми дар синфи савум хондан ба корҳои чӯпонии падараш ёрӣ медод. Рӯзе, ки вай ду бузғоларо дар хона парвариш карданӣ шуд, падар бо завқ: 
– Шери дадеш, ту ҳам чӯпон мешавӣ? – гуфта пурсид. 
Адаш бошад бо аломати тасдиқ сар ҷунбонда назди ҷонварон тохт.
Аҳли хона аз гапу рафтори кенҷаписар ба ваҷд омада хандиданд. Ин воқеа ба ёди Назокатхола омаду беихтиёр табассум кард.
– Модарҷон, табрик гӯед ҳам мешавад, – хурсандона изҳор намуд вай. – Дипломи омӯзишгоҳро гирифтам. Акнун қарзи ҷавониро адо кунам, сонӣ чӯпонӣ мекунам.
– Садқаи кенҷа-тайлоқам шавам, – Назокатхола шодикунон писарашро ба оғӯш кашид. – Кошкӣ гуфтаҳоят шавад. Нури чашму асои пириамон, ту, Адашҷон.
Баъди чанд вақт Адаш Турсуновро ба хидмати ҳарбӣ даъват карданд. Вай бо ошноҳои нави худ – Умар Аҳмадҷонов, Абдурафиқ Бобохонов ва дигарон ба поезд баромад. 

ОБУТОБЁБӢ

Адаш чӣ хел гузаштани се моҳи хизматро нафаҳмида монд. Рӯзе навбатдор хабар дод, ки барои аёдати ӯ бародаронаш Холмуроду Ӯлмас, янгааш Мубарро ва ҷиянчааш Шавкатҷони шашсола омаданд. Командир ба рухсатӣ иҷозат дод. Онҳо се рӯз ҳамроҳ шаҳри Тажани Туркманистонро сайр карданд.
Шавкатҷон, ки ба амакаш сахт дил баста буд, рӯзи гусел бо доду фиғон аз дадояш хоҳиш намуд, ки ба ҷойи Адашамак амаки дигараш – Ӯлмас монад.
Аз ин талаби писарча ҳама хандиданд.
– Шавкатҷон, хафа нашав, – ҷиянашро ба болои сар бардошта дилбардорӣ намуд аскар. – Ана-мана нагуфта хона меравам. Сонӣ ҳамроҳ боз ба боғи истироҳат меравем, хурӯсча мехарем, яхмос мехӯрем...
Шавкатҷони хурдсол ҳам, бародаронаш ҳам намедонистанд, ки ин вохӯрии вопасин  хоҳад шуд...
Баъди шаш моҳ Адаш бо рутбаи сержанти хурд ба Афғонистон рафт. Аввал дар ин бора ба наздиконаш хабар надод. Аммо аз суроғаи қисми ҳарбии мактубҳо ғайри модараш ҳама медонистанд, ки он почтаи саҳроӣ – берун аз хоки Ватан аст.
Адаш зуд бо ҳамяроқони нав дӯстӣ пайдо карда, ҳамроҳ дар амалиётҳои ҳарбӣ иштирок менамуд. Барои вай ва ҳамсангарон рӯзҳои вазнин ҳам буданду сабук ҳам. Аммо ҳеч кас аз душвориҳо наменолид.
Адаш Турсунов ҷавони чаққону бебок, зираку рамузфаҳм буд. Вай дӯсту душманро зуд фарқ мекард. Рӯзе, аз назди қисми ҳарбӣ пирамарде харакӣ чолокона, бо чашмони беҷову нигоҳи эҳтиёткорона гузашт. Ин ҳол рӯзи дигар ҳам такрор ёфт.
– Ин шахс ҷосусӣ мекунад, – ба командираш гуфт Адаш. – Иҷозат фармоед хӯрҷини ӯро аз назар гузаронем.
– Гумон одамро аз имон ҷудо мекунад, – ҷавоб дод командир. – Оё шубҳаи мо ба ӯ сахт намерасад? Мо бояд бо мардуми таҳҷоӣ риштаи дӯстӣ бандем.
– Рафиқ командир, – қатъӣ ба фикраш истод Адаш, – нигоҳаш, ҳаракатҳояш шубҳаоваранд. Мо тоҷикон «эҳтиёт – ними ҳаёт» мегӯем.
Командир лаҳзае сукут варзид ва тасдиқомез сар ҷунбонд. Дар ҳақиқат, баъди санҷиш маълум гашт, ки он марди кӯҳистонӣ пирамарди фартут набуда, бо ришу бурути сохта дар хӯрҷин аслиҳа ва аз болояш ҳезум мекашондааст.
Командири қисм барои зиракию чолокӣ Адаш Турсуновро бо Ифтихорнома тақдир намуд. 

ШАБИ ХУНИН

3-юми декабри соли 1987 дар шаҳри Бағлон хидмат идома меёфт. Адаш ва 22 нафар ҳамяроқонаш истироҳат мекарданд. Шаб аз нисф гузашта бошад ҳам, Адашро хоб набурд. Вай дар банди хаёлот гоҳ ба чапу гоҳ ба рост паҳлӯ мегашт. Ғанаб мекарду мурғи хаёлот дар зодгоҳаш – деҳаи Чоршанбеи ноҳияи Самарқанд парвоз менамуд. Пеши назараш падару модар, хоҳару бародарон, ҷиянҳои шӯхи беқарор намудор мегаштанд. Ғанаб кард. Ба нохост ҷӯйи чуқури назди дари кӯчаи ҳавлиашон намудор гашт. Вай хост, ки бо як ҷаҳише аз ҷӯй гузарад, аммо сарнишеб афтид. Адаш як қад парида аз ҷояш хест. «Ин чӣ хобе бошад?» фикр кард вай. Дигар хоб карда натавонист ва  берун баромад. Атроф сокину ором буд. Аҳён-аҳён ба гӯш аккоси саг мерасид. Адаш гирду атрофи бинои хобгоҳро давр мезад, ки ногоҳ ба назараш чанд суроб намудор гашт. «Посбонҳо куҷо бошанд?» – аз дил гузаронид вай. – Эҳтимол ҷосусҳо пайдо шудаанд».
– Ҳой, шумо кистед? – овоз баровард Адаш.
Ба ҷойи ҷавоб садои тир баланд гашт. Ҷанговари самарқандӣ синамол худро даруни хона гирифт. Аллакай аз садои тир ҳамяроқонаш ба по хеста буданд. Адаш автоматро гирифта, берун давид. Байни душманону аскарон задухӯрд ба вуқӯъ пайваст. Адаш душманро ба нишон гирифта тир холӣ кард ва ногоҳ «оҳ» гӯён ба замин афтод. Тирҳо мисли борон мебориданд. Маълум гашт, ки ифротиён нияти несту нобуд кардани аскарони моро доштаанд. Аммо, ҳушёрии Адаш Турсунов сабаб шуду онҳо ба мақсади худ нарасиданд. Тирашон хок хӯрд. Атрофи сокиту оромро овози ҷонгудози Адаш Турсунов халалдор мекард. Вай дар замин рӯйболо хобида, даст болои сина дошту хун аз байни панҷаҳояш мешорид. Вақте ки ӯро ба хона дароварда, ба болои кат гузоштанд, дилаш аз таппиш бозмонд. 

ХОБИ МУДҲИШ

Қиблагоҳаш Бурҳонамакро он шаб хоб набурд. Саҳар ғанабаш бурдааст, ки писарашро хоб дид. 
Бурҳонамак як қад парида хест. Вай парешонҳол ба назди чашма рафта хобашро ба об гуфта, рӯяшро шуст ва чашм ба кӯҳу тали Илонсой дӯхт. Акнун чашми рӯз мекафид. Файзи бомдод аслан касро хушҳолтар мекунад, аммо вай парешонхотир буд. Вай подаро берун бароварда чарониданӣ шуд. Аммо, ҳамон хоби мудҳиш хотирашро мушавваш менамуд. Он рӯз то бегоҳирӯзӣ парешонҳолу пакар буд. Ба хотираш расид, ки ҳамсараш бо аҳли оила сурат гирифта, ба Адаш фиристоданро таъин карда буд. «Пагоҳ ҳатман ҳамаро ҷамъ карда, якҷоя акс мегирем», – аз дил гузаронид ӯ. Чашми писарам ба хат интизор аст. Бо ин хаёлҳо рӯзро кӯр кард.

МЕҲМОНИ НОХОНДА

Назокатхола нав сар ба болин монда буд, ки дарвоза тақ-тақ шуд. «Дар ин бевақтии шаб, кӣ бошад? – фикр кард соҳибхона. – Падари бачаҳо аз кӯҳ омада бошанд, ё каси дигар».
Ӯ ба берун баромада амини маҳалла Азизбобо ва ду шахси ношиносро дида ҳайрон монд. 
– Янга, – забон хоида пурсид Азизбобо, – ако Бурҳон дар хона?
– Не, дар кӯҳ, – бо тааҷҷуб гуфт вай. – Эҳтимол пагоҳ оянд.
Азизбобо ба дарёи андеша ғӯта зад. Вай ба ҳамроҳонаш маънидорона, суоломез нигарист.
– Муллоака, агар ягон хидмат бошад, фармоед, – гуфт Назокатхола. – Бачаҳо ба он кас мерасонанд.
– Хидмат не-куя, – нимғурма гуфт ӯ. – Худи ако Бурҳонро диданамон даркор буд. Набошад, додараш Давлатро як бинем.
Меҳмонон ба дарвозаи шафат гузаштанд, дар он ҷо додари Бурҳонако истиқомат дошт.
Лаҳзае нагузашта Давлатамак дар назди дар пайдо шуд. Вай бо меҳмонон самимона вохӯрӣ карда, ба хона таклиф намуд.
– Бародар, дунё бевафо будааст, – аз дур гап сар кард Азизбобо. – Писари Бурҳон ҷавони аҷоиб  буд, аз вай мӯрча ҳам озор намедид. Инҳо аз қисми ҳарбӣ, ҷасадашро овардаанд. 
Назокатхола, ки дари кӯчаро қулф мекард, ин гапҳоро шунида гӯшҳояш якбора қулф заду аз ҳуш рафт.
Бо кӯмаки табибон ба ҳуш омада дид, ки дар ҳавлӣ доду фиғони ҳозирон ба фалак мепечад. Ӯ наҳвакунон худро ба болои ҷасади писари 19- солааш партофт ва он шаб то субҳи содиқ оби дида рехт. Гоҳ ба худ буду гоҳ бехуд...


ҚАҲРАМОНОН НАМЕМИРАНД

Замоне аз оғози соли хониш дар вақти ҷамъомади пешоҳангони мактаби таълими умумии рақами 34-ум овози сардори отряди синфи чорум ҷарангос мезад.
– Гурӯҳи ҷавонони ба номи Адаш Турсунов дар ҷамъомади имрӯза бо иштироки ҳама тайёр аст. Ҷанговари байналмилал, аскари ҷасур ҳангоми адои вазифаи байналмилалӣ дар Афғонистон қаҳрамонона ҳалок гардид.
Як гӯшаи мактабро лавҳаи ёдгорӣ, ки акс ва дигар ҳуҷҷатҳои Адаш Турсунов буданд, зеб медод. Дар он ҷо мактуби командири баталони шаҳиди диёри афғон майор Э.В.Юхно буд, ки навиштааст:
 «Муҳтарам, Бурҳонако!
Писари шумо Адаш баъди хатми қисми омӯзишгоҳи махсус барои давом додани хизмати ҳарбӣ ба Афғонистон фиристода шуд. Тақдир ӯро бо баталони мо пайваст. Вай бо хислатҳои некаш ба зудӣ соҳиби ҳурмати ҳозирон гашт. Дар муддати кӯтоҳ мутахассиси соҳаҳои гуногуни ҳарбӣ шуд. Яроқ ва аслиҳаҳое, ки дар ихтиёраш буданд, истифодабарии онҳоро ба дараҷаи аъло медонист. Барои сидқидилона иҷро намудани супориш аз тарафи командирҳо якчанд маротиба ташаккурномаҳо гирифтааст.
Вай дар ҷанги шадид қаҳрамонона ҳалок гашт. Аммо ҷасорати ӯ дар саҳифаҳои ҷанговарони қисми ҳарбии мо солҳои сол хоҳад монд».
Ҳамдеҳагонаш кӯчаи марказиро ба номи ӯ гузоштанд. Аммо сад афсӯс, ки ҳоло бо баъзе сабабҳо гӯшаи хотира нест.
Мардуми қадршиносу сипосгузори деҳаи Чоршанбе бо дастгирии собиқ ҳокими ноҳияи Самарқанд Раҳима Ҳакимова (ҷояш ҷаннат бод!) дар назди ҳавлии ӯ муҷассамаашро гузоштанд. Ҳар сол дар арафаи Рӯзи хотира ва қадр пояи он аз гулҳои тару тоза пур мешавад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: