«ГӮШАНИШИНӢ КОРИ МАН НЕСТ»

Дар вақти таътил хостам аз суҳбати устоди соҳибтаҷриба Бахтиёр Холов баҳраманд шавам.

Дар вақти таътил хостам аз суҳбати устоди соҳибтаҷриба Бахтиёр Холов  баҳраманд шавам. Вай қариб 40  сол боз дар мактаби таълимоти ҳамагонии рақами 14-уми ноҳияи Сӯх кор мекунад. Ӯ таҷрибаи ғании педагогӣ дорад ва дар роҳи таълиму тарбияи насли наврас  нақшу саҳми муҳим мегузорад.
Бахтиёр Холов аввал маро бо  дидаву шунидаҳо ва  хулосаҳои ҳаётии худ   мухтасар ошно   намуд. Вай гуфт, ки омӯзгорӣ саҳлангорӣ ва бемасъулиятиро намепазирад ва касбест, ки  пайваста ҷустӯҷуро тақозо менамояд.  
– Баъзе ҷавонон кори омӯзгориро саҳл мешуморанд ва барои ҳавову ҳавас соҳиби диплом мешаванд. Онҳо гумон мекунанд, ки омӯзгор ба синф медарояду чилу панҷ дақиқаи умри бачаҳоро ба нақли ҳодисаву воқеаҳо банд мекунад ва баромада меравад. Аммо дар  асл ин чилу панҷ дақиқа муддатест, ки омӯзгор аз он самаранок истифода мебарад ва кӯшиш мекунад, ки ҳар як соати дарси ӯ дар майнаи шогирдонаш нақш банданд, – гуфт муаллим Холов. 
Вай афзуд, ки беҳуда «Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй» намегӯянд. Омӯзгор бояд ҳамеша омӯзаду омӯзонад. Баъзан лозим меояд, ки ба муаллимони ҷавон маслиҳатҳои  муфиди худро диҳад ва дар ҳосил намудани таҷриба ба онҳо  мусоидат намояд. 
– Вақте ки дар мактаби миёна мехондам, устоди равоншодам Бибишарифа Ҷумъаева ба мо аз кимиё ва биология дарс мегузаштанд. Он кас зани хеле  меҳрубон низ буданд. Шавқу ҳаваси маро нисбати фанҳои кимиё ва биология дида хурсанд мешуданд. Машварат медоданд, ки барои хуб азхуд намудани ин фанҳо бештар ба чӣ диққат диҳам. Баъди ба нафақа баромадани он кас Ёқубҷон Зарипов ин анъанаро идома дод,– ба ёд овард Бахтиёр Холов.
Ӯ мактабро хатм карду ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи кимиё ва биологияи Донишкадаи омӯзгории Ленинобод (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров) супурд. Аз имтиҳонҳо бомуваффақият гузашту донишҷӯи ин даргоҳ шуд. 
– Аз  соли   1976 то соли  2014 дар мактаби  таълими умумии рақами   14  муаллими  фанҳои  кимиё  ва  биология шудам. Баъд синну солам ба нафақа  расид, аммо зарурат пеш омад, ки боз  чанд сол ин корро идома диҳам. Шиори “Акнун бас, монда  шудам“ бароям бегона  буд. Шогирдони зиёдро тарбия намудам. Меҳрубон Болтаев, Ҳоҷиакбар   Муродов,  Фарҳод  Пӯлодов,  Назирҷон Назаров,  Ҳайитбой Юлчиев, Фирдавс Амирбеков барин  шогирдонам дар риштаи тиббиёт таҳсил гирифтаанд ва   алҳол дар  сафи пизишкони вилояту ноҳия бо садоқат дар барқарории саломатии мардум хидмат мекунанд,– мегӯяд Бахтиёр Холов.  
Як идда шогирдони ӯ пешаи омӯзгориро интихоб намудаанд. Онҳо баъди таҳсил дар донишгоҳҳои мухталиф ба деҳа баргашта, дар як саф бо ӯ ба таълиму тарбияи фарзандони аҳли деҳ машғуланд ва аз фанҳои кимиё ва биология дарс медиҳанд. Ҳайитбек   Муродов, Бахтиёр  Содиқов,   Эсаналӣ   Шарипов,  Илтимос   Мирзоев аз зумраи ҳамин гуна шогирдони ӯ маҳсуб меёбанд.  
Ӯ солҳои  дароз ҳамчун муаллими  калон фаъолият намуд. Соли 2008 бо нишони Аълочии таълими халқ сарфароз гардид.  
 – Ҳар кӣ аз имконияти мавҷуда дуруст истифода накунад, бидуни шубҳа, ба ояндаи ин кишвару халқи он зомин мешавад,– мегӯяд Бахтиёр Холов. 
Омӯзгор дар мактаб китобхонаи хос ва  осорхонаи аҷибе бунёд кардааст. Дар он паррандаҳо ва даррандаҳои зиёдро дидан мумкин аст, ки кас аз дидани онҳо дар  тааҷҷуб  мемонад ва  худро  дар  олами афсонаҳо ҳис мекунад. Дар он  на танҳо китобҳои доир ба соҳаи кимиё ва биология, балки китобҳои  зиёди  бадеӣ ва  илмӣ-методӣ  низ ба  назар  мерасанд. Аз ин хазина  шогирдон  ва хоҳишмандон  баҳраманд мешаванд.   
– Он китобе, ки барои  зеби хона меистад ва  аз  он  касе баҳраманд намешавад,  оқибат бо дасти каси   беилму хирад  ба  воситаи оташгиронӣ мубаддал мешавад,–  таъкид  кард муаллим.  
Б.Холов дар тарғиби адабиёт, фарҳанг, забони модарӣ, хислатҳои неки инсонӣ, хулқу одоби ҳамида низ хеле пешгом мебошад. Вай зимнан ин байтҳоро замзама намуд:
Назди арбоби хирад мояи имон 
адаб аст,
Лоҷарам пешаи мардони 
сухандон адаб аст.
Одамизода агар беадаб аст, 
одам нест,
Фарқ мобайни банӣ одаму 
ҳайвон адаб аст.
Ногуфта намонад, ки маъмурияти мактаби таълимоти умумӣ нагузоштанд, ки Бахтиёр Холов бо донишу таҷрибаи зиёд гӯшанишинӣ кунад. Вай ҳоло кори омӯзгориро давом медиҳад ва шогирдони худро аз дастоварди илмҳои кимиё ва биология бархурдор менамояд. 
Тавре ки худи Бахтиёр Холов мегӯяд,  ҳанӯз гӯшанишинӣ кори вай нест.

Файзулло  ИБРОҲИМОВ,
мухбири ҷамоатии
 “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: