Гурӯҳҳои тоҷикӣ беҳбудӣ мехоҳанд

Хуб аст, ки солҳои охир дар баъзе мактабҳои олии мамлакат гурӯҳҳои таълимашон ба забони тоҷикӣ ташкил ёфтанд.

Хуб аст, ки солҳои охир дар баъзе мактабҳои олии мамлакат гурӯҳҳои таълимашон ба забони тоҷикӣ ташкил ёфтанд. Ҳамаи ин ба шарофати иродаи сиёсии Президенти муҳтарам Шавкат Мирзиёев рӯйи кор омад.
Вале баъзе аз ин гурӯҳҳо аллакай имрӯз аз набудани толибилмон баста шудаанд ё худ донишҷӯён ба гурӯҳҳои дигар гузаштаанд. Чунончи, дар соли таҳсили 2019-2020 дар Донишгоҳи давлатии Бухоро ба гурӯҳи тоҷикии факултаи филология донишҷӯён қабул карданд. Дар соли таҳсили ҷорӣ  бошад, қабул баргузор нашуд. Ҳамин тариқ гурӯҳ, бинобар он ки маъмурияти донишгоҳ бо эълон ва қабули довталабон ҷиддан машғул нагардид, пӯшида шуд.
Дар Донишкадаи давлатии педагогии вилоятии Чирчиқ низ айнан чунин вазъият мавҷуд мебошад. Дар ин ҷо соли хониши 2019-2020 гурӯҳи забон ва адабиёти тоҷикӣ боз гардид. Ҳарчанд гурӯҳ тоҷикист, вале тақрибан тамоми фанҳо ба забони дигар омӯзонида мешаванд. Маъмурияти донишкада сабаби инро бо набудани мутахассисон ва воҳиди штатҳо эзоҳ медиҳад. Ҳол он ки дар Чирчиқ ва атрофи он, аз ҷумла дар ҳамин донишкада бисёр кадрҳои педагогӣ аз ҷумлаи тоҷикон ҳастанд.
Дар гурӯҳҳои тоҷикӣ машғулиятҳо каманд, бинобар ин омӯзгорон мехоҳанд дар мактабҳои олии дигар низ кор кунанд. Вале маъмурияти донишкада ба ин кор мусоидат намекунад. Ҷараёни таълим ва сифати дарсҳо низ донишҷӯёнро чандон қаноатманд намесозад. 
Умедворем, ки вазири наву ҷавони Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус Абдуқодир Тошқулов ба тарзи ҷиддӣ бо ин мушкилот машғул мегардад, зеро мо дар шахси ӯ мансабдори ҷӯё ва доноро мебинем.

Ашӯрвой ТОШМАТОВ,
шаҳри Чирчиқ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: