«ГУЛОБИ ВАҲДАТ»

Деҳаи Зархона қабои идона ба бар карда буд.

Табиати дилфиреби зебояш қалби ҳар бинандаро тасхир мекард. Кӯҳҳои сарбафалаккашидааш ҳанӯз барфпӯш буд. Дарахтони боғ ҳама майли мевакунӣ доштанд, ки аз саропо ғарқи гул буданашон далолат медод. Аз дур садои шир-шири оби ҷӯй ба гӯш мерасид. Ин ҳама зебоиҳои табиат ба ҳусни деҳа ҳусн зам мекард. Вақте ки вориди деҳаи зебоманзари Зархона шудем, меҳмонон сараввал марқади фарзанди фарзонаи ин диёр Аҳмадҷон Махдуми Шоҳмуродзодаро зиёрат намуда, аз Қуръони шариф оятҳо қироат намуданд. Баъд сӯйи мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 13-и ноҳияи Сариосиё роҳ пеш гирифтем. Сабаби ба ин деҳаи зебоманзар қадамранҷа намудани эҷодкорон тақдимоти китоби эҷодкори варзида ва марди хушгуфтор Муҳаммадҷон Раҷабӣ – «Гулоби ваҳдат» буд, ки дар хонаи эҷодии табъу нашри «Маҳорат» аз чоп баромадааст. Дар ин китоби пурганҷ очерку ҳикоя ва шеъру ҳаҷвияҳои солҳои гуногун эҷоднамудаи муаллиф гирд оварда шуда буданд. Хонанда пас аз мутолиаи китоб дар бораи одаму одамгарӣ, меҳнатдӯстию ростқавлӣ сабақи зиндагӣ мегирад. Очеркҳо, ки асосан дар бораи ҳаёти бунёдкорони иншооти обу барқи Туфаланг ҳикоят мекунад, барои ҷавонон ибрат хоҳад шуд. Ба муносибати нашри ин китоби нодир, дар зодгоҳи эшон, дар мактабе, ки омӯзгор Муҳаммадҷон Раҷабӣ кору фаъолият кардааст, маҳфили адабӣ бо иштироки сармуҳаррири нашриёт, узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Асадуллоҳ Исмоилзода, сармуҳаррири рӯзномаи «Ховар» Олими Панҷизода, шоиру нависандагон Ӯғулой Ҷӯрабоева, Чоршанбеи Деҳнавӣ, Розия Бадалова, Мусулмон Ғафуров, омӯзгори фанни забон ва адабиёти мактаби рақами 7-уми ноҳияи мазкур Маҳкам Ҷаъфаров ва тамоми фарзандону шогирдони эшон ширкат варзиданд. Асадуллоҳи Исмоилзода дар аснои сухан оиди кору фаъолияти ин марди хирад, ки тамоми зиндагии хешро сарфи таълиму тарбияи насли наврас намуда, шогирдонро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намудааст, аз номи шогирдон изҳори сипос намуд. Хонандагон аз ашъори шоир шеърҳо қироат намуданд. 
Барои рангоранг гузаштани маҳфили адабӣ омӯзгори фанни мусиқии мактаби мазкур аз эҷодиёти шоир сурудҳо баҳри мухлисон пешкаш кард, ки ин боз ба ҳусни маҳфил ҳусн зам кард. Дар фарҷом устод Муҳаммадҷон Раҷабӣ ба ҳамаи шогирдон, меҳмонон ва онҳое, ки дар нашри китоб саҳмгузор буданд, махсусан, ба фарзанди фарзонаи миллат Абдуғанӣ Сангинов, ки барои табъу нашри китоб хеле хидмати шоён намудааст, арзи сипос намуд. 
Шоире фармудааст:
Эй пири хушзарофат, устод, 
зинда бошӣ,
Эй кони панду ҳикмат, устод, 
зинда бошӣ.
Бар ташнагон бихонӣ, 
абёти шеъри рангин,
Ровии хушназокат, устод, 
зинда бошӣ.

Саодат САНГИНОВА, 
директори мактаби рақами 82-юми ноҳияи Сариосиёи
вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: