ГӮШАИ ОБОДИ ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ

Имрӯз намои бошукӯҳ ва руҳияи болидаи мардуми ноҳияи Попи вилояти Намангон аз он далолат медиҳад, ки ин ҷо яке аз масканҳои рушдёфтаи Ӯзбекистони Нав ба шумор меравад.

Маҳсулоте, ки дар корхонаҳои саноатии ин ҷо истеҳсол мегарданд, дар бозори ҷаҳон низ харидоргир. Бино ба барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия корҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ, саноат, хидмати маишӣ ба роҳ монда шудаанд, дар ҷумҳурӣ ҳам маълуму машҳур.  
Дар самти рушди соҳибкорӣ ва дастгирии он дар соли 2021 600 субъекти соҳибкорӣ ташкил шуда, пешбинӣ шуда буд, ки шумораи онҳо ба 2,2 ҳазор зиёд мегардад. Дар амал бошад, ин нишондод ба 2 ҳазору 858 расид. 
Дар асоси фармони роҳбари давлат “Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ доир ба рушди салоҳияти саноати ҳудудҳо” аз 9 июни соли 2021 дар қатори 24 ноҳияи ҷумҳурӣ ноҳияи Поп низ ба ноҳияи ихтисосонидашудаи истеҳсоли ҷиҳозҳои сохтмон, азнавкоркарди санги табиӣ ва плитаҳои пардозбоб табдил ёфт. Дар соҳаи сайёҳӣ низ як қатор корҳо дар амал иҷро шуданд. Дар деҳаи Чодак ташкил намудани 300 хона-меҳмонхона ба нақша дароварда шуда, дар чаҳорчӯбаи Барномаи давлатии “Ҳар як оила-соҳибкор” бо ҳамкории саридораи рушди туризми вилоят, ҳокимияти ноҳия ва бонкҳои тиҷоратӣ дар маҳаллаҳои Гулистон, Чодакбошӣ, Боғишамол, Шайхон ва Боён меҳмонхонаҳо ташкил карда шуданд. 
Дар асоси қарори Девони Вазирон аз 11 июни соли 2018 “Чодак — зонаи хурди сайёҳӣ” ташкил гардид. Деҳаи Чодак дар минтақаи кӯҳии ноҳия ҷой гирифтааст, табиати зебо, ҳавои тозаву мусаффо дорад. Ин минтақа аз сатҳи баҳр дар баландии ду ҳазор метр ҷой гирифта, дар мавсими тобистон диққати сайёҳонро ба худ ҷалб менамояд. Бино ба манбаъҳои таърихӣ деҳа тақрибан 4 ҳазору 540 сол дорад. Дар тӯли солҳои 2020-2030 давра ба давра сохтани меҳмонхонаҳои замонавӣ, масканҳои истироҳатӣ, хонаҳои бисёрошёна, биноҳои муассисаҳои таълими томактабӣ ва мактабҳо ба нақша гирифта шудааст. 
Меҳмонхонаи замонавии “Apart Hotel Kosmos” аз ҷониби соҳибкор Дилшод Тӯрахӯҷаев сохта шуда, хусусияти экологии Чодак дар он пурра ифода ёфтааст. Хонаҳо бо омехтаи маҳсулоти тозаи қадимӣ – лой ва коҳ бо усули замонавӣ пардоз дода шудаанд. Дар ҳар як хонаи меҳмонхонаи якқабата бо истифода аз сангу лойи табиӣ душ ва ҳоҷатхонаҳо ҷой гирифтаанд. Дар боми меҳмонхона дар зери осмони кушод тарабхонаи дорои 800 ҷой низ мавҷуд аст. Дар он ҷо аз табиати бетакрори Чодак ва ҳавои тозаи он баҳраманд шудан мумкин. Саёҳатчиён метавонанд бо мотопараплан сайр кунанд. Бо мақсади рушди инфрасохтори ноҳия пешбинӣ шудааст, ки ба 12 лоиҳа 25 млрд.сӯм ҷудо карда, он ба сохтани 2 муассисаи таълими томактабӣ, таҷдиди 2 мактаби таълими миёнаи умумӣ, маҷмуи тиббӣ, маркази маданият сарф карда шавад. Аз ҷумла, мактаби миёнаи таълими умумии рақами 21-уми маҳаллаи Гулистон намои нави замонавӣ гирифт, дар мактаби 29-уми маҳаллаи Чодакбошӣ корҳои таъмир бо суръат идома дорад. 
Дар кӯҳ ва минтақаҳои наздикӯҳӣ мавҷуд будани беш аз 113 ҳазор гектар ба инобат гирифта, дар маҳаллаҳои Чоркесар ва Маданият “Кластери бузпарварии Чоркесар” ташкил карда шуд. Аз ҷониби кластер 10 ҳазор сар буз ва гӯсфанд оварда шуда, барои бунёди чорвопарварӣ шароит муҳайё карда шуд. 
Роҳбари хоҷагии фермерии “Ҷӯрабой Эргашалӣ Мироншоҳ” Санҷарбек Эргашев барои рушди соҳаи бузпарварӣ ҳиссаи худро мегузорад. Бузпарварӣ самти сердаромади чорвопарварӣ ба ҳисоб меравад. Пӯст, пашм, гӯшт ва шири буз дар табобати халқӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Бо мақсади васеъ намудани хоҷагӣ парвариши 164-сар чорвои калони шохдор, 350 сар чорвои резан шохдор, 10 ҳазор парранда, 5 ҳазор сар харгӯшро ба роҳ монд. Дар ду гектар майдон гармхона ташкил намуда, яхдон-анборхонаи ҳаҷмаш 500 тоннагиро барпо намуд. Фермери саховатпеша ба ивази даромади ҳалоли худ хонаву ҷойи ду нафар шаҳрванди эҳтиёҷманди маҳаллаҳои Учбулар ва Бобурро вайрон намуда, пурра аз нав сохта дод. 
Бино ба барномаҳои давлатии “Деҳаи обод” ва “Маҳаллаи обод” дар 77 маҳалла ба миқдори 181,3 миллиард сӯмина корҳои сохтмон ва ободонӣ ба роҳ монда шудааст. Давра ба давра барои оилаҳои эҳтиёҷманд, ба ҳимояи иҷтимоӣ муҳтоҷ, ногироидошта биноҳои замонавии серошёна сохта ба истифода супурда мешаванд, ки ҳамаи ин баҳри фаровонӣ ва беҳбудии сатҳи зиндагии мардум мебошад.

Ш. ДАМИНОВА,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

Вилояти НАМАНГОН.                            

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: