«ГӮР СӮЗАДУ ДЕГ ҶӮШАД...»

ё оқибати шигифтангези шитобзадагӣ дар кори тарҷумаи китобҳои дарсӣ

«Забони давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон забони ӯзбекӣ мебошад. Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба забон, урфу одат ва анъанаҳои ҳамаи миллату халқиятҳое, ки дар қаламрави Ӯзбекистон умр ба сар мебаранд, арҷ мегузорад, барои рушди онҳо шароит фароҳам меоварад».

(Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 
боби I, моддаи 4).
***
«Халқҳои таҳҷойӣ ҳуқуқ доранд, ки бо забони модариашон низоми таълим ва муассисаҳои тадрисии худро ташкил намоянд ва таҳти назорат қарор диҳанд. Ин назорат ба он хотир аст, ки бояд усули тадрису таълим ба махсусияти фарҳангии халқҳои таҳҷойӣ ҷавобгӯ бошад».
***
«Давлат бо иштироки халқҳои таҳҷойӣ, ба мақсади он ки шахсони ба халқҳои таҳҷойӣ мутааллиқ, хоссатан бачаҳо, аз он ҷумла гурӯҳҳое, ки дар ҷамоати худ умр ба сар намебаранд, бино ба вижагиҳои (махсусият) маданияту анъанаҳояшон ба таълим бо забони модарии худ фаро гирифта шаванд, чораҳои амалӣ меандешад».

(Моддаи 14-уми «Декларатсияи СММ доир ба ҳуқуқи халқҳои таҳҷойӣ», 13 сентябри соли 2007).
Роҳбари мамлакат боре бо камоли ифтихор гуфта буд, ки дар кишвари мо бо ҳафт забон таълим  гирифтани фарзандони халқ ҳодисаи нодир аст. Боиси шукргузорист, ки барои таъмини мактабҳои миллӣ, аз ҷумла мактабҳои тоҷикӣ, бо китобу барномаҳои таълимӣ ҳар сол аз буҷети давлат маблағи калон ҷудо карда мешавад. Ин маблағҳо, асосан, барои табъу нашри китобҳо ва тарҷумаи китобу дастурҳои дарсӣ аз дигар забонҳо ба забонҳои миллӣ, аз ҷумла забони тоҷикӣ, масраф мегарданд. 
Чанде қабл аз Маркази таълими ҷумҳурӣ хоҳиш карданд, ки тарҷумаи китоби дарсиеро ба зимма гирам. Пурсидам, ки барои тарҷума чӣ қадар вақт дода мешавад? Гуфтанд: «Даҳ рӯз». Даҳ рӯз? Хонандаи азиз, мутахассисони соҳа, худ қазоват намоед, магар мешавад дар муддати даҳ рӯз як китоби дарсиро, ки асари фундаменталист, аз як забон ба забони дигар бо сифати баланд тарҷума кард? Ба мақсади рӯшанӣ андохтан ба масъала роҳи Маркази таълими ҷумҳуриро пеш гирифтам. Роҳбарро пайдо накардам. Гуфтанд, ки ба дунболи коре рафтааст. Бале, ҳоло роҳбаронро дар дафтари кориашон пайдо кардан душвор. Ҷонишини маркази таълим Азизбек Ортиқов инҷонибро қабул кард. Вақте қазияро фаҳмондам, гуфт, ки тартиб чунин аст, мо аз муддати пешбинишуда (10 рӯз) вақти зиёд дода наметавонем. Ва илова намуд, ки марказ, ҳатто, метавонад як китоби дарсиро барои тарҷума ба даҳ нафар тақсим карда диҳад. Зеро, баъди тарҷумаи китоби дарсӣ, корҳои тасҳеҳу таҳрир вақти зиёдро мегиранд. Бояд хонанда китобро сари вақт дастрас намояд. Ҳарчанд гуфтам, ки дар муддати 10 рӯз тарҷума кардани китоби дарсӣ кори сангин аст, бояд камаш як моҳ вақт дода шавад, сифати тарҷумаҳо омӯзгоронро қонеъ намекунад, ин кор ба дилхунукшавии падару модарон ва омӯзгорон аз мактабҳои тоҷикӣ оварда истодааст, суханам бенатиҷа монд. Вақте пурсидамаш:  «Ба сифати тарҷумаи китобҳои дарсӣ кӣ ҷавоб медиҳад?» Гуфт: «Тарҷумон». Аҷиб, тарҷумонҳоро Маркази таълими ҷумҳурӣ интихоб менамудаасту ба сифати тарҷума тарҷумонҳо ҷавоб медодаанд. Тарҷумонҳои тоҷик дар ҷумҳурӣ худ ангуштшуморанд, вале ҷонишини роҳбари Маркази таълим, агар зарурат пайдо шавад, «як китобро барои тарҷума ба даҳ нафар тақсим карда медодааст». Кош, ҳамин хел мекард. Вале...
Солҳост, ки вазъият тағйир намеёбад. Тарҷумонҳоро Маркази таълими ҷумҳурӣ интихоб менамояд, онҳо бино ба муддати пешбинишуда китобҳоро шитобзада тарҷума мекунанд ва китобҳои дарсӣ «сари вақт» рӯйи чопро мебинанд. 
Доир ба паст будани сифати китобҳои дарсӣ рӯзномаи «Овози тоҷик» матолиби зиёде ба дасти чоп дод. Омӯзгорон дар навиштаҳои худ аз сифати пасти тарҷумаҳо сухан ба миён овардаанду муддати кӯтоҳи аз ҷониби Маркази таълими ҷумҳурӣ пешбинишуда (10 рӯз) паси парда мондааст. Вале набояд ин манзара, ки сабаби паст шудани сатҳу сифати тарҷумаҳо мегардад, дар паси парда монад. Бояд Вазорати таълими халқи ҷумҳурӣ пеши роҳи ин шитобзадагӣ ва ҳатӯлкориро гирад. Сабаби пӯшида шудани гурӯҳу мактабҳои тоҷикӣ зиёданд. Фикр мекунем, ин ҳолат низ, ки аз беэътиноӣ ва беэътибории вазорат аст, сабаби дилхунукшавии падару модарон ва омӯзгорон аз мактабҳои тоҷикӣ мегардад. 
Инак, барои исботи гуфтаҳои болоӣ, аз мақолаҳои танқидии дар рӯзномаи «Овози тоҷик» рӯйи чопро дида иқтибосҳо меоварем. 
«Ба қарибӣ китоби дарсии «Геометрия» (Барои синфи 7, муаллифон Б. Хӯҷаев ва дигарон, тарҷумон Ҳ. Комилҷонов, муҳаррир К. Ҳакимов) дастраси хонандагон гардид, — менигорад омӯзгори тоифаи олии физика ва математикаи мактаби миёнаи таълими ҳамагонии рақами 43-юми ноҳияи Нурато Абдусалим Ғафуров (Ниг. рӯзномаи «Овози тоҷик», 11 феврали соли 2006, №12). — Китоб бо ороиши хуб чоп шудааст. Вале, вақте ки онро варақ задем, камбудиҳои зиёде ба назар расид. Дар баробари ҷумласозиҳои ғайриграмматикӣ ба хатоиҳои ҷиддӣ роҳ дода шудааст. Дар баъзе саҳифаҳо ҷумлаҳо дағал тарҷума шуда, барои хонандагон душворфаҳманд. Масалан (саҳ 30): «Порчаи нӯгҳои камонро пайвасткунанда хордаи кашидаистояндаи камон номида мешавад. Ҳол он ки онро хордаи такякунандаи камон номидан мумкин буд». Дар саҳифаи 49 дар мавриди тести 16 чунин навишта шудааст: «Давра ба се камон ҷудо карда шудагӣ буда, кунҷҳои марказии ба онҳо мувофиқ ба ададҳои 1,2 ва 6 пропорсионал аст...» Онро чунин навиштан хубтар буд: «Давра ба се камон ҷудо шудаааст, ки кунҷҳои марказии онҳо мувофиқ  ба ададҳои 1,2 ва 6 мутаносибанд...».
Дар китоб баъзан ҷумлаҳое вомехӯранд, ки тамоман маъно надоранд ё маънои аниқ надоранд. Масалан, дар саҳифаи 55 чунин ҷумла оварда шудааст: «Агар фарз кунем, ки хатҳои АВ ва СД дар нуқтаҳои N ва N1, бояд ду хатҳои рости АВ ва СД гузарад» ва ё аз шарти машқи 390 (саҳ. 97) кунҷи кунди тарафҳои мувофиқаш параллел шудаанд...». Шарти дуру дарози машқи 394 маънои аниқ надорад ва сухан дар бораи кадом хати рости «а» меравад, маълум нест».
Инҷониб низ аз ин ифодаи подарҳаво чизе нафаҳмидам. Пас, вой ба ҳоли омӯзгоре, ки дар фаҳмидан ва фаҳмондани маънои ин гуна ҷумлаҳои муғлақ оҷизӣ мекашад. 
Муаллиф дар мақолааш перомуни саҳву хатоҳои дурушту дағали китоби дарсии математикаи ҳамин синф низ изҳори ақида менамояд. Дар поёни навишта ба хулосае меояд, ки «... ин гуна китобҳоро бояд шахсони соҳибихтисос ва дар соҳаи илм варзида тарҷума намоянд». Ин «бояд»-ро ходимони масъули Маркази таълими ҷумҳурӣ низ амиқ дарк менамоянд, вале...
Саиди Саъдӣ низ дар мақолаи хеш «Оиди китобҳои таълимии забони тоҷикӣ» («Овози тоҷик», 10 августи соли 2011. №64) фикру мулоҳизаҳояшро доир ба нуқсону камбудиҳои китобҳои таълими забони тоҷикӣ иброз доштааст.
Дар яке аз мақолаҳое, ки 13 апрели соли 2019 ( №32) дар «Овози тоҷик» (муаллиф Тӯхтамиш Боқӣ) таҳти номи «Чӣ ҳол доред, мактабҳои тоҷикӣ» чоп шудааст, гуфта мешавад: «Муаллима Фирӯза Нурова бо исрор мегуфт, ки вожаи «чақрим» тоҷикӣ нест, наход муаллифони китоби хониш барои синфи чоруми мактабҳои тоҷикӣ муродифи тоҷикии онро наёфтаанд?
Охир ин калимаҳоро бо калимаҳои «санг», «фарсанг» иваз кардан мумкин буд. Дар саҳифаи 144-ум шеъри Зулфия Атоуллоева хато чоп шудааст. Дар китоби математикаи синфи чорум... математикаи синфи дуюм (мутарҷим Б. Эшонзода) мисолҳо хато дода шудаанд». 
Омӯзгори собиқадор Ӯзбакбойи Раҳмон  дар мақолаи хеш — «Хат ғалат, имло ғалат, иншо ғалат, маъно ғалат» («Овози тоҷик», №54, 12 августи соли 2020), аз ҷумла, менигорад: «Рӯшан аст, ки такягоҳ ва манбаи асосии толибилмон дар омӯзиш китоби таълимист... Хонандагон бо китобҳои таълимӣ таъмин мебошанд. Ин хуб аст, вале сифати тарҷума дар кадом поя аст? Оё китобҳои таълимии тарҷумашуда созгори ақлу шуури хонандагон мебошанд? Оё талаботи онҳоро қонеъ мегардонанд? Ҷавоб дақиқ: на, на ҳамеша!
Борҳо шоҳид шудаам, ки омӯзгори ботаҷрибаи фанни биологияи мактаби мо Султон Султонов нодуруст тарҷума шудани масъалаҳоро таъкид мекард. Ӯ дар ҷамъомадҳои ноҳиявии ин фан масъалаи мазкурро борҳо ба муҳокима гузошт. Собит шудааст, ки иштибоҳ зимни тарҷума рух додааст. Бино бар ин, ӯ ҳоло зимни дарс маҷбур аст аз китобҳои таълимии ӯзбекӣ истифода барад».
Ба муҳокимаи умум гузоштани масъала ва барои фаҳмондани матлаби китоби дарсӣ аз китобҳои таълимии ӯзбекӣ истифода бурдани омӯзгорон ба падару модарон бетаъсир намемонад. Онҳо хулоса мекунанд, ки сифати китобҳои дарсии мактабҳои тоҷикӣ паст будааст...
Муаллиф ба суханаш идома медиҳад: «Ин ҷо мехоҳем доир ба тарҷумаи як китоб баҳс кунем: Қаҳрамон Раҷабов, Акбар Замонов. «Таърихи Ӯзбекистон» (солҳои 1917-1991). Китоби дарсӣ барои донишомӯзони синфи 10-уми муассисаҳои таълими миёна. Нашри якум. Тошканд - 2017.
Мутаассифона, дар тарҷумаҳо хатоҳои имлоиву мантиқӣ зиёданд. Ҳама медонанд, ки бо иштибоҳ дар як ҳарф маънои калима тағйир меёбад. Дар китоби дарсӣ мехонем: «18-19 сентябри соли 1924 дар Қурултойи 5 вакилони халқи умумбухороӣ номи РШСБ тағйир дода он ба Республикаи Шӯравии Сотсиалистии Бухоро (РШСБ) табдил гардид». (Саҳ. 36-37). Аҷабо, ин ҷо кадом ном тағйир дода шудааст? Бояд номи РШХБ ба РШСБ табдил гардид, навишта мешуд».
Дар ҷойи дигари мақола омадааст: «Ё худ дар саҳифаи 41 мехонем: «Ҳуқуқи мустақилӣ ва дахлнопазирии РШХХ-ро Русияи шӯравӣ эътироф накарда, ба тарзи доимӣ ба корҳои дохилаи республикаи ҷавон дағалона дохил карда, чун дар РШСБ дар Хоразм ҳам ба миқдори зиёд аскарони сурхро нигоҳ дошта, ба воситаи ин қувваҳои ҳарбӣ мамлакатро худаш идора мекардагӣ шуд». Калимаҳои «дохил» ва «дахолат» ҳеч гоҳ муродиф набудаанд! Ба корҳои дохилии як мамлакат мамлакати дигар дахолат карда метавонад, яъне таъсир расонда метавонад. Армияро метавон ба кишвари дигар дохил кард...».
Таваҷҷӯҳ кунед ба далелҳои поёнӣ ва худ хулоса бароред. Мехонем: «Баъди вафоти И. В. Сталин вазорат (вазорати пахтаи СССР — Ӯ. Р.) барҳам ёфта Усмон Юсупов солҳои 1954-1955 раиси Шӯрои Вазирони РШС Ӯзбекистон шуда кор кард. Афсӯс, ки котиби аввали КМ КПСС Никита Хурушчёв соли 1954 ӯро беасос аз вазифаи раиси ҳукумати республика озод намуд», (саҳ. 110). Дар сархати савуми саҳифаи дигари китоб овардаанд: «Нуриддин Муҳиддинов солҳои 1951-1953 ва солҳои 1954-1955 раиси Шӯрои Вазирони РШС Ӯзбекистон... барин лавозимҳои масъул кор карда буд». (Саҳ. 111). Тааҷҷубовар аст, дар ду ҷумлаи як сархат У. Юсуповро соли 1954 беасос аз вазифа озод намуда, вале то соли 1955 фаъолият доштани ӯ чӣ маъно дорад? Оё Усмон Юсупов ва Нуриддин Муҳиддинов дар як вақт як вазифаро иҷро кардаанд?». 
Мо дар ин навишта, ба хотири он ки сухан ба дарозо накашад, аз овардани бисёр эродҳои асосноки муаллифон худдорӣ намудем. Агар онҳо аз корҳои паси парда хабаре медоштанд, аз масъулони Маркази таълим ва Вазорати таълими халқ низ гилагузорӣ мекарданд, ки чаро дар интихоби тарҷумонҳо аз паси панҷа менигаранд ва барои тарҷумаи як китоби дарсӣ 10 рӯз муҳлат медиҳанд. Зеро дар ин фосила, сарфи назар аз маҳорату истеъдод, на ҳар тарҷумон китоби дарсиро, ки масъулияти зиёдеро тақозо дорад, ба таври бояду шояд аз як забон ба забони дигар баргардонда метавонад. 
Наход масъулони кор идрок нанамуда истода бошанд, ки дар паси ин шитобзадагиҳо ба бод рафтани пули калони давлат, беэътиборию беэътиноии вазорати таълим ба китобҳои дарсӣ, дилхунукшавии падару модарон ва омӯзгорон аз мактабҳои тоҷикӣ нуҳуфтааст?
Дар суҳбате омӯзгори мактаби рақами 10-уми ноҳияи Сайҳунобод шикоятомез изҳор дошта буд, ки магар мешавад китоби дарсиро бо ифодаву ибораҳои шевагӣ тарҷума кард? Албатта, намешавад. Вале вақте тавону салиқаи тарҷумонро ба назари эътибор намегиранд, вай ба ҳар шевае, ки метавонад корро, дар муддати пешбинишуда (10 рӯз), анҷом медиҳад.
Бояд ёдрас намоем, ки китоби дарсӣ на танҳо ба донишомӯзон маърифат медиҳад, балки ба онҳо забон низ меомӯзад. Вақте сатҳу сифати тарҷума дар сатҳи поёнӣ қарор дорад, ба рӯйи фарзандони халқ дари донишу забономӯзӣ баста хоҳад шуд. Ҷонишини роҳбари Маркази таълим аз номи марказ ба суоли инҷониб посух дод, ки «ба сифати тарҷума тарҷумонҳо ҷавоб медиҳанд». Бале, байни тарҷумон ва корфармо шартнома ба тасвиб мерасад. Дар ин ҳолат ҷавобгарӣ ба гардани тарҷумон меафтад. Касе намепурсад, ки чаро корфармо лаёқати тарҷумонҳоро насанҷида бо онҳо шартнома мебандад?     
Халқ мақоле дорад: «Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад». Шитобзадагӣ ва ба кори тарҷума дасту остин бар задани тарҷумонҳои белаёқат ин мақолро ёдрас менамояд. Вақте омӯзгорону донишомӯзон дар азобанд, нони пули калони тарҷума чӣ хел аз гулӯи тарҷумон, муҳаррир ва мусаҳҳеҳон мегузашта бошад? 
Бояд пеши ин шитобзадагӣ гирифта шавад. Вагарна дилмондагии мардум аз мактабҳои тоҷикӣ бештар мешавад. Пайи беҳбуди кор пешниҳод менамоем, ки дар назди Вазорати таълим ё Маркази таълими ҷумҳурӣ бояд комиссияе ташкил дода шавад, ки бо назорату тафтиши китобҳои дарсӣ ва интихоби тарҷумонҳо сарукор дошта бошад.
Ин ва масъалаҳои зиёди дигаре, ки дар мактабҳои таълими ҳамагонии тоҷикӣ вуҷуд доранду ҳаллу фаслашонро интизоранд, тақозо менамояд, ки дар назди Вазорати таълими халқ штати инспектори мактабҳои тоҷикӣ ташкил дода шавад. Ва он инспектор бояд ба вазифаи худ муносиб бошад, дар лаҳзаҳои тақдирсоз барои манфиати худ аз ҳақиқат чашм напӯшад, замонасозӣ накунад...

Абдулло СУБҲОНОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик»

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: