Дар Ӯзбекистон ҳимояи манфиати ҳамаи қишрҳои аҳолӣ дар зинаи аввал қарор дорад. Дар кишвар барои пайваста татбиқ намудани тамоюлҳои афзалиятноки кафолати ҳуқуқ, манфиат ва шарафи инсон, ки дар Қонуни асосӣ зикр шудаанд, чораҳои васеъмиқёс андешида мешаванд.
«Мо, инчунин, корҳоро оид ба фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоид барои шахсони ногиро, иҷтимоисозии онҳо ва умуман таъмини фарогирӣ дар ҷомеа ба сатҳи нав мебарорем», гуфта шудааст дар табрики Президент Шавкат Мирзиёев ба халқи Ӯзбекистон бахшида ба 8-уми декабр –
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
Қарори Девони Вазирон аз 25 январи соли 2024 «Дар бораи чораҳои реабилитатсияи сохтор ва кӯдаконе, ки ба гирифтани таълим эҳтиёҷи махсус доранд», далели боэътимоди андешаҳои фавқ мебошад. Қарор бо мақсади татбиқи амалии нишондодҳои фармони Президент «Дар бораи чораҳои маҷмӯӣ бобати хидмат ва кумакрасонии босифати иҷтимоӣ ба аҳолӣ ва роҳандозии низоми назорати самарабахши онҳо» аз 1 июни соли 2023 қабул гардида, мувофиқи он мактаб, мактаб-интернатҳо ва муассисаҳои таълими томактабии тахассусонидашудаи кӯдакону наврасони ногирои ҷисмониву зеҳнӣ, аз тасарруфи Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ ба Агентии миллии ҳимояи иҷтимоии назди Президенти ҷумҳурӣ гузаронида шуданд. Бо тавсияи Комиссияҳои психологӣ-тиббӣ-педагогӣ (КПТП) кӯдакон ва наврасони ба таълиму тарбияи махсус эҳтиёҷдошта ба муассисаҳои тахассусонидашудаи назди Агентии миллии ҳимояи иҷтимоии назди Президент қабул мешаванд. Дар муассисаҳои мазкур гурӯҳҳои «Ғамхӯрлик» ба фаъолият шурӯъ намуданд. Бо иловаи 3-юми ҳамин қарор низом «Дар бораи гурӯҳҳои «Ғамхӯрлик» тасдиқ гардид. Дар он моҳият, мақсад ва вазифаҳои гурӯҳҳои «Ғамхӯрлик» возеҳу равшан инъикос ёфтааст. Мувофиқи низом кӯдакони носолим, ки халали ҷисмонӣ ва зеҳнӣ дошта, ба муассисаҳои таълими томактабӣ ва мактабӣ фаро гирифта нашудаанд ва ба таълиму тарбияи махсус эҳтиёҷ доранд, ба гурӯҳҳои «Ғамхӯрлик» ҷалб карда мешаванд. Онҳо ба гурӯҳи «Ғамхӯрлик» бо тавсияи КПТП қабул мегарданд. Ба гурӯҳи «Ғамхӯрлик» вобаста ба намуди беморӣ кӯдакони носолими 3-6 ва 7-16 сола қабул карда мешаванд.
Мақсад аз ташкили гурӯҳҳои «Ғамхӯрлик» ҷиҳатҳои ба таълиму тарбия эҳтиёҷдоштаи онҳоро ба назар гирифта, парвариш ва таълиму тарбия додан аст. Дар ин маврид синну сол, имконият ва қобилияти кӯдакони ногиро ба инобат гирифта шуда, таҷрибаи худхидматрасонии онҳо ташаккул дода мешавад. Ва дар ин замина барои падару модарон имконияти «истироҳати иҷтимоӣ» пайдо мешавад.
Бояд таъкид намуд, ки муассисаҳои тахассусонидашудаи таълими томактабӣ, мактаб ва мактаб-интернатҳо барои парвариш ва таълиму тарбияи кӯдакони ногиро бо 66 номгӯ асбобу анҷоми зарурӣ таъмин гардидаанд. Барои ин гурӯҳҳо соатҳои таълимӣ то 4 соат муайян шудааст. Дар гурӯҳҳои «Ғамхӯрлик» таълим ройгон аст.
Мувофиқи қарори Девони Вазирон таъсис ва ташкили гурӯҳҳои «Ғамхӯрлик» аз 1 феврал дар шаҳри Тошканд, аз 1 апрел дар вилояти Тошканд ва аз 1 августи соли 2024 дар ҳамаи вилоятҳо ва Ҷумҳурии Қароқалпоқистон сурат гирифтааст. Нахустин гурӯҳҳои «Ғамхӯрлик» дар муассисаи тахассусонидашудаи таълими томактабии рақами 16-уми шаҳри Навоӣ ба фаъолият шурӯъ намудаанд.
– Ман бо имконият ва шароити гурӯҳҳо аз наздик шинос шудам. Бе ягон дудилагӣ духтарамро ба ин гурӯҳ супоридам, – гуфт Рухсора Рустамова. – Ин ҷо барои парвариш ва таълиму тарбияи духтарам ҳама гуна имконият мавҷуд аст. Вақте ки духтарам дар хона буд, ман ба нигоҳубини ӯ машғул будам. Имконияти кор карданро надоштам. Духтарамро ҳар пагоҳӣ ин ҷо оварда, бехавотир ба шуғли худ машғул мешавам. Аз сиёсати давлат розиам, ки барои парвариш ва таълиму тарбияи кӯдакони ногиро чунин шароит ва имкониятро фароҳам овардааст.
Дар мактаб-интернати рақами 36-уми ноҳияи Қизилтепа, ки барои қабули кӯдакони ба парвариш ва таълиму тарбияи махсус пешбинӣ шудааст, ба гурӯҳҳои «Ғамхӯрлик» ногироёни 3-7-соларо фаро гирифтаанд. Ба парвариш ва таълиму тарбияи онҳо мутахассисони ботаҷриба сафарбар шудаанд.
Аз кушода шудани гурӯҳҳои «Ғамхӯрлик» падару модарон мамнун гаштаанд. Хуб дарк намуданд, ки ислоҳот барои ислоҳот набуда, танҳо ба манфиати мардум, барои қадру қимати инсон хидмат мекунад.
Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.