ГУЛИ САРИ САБАД БУД

6-уми ноябри соли 1990 хабари аз олам нобаҳангом чашм пӯшидани шоири зуллисонайн, инсони хоксору дарёдил, устод Ҷонибек Қувноқ расид.

6-уми ноябри соли 1990 хабари аз олам нобаҳангом чашм пӯшидани шоири зуллисонайн, инсони хоксору дарёдил, устод Ҷонибек Қувноқ расид. Зуд як гурӯҳ ёру дӯстон, мухлисону шогирдон барои ба роҳи охирин гусел намудани ӯ аз Самарқанд ҷониби деҳаи Порашти кӯҳпояи Нурато рахти сафар бастем. Авҷи тирамоҳ буд, ки талу ёнаҳои Нурато хароб ба назар метофт.
– Инсон ҳам мисли растанист, вале умрашро дида хазон шавад буд, – ба атроф зеҳн монда гуфт Муқимҷон Орифӣ. – Ман гулпарвар ва инро нағз медонам. Ҷонибекако гули сари сабад буд, аммо сад дареғ бармаҳал аз олам даргузашт. Марги шоири хушбаёни мо барои адабиёт талафоти бузург аст.
– Додарам Ҷонибек барои ба табъ расидани китоби «Гулдастаи Самарқанд» низ хидмати шоиста кард, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд Аслиддин Қамарзода. – Мо ният доштем, ки боз чанд асари адибу навқаламони вилоятро нашр кунем, аммо...
Мошин ба пеш метохту ҳолати тоқатфарсои хомӯшӣ ба миён омад. Ҳамин дам вохӯрии аввалинамон бо устод Ҷонибек Қувноқ пеши назарам ҷилвагар гашт. Пас аз хидмати ҳарбӣ устодам дар соҳаи журналистика – Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода ба ман маслиҳат дод, ки ба идораи рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик») равам. Шогирди ӯ шодравон Хӯҷамурод Қӯлдошев маро хуш пазируфт ва то утоқи кории сардабир Шавкат Ниёзов роҳбалад гардид. Вале изҳор дошт, ки наметавонад маро дар қайди шаҳр гузорад. Тарбузам аз бағал афтода бошад ҳам, бо чанд нафар ходимони рӯзнома, ки тавассути «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ғоибона шинос будам, рӯ ба рӯ шудам. Яке аз онҳо раҳматӣ Ҷонибек Қувноқ буд, ки суҳбатамон зуд қаймоқ баст. Вай аз ҷузвдон чанд лавҳа ва ҳикояҳои каминаро гирифта маслиҳатҳои муфид дод.
– Ҳикояи «Ниҳол» хуб аст, – бо табассуми базебаш гуфт ӯ, – вале он бояд «сабзида» дарахт шавад, нашъунамо ёбад.
Ман маънои суханони ӯро фаҳмидам. Сипас, ӯ ҳар гоҳ ба Самарқанд ояд, ё ман ба Тошканд равам, ҳатман дидор медидем.
Бояд таъкид намуд, ки устод Ҷонибек Қувноқ ба бисёр навқаламон ҳаққи устодӣ дорад. Худ низ пули дӯстӣ буд байни адабиёти тоҷик ва ӯзбек. Вай ба ду забон озод эҷод мекард ва дар ин самт анъанаи неки аллома Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоиро идома медод. Ӯ асарҳои шоирону нависандагони тоҷикро ба ӯзбекӣ ва навиштаҳои намояндагони адабиёти ӯзбекро ба тоҷикӣ баргардонда, риштаҳои дӯстии ду халқро мустаҳкам кардааст.
Воқеан, Ҷонибек Қувноқ эҷодкори серкору сермаҳсул буд ва нақшаҳои зиёде дошт, ки кори ӯро шогирдонаш идома медиҳанд.
Бояд гӯям, ки мо ба ҷанозаи шоири ноком расида натавонистем. Аввал роҳгум задем, сипас, мошин чанд муддат вайрон шуд. Ниҳоят ба деҳаи Порашт омада, сари қабраш рафтем ва дуои фотиҳа кардем. Кори неку номи неки ӯ чун асарҳояш ҷовидонист.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: