ГӮШАИ КИТОБҲОИ ТОҶИКӢ

Китоб дар ҳама давру замон дар баланд бардоштани донишу ҷаҳонбинӣ, маънавият, шууру тафаккури инсоният нақши муҳим мегузорад.

Китобҳо тӯли садсолаҳо ҳамчун муаррифгари ҳар як миллат, халқ ё худ мамлакат дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳм мегузоранд. 
Дар Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ дар қатори гӯша ё худ утоқи китобҳои бо забонҳои русӣ, туркӣ, куриёӣ, ҷопонӣ, англисӣ ва ғайра чопшуда, ки дар бораи мамлакатҳои Русия, Туркия, Куриёи Ҷанубӣ, Амрико, Англия, Ҷопон, Чин ва ғайра ҳикоя мекунанд, гӯшаи китобҳои Тоҷикистон низ боз шуд. Боиси қайд аст, ки дар гӯшаи мазкур китобҳое, ки дар нашриётҳои гуногуни Тоҷикистон ба чоп расидаанд, гирдоварӣ шудаанд. Дар он китобҳои «Тоҷикистон», «Фархундапай», «Энсиклопедияи миллии тоҷик», «Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон», «Ахлоқи муҳсинӣ», «Саргузашти Ҳотам» ва «Тӯтинома»-и Аттор, «Навойи кибриё»-и Туғрали Аҳрорӣ ва ғайра, ки дар бораи Тоҷикистон, адабиёту фарҳанг, забон, дастовардҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсии ин мамлакат дар тӯли солҳои истиқлолияти худ ба даст овардааст, ҳикоя мекунанд, гузошта шудаанд. 
Албатта, ин эътибор аз ислоҳоту дигаргуниҳое, ки дар мамлакатамон бо ташаббуси Президенти кишвар Шавкат Мирзиёев дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла сиёсати одилонаи некҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкории байни давлатҳои Осиёи Марказӣ амалӣ мешаванд, дарак медиҳад ва минбаъд мустаҳкам мегардад. 

М. МИРМАҲМАДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик». 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: