ГУЛИСТОН КОРШИНОСОН ВА ДОСТОНСАРОЁНРО ГИРДИҲАМ ОВАРД

6-8 майи соли равон дар шаҳри Гулистон Ҷашнвораи III байналмилалии ҳунари достонсароӣ баргузор гардид.

Вазорати фарҳанг ва туризми Ӯзбекистон, муассисаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО), ҳокимияти вилояти Сирдарё ва Ташкилоти байналхалқии фарҳанги турк муассисони ҷашнвора буданд.

Тибқи муқаррарот ин ҷашнвораи байналмилалӣ дар ду сол як маротиба баргузор мегардад. Ҷашнвораи аввали достонсароӣ соли 2018 дар шаҳри Тирмиз баргузор шудааст. Аммо ба далели пахши пандемия ҷашнвораи дуюми ин санъати беназир баъди танаффуси сесола – соли 2021 дар шаҳри Нуқус ба вуқӯъ пайвастааст.  
Дар ҳошияи ҷашнвора конфронси илмӣ-амалӣ роҳандозӣ шуд, ки фолклоршиносони маъруфи Тоҷикистон, Эрон, Маҷористон, Кореяи Ҷанубӣ, Русия, Туркия, Озарбойҷон, Покистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон ширкат карданд. Вазири фарҳанг ва туризм Озодбек Назарбеков санъати бахшигарӣ ё достонсароиро моли халқҳои гуногун арзёбӣ карда, афзуд, ки ин ҳунари воло ба ҳайси сарчашмаи сарватҳои бебаҳои тамаддун ва фарҳанги башарият муаррифӣ шудааст.  
– Санъати достонсароӣ асолати миллии халқҳои гуногун, забон, расму ойин ва анъанаҳоро дар худ таҷассум намуда, ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги аҳли башар дорои аҳамияти вижа мебошад. Ин намуди санъати муҳим намунаи мероси фарҳангии умумиҷаҳонист ва аз умумияти решаҳои таърихӣ, хислату фазилатҳои неки инсонӣ, ҷидду ҷаҳди онҳо барои барқарории зебоиҳо шаҳодат медиҳад, – изҳор намуд О. Назарбеков.
Ба таъкиди ӯ ҷои шубҳа нест, ки вазифаи муқаддаси ҳар як шахсияти илмиву фарҳангӣ ва санъатшиносӣ ҳифз намудан ва ба ояндагон мерос гузоштани ин сарвати маънавӣ-классикӣ ва намунаҳои нодири он мебошад. 
– Шаҳри Гулистон низ хеле шаҳри қашангу зебоест. Он қалби моро бо табиати хушу гуворо, озодагӣ ва меҳмоннавозии худ тасхир намуд. Дар ин ҷашнвора як гурӯҳ достонсароёни эронӣ низ мушорикат доранд, ки умедворам ҳунари онҳо мавриди таваҷҷӯҳи шефтагони ин намуди санъат қарор хоҳад гирифт, – иброз кард коршиноси эронӣ Фаҳима Шаъбонӣ.
Дар конфронс маърӯзаҳои зиёд ироа гардид. Намояндагони кишварҳои гуногун дар атрофи санъати достонсароӣ фикрҳои ҷолиб баён карданд. Дар фарҷоми он дар бораи дурнамои санъати достонсароӣ изҳороти вижае интишор шуд, ки дар он зарурати амиқтар омӯхтан ва таҳкими асосҳои илмию амалии ин соҳаи санъат, бозсозӣ ва рушди усулҳои иҷрои достонсароӣ, гузашта аз ин, фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои ҷавононе, ки ба ин намуди санъат шавқу рағбат доранд, хеле равшану возеҳ таъкид ёфтааст. 
Дар давоми се рӯз саҳни васеи Театри мусиқӣ-драмаи вилоят ҳамеша аз мардум лабрез буд, зеро дастаҳои ҳунарии 14 вилоят ва Ҷумҳурии Қароқалпоқистон он ҷо дар алоҳидагӣ саҳна ороста, ба мардуми шаҳр ва меҳмонони он рақсу таронаҳои марғуб тақдим намуданд. 
Шоми 6 май дар амфитеатри ба номи Шоири халқии Ӯзбекистон Тӯра Сулаймон  маросими ифтитоҳи Ҷашнвораи сеюми байналмилалии достонсароӣ баргузор гардид. Одил Абдураҳмонов паёми Президент Шавкат Мирзиёев ба иштирокчиёни Фестивали III байналмилалии достонсароиро қироат намуд. Дар идомаи маросими идона аъзои дастаи «Сабо»-и бахши Филармонияи давлатии Ӯзбекистон дар вилояти Ҷиззах намоишномаи театркунонидашудаи мусиқии «Ибтидо»-ро ба намоиш гузоштанд. Баъд дастаҳои тарона ва рақси «Лазгӣ» ва «Шодлик», инчунин, ҳунармандони Театри драма ва мусиқии академии опера ва балети Қароқалпоқистон, дастаи рақсии «Мавҷи Бухоро»,  дастаи фолклорӣ-этнографии «Бойсун», дастаи овозхонону навозандагони «Мақом»-и ба номи Юнус Раҷабӣ ин маросимро шукӯҳи тоза бахшиданд. 
Дар ҳошияи ҷашнвора растаҳои ҳунармандон ташкил карда шуд, ки аз чаҳор гӯшаи ҷумҳурӣ ҳунармандон ташриф оварда, маҳсулоти гуногуни дастиро ба тамошо ва эътибори харидорон гузошта буданд. Дар яке аз хиёбонҳои бузурги шаҳр мусобиқаи байни ошпазҳои  шаҳри Тошканд, вилоятҳо ва Ҷумҳурии Қароқалпоқистон доир гардид. Ҳар як гурӯҳ хӯроки минтақаи худро пухта, ба аъзои доварон ва мардум пешкаш намуд.  
Дар ниҳояи ҷашнвора ба ғолибони санъати достонсароӣ мукофотҳо супурда шуданд. Достонсарои Ӯзбекистон Илҳом Норов барандаи ҷоизаи асосии ҷашнвора – Гран-при шуда, 7 ҳазор доллари амрикоиро азхуд намуд.
Намояндаи Қирғизистон Рисбай Исаков, Русия – Самдам Арис, Ӯзбекистон – Саломат Аяпов ва намояндаи Туркманистон Даряктӣ Сариев ҷои аввалро ба даст оварданд ва ҳар кадоми онҳо бо диплом, 2 ҳазору 500 доллари амрикоӣ ва мукофотҳои қиматбаҳо сазовор гардиданд.
Ҷойи дуюм насиби Херослав Дмитров – Булғория, Сарвар Камол – Ҳиндустон, Нугзар Кавкарадзе – Гурҷистон, Расулбек Абдураҳмонов – Ӯзбекистон шуд. Ба онҳо 1 ҳазору 750 долларӣ тақдим гардид. Намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Ши Ҷа Сун, Муғулистон – Эрдане Вайсун, Қазоқистон – Серик Ҷаксиқулов ва намояндаи Ӯзбекистон Дилмурод Гулмуродов мақоми 3-юмро ишғол карданд. Ба онҳо 1 ҳазору 250 долларӣ мукофоти пулӣ ва диплом супурда шуд.
Як гурӯҳ иштирокчиёни ҷашнвора бо диплом ва мукофотҳои қиматбаҳо сазовор дониста шуданд. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Шаҳри ГУЛИСТОН. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: