Гунҷишки булҳавас

Гунҷишке дар шохи гулбуни садбарг маскан гирифта буд.

Гунҷишке дар шохи гулбуни садбарг маскан гирифта буд. Булбуле дар шохи дигари ин гулбун ғулғул дошт. Хониши андалеб ҳар дафъа тағйир меёфт. Гунҷишк худ ба худ мегуфт: шаклу шамоили булбул аз сурате, ки ман дорам, бартарӣ надорад. Сару гарданаш, чашмону минқораш, пару боли пайкараш азони ман барин. Пас, чаро ман дар овозхонӣ монанди вай набошам.
Гунҷишк бо ин ҳавову ҳавас дар шохи гулбун ба хониш оғоз намуд: чириқ-чириқ, чириқ-чириқ,  чириқ-чириқ. Вай кӯшиш мекард, ки монанди ҳазордастон ҳар дафъа савти нав гӯяд. Вале аз минқори гунҷишк ҳамин як оҳанг берун мешуд: чириқ-чириқ, чириқ-чириқ, чириқ-чириқ.
Паррандагон дар шохи дарахтон қарор гирифта, кори гунҷишкро тамошо мекарданд. Онҳо аз ин шуғли гунҷишк ҳайрон шуда мегуфтанд: магар ин гунҷишк девона аст, ки сурудаҳои ҳазордастонро такрор карданист. Вале гунҷишк ҳамчунон ҷаҳд мекард, ки булбулвор хонад. Аз касрати ин шуғл забонаш варам карду минқораш хаста шуд. Гунҷишк аз нобарории хонишаш ғамгин шуд ва хотираш аз нотавонӣ мушавваш гашт. Дилаш ба риққат омаду аз чашмонаш дури хушоб ба барги гули садбарг рехтан гирифт.
Дар ин вақт чашми гунҷишк ба зоғе афтид, ки қадамҳои калон-калон гузошта ба сӯйи киштзор мерафт. Як қадами вай баробари даҳ-дувоздаҳ қадами гунҷишк буд. Дар сари гунҷишк ҳавову ҳаваси дигар – зоғона гаштан пайдо шуд. Акнун гунҷишк зоғона қадам гузоштанро машқ мекард. Вай барои зоғона қадам гузоштан чунон ҷидду ҷаҳд мекард, ки ҳар бинанда бо тааҷҷуб гиребон медошт. Гунҷишк насабу ҳасабашро фаромӯш карда, тасаввур менамуд, ки вай зоғ аст. Гунҷишк кӯшиш мекард, ки бо қадами зоғ ҳамранг бошад. Вай бо тамоми қуввае, ки дошт, ба иҷрои ин кор пардохт. Дар вақти иҷрои ин кори барои гунҷишкон ғайриимкон миёни ду пояш дарид ва ӯ беҳолона ба канори роҳ афтид. Паррандагон ин кори гунҷишкро, ки ба тавонаш мувофиқат надошт, назора мекарданд. Ҳоло захмӣ шудани гунҷишкро дида бо афсӯсу надомат сар меҷунбониданд. Яке аз онҳо мегуфт, ки гунҷишк шиша ба сандон мезад, зеро кори пешгирифтаи ӯ аз имкони гунҷишкон берун буд. Аз ин сабаб гунҷишк захмӣ шуд. Беҳуда нагуфтаанд: «зӯри беҳуда миён шиканад».
Шукр кун ба додаи Ҳақ ҳар нафас,
Ҷон, машав бандии шуғли булҳавас.

Малик КАБИРОВ,
ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд.  


 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: