Гулрухсор САФИЕВА

Ёдбуди ёд

Ёдбуди ёд

Ҳар гаҳе аз барф озар ёфтӣ, ёдам бикун,
Ахтаре дар санги мармар ёфтӣ, ёдам бикун.
Дар азои боғ, чун доғи хазони сӯхта
Лолае дар нолаи тар ёфтӣ, ёдам бикун.
Арчаи садсола марги хешро гиряд хамӯш, 
Хандаи гулғунчаи тар ёфтӣ, ёдам бикун.
Дар сиришти сабзхушкон хуни оташ мурдааст,
Аз нигоҳе умри дигар ёфтӣ, ёдам бикун.
Аз сарафшонии ман ҷуз ту касе огаҳ набуд,
Зери пойи бесаре сар ёфтӣ, ёдам бикун.
Ҳар гаҳе дар чеҳраи пажмурдаи дилмурдае
Як Гули Рухсори дигар ёфтӣ, ёдам бикун.
Мову ту гумгаштаи оғозу анҷоми худем,
Мисрае аз Рӯдакӣ гар ёфтӣ, ёдам бикун.

Нуру нор
Ғуруб асту тулӯъи ховарам деҳ,
Зи нури ғарб нори ховарам деҳ.
Ҳазорон чашми нобӯсида дорам,
Зи кайфи як нигоҳе кайфарам деҳ.
Дили ман кӯзаи зардоби ишқ аст,
Зи ашки васлу ҳиҷрон соғарам деҳ.
Мане, ки кишвари сад дил кушодам,
Зи ишқи шоҳмарде кишварам деҳ.
Зи дунё ишқ мехоҳам, дигар ҳеч,
Зи ҳече ҳосили баҳру барам деҳ.
Зи фардое, ки бо дирӯз қаҳрист,
Умеди сабзи хуршедофарам деҳ.

Вақте ки ман зебо будам...

Вақте ки ман зебо будам, дунёи ман зебо набуд,
Дар дафтари сабзи ғазал пайғоми Мавлоно набуд.
Дар хандаҳои гулдара, дар нағмаҳои бефара
Нури булӯри шаршара дурри шарарафзо набуд.
Моҳи асал буд беасал, девони рӯъё бемасал,
Дар ҷилваи тасвирҳо дирӯзро фардо набуд.
Вақте ки ман фар доштам, аз меҳр афсар доштам,
Дар пойи дил сар доштам, чашми фалак бино набуд.
Вақте ки базморо будам, дар хандаам ғам мегирист,
Байни замину осмон монанди ман танҳо набуд.
Вақте ки ман даф мезадам, каф мезадам, таф мезадам,
Дар хонақоҳи ошиқон шӯри малак барпо набуд.
Вақте ки ман шайдо будам, дар зарраҳо пайдо будам,
Шайдои ман пайдо набуд, пайдои ман шайдо набуд.
Вақте ки байни ишқу ман хуршед будӣ чархзан,
Дар маҳшари рақси самоъ шамсулҳақу Мавло набуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: