ГӮШВОРА

Андаке поёнтар аз деҳа дар канори анҳори пуроб, ки дар ду тарафи он заминҳои нопайдоканор доман паҳн кардаанд, қабре ҳаст.

Андаке поёнтар аз деҳа дар канори анҳори пуроб, ки дар ду тарафи он заминҳои нопайдоканор доман паҳн кардаанд, қабре ҳаст. Ҳар сари чанд вақт зани миёнасоле як дасторхони пури нон дар тори сар ба сари қабр меояд. Баъд дасторхонро ба пешаш паҳн карда, қабрро оғӯшкунон ба навҳа медарояд:
– Рустамҷон, хез, нон овардам, нон! Нонҳои гарми гандум, хез ҷонакам! Нон фаровон шуд, нон дар ҳама ҷо арзон...
***
Қарибиҳои субҳ барф аз боридан монд. Замину замон ях баст. Торафт хунук сахт мешуд. Аммо ба ин нигоҳ накарда, имрӯз мардум сертараддуд буданд, ба бозор мерафтанд. Ҳама як ташвиш доштанд, чизу мол, асбобу анҷомҳои рӯзгорро ба бозор бурда, ғалла ё нон хариданӣ буданд. Роҳ пур аз пиёдаву савора. Бачаи тахминан 15-16 солае, ки дар тан ҷомаи ҷиғда-ҷиғдаи сатини сиёҳ ва дар по мӯзаҳои дарида дошту рӯймолашро гирди сар ва гӯшҳояш печонида буд, аз пайроҳае ба роҳи калон баромад ва ба бозоракиҳо ҳамроҳ шуд.
– Ҳа, Рустам, дар ин хунукӣ куҷо меравӣ?– пурсид пирамарди савора, ки худро рӯйи зин бо чакман дурустакак печонида буд, лаҷоми аспашро кашида.
– Бозор,– гуфт Рустам.
– Чӣ мебарӣ?
Рустам ба саволи пирамард чӣ ҷавоб доданашро надониста, худро андаке ба ақиб кашид ва даст ба кисааш андохт. Ӯ гӯшвораҳои модари раҳматиашро, ки пас аз ҷанг рафтани падараш ба бистари беморӣ афтода, чанд рӯз пеш аз олам гузашта буд, аз киса баровард. Баргакҳои он ларзиш хӯрда, оҳиста ҷаррангос заданд. Садои шинос. Модари Рустам ҳар гоҳ ки аз коре ба завқ меомад, бо табассум сар меҷунбонд. Дар ин мавридҳо баргакҳои гӯшвораи ӯ ана ҳамин тавр ларзида садо медоданд. Гӯшвораҳо ба ӯ бисёр мезебиданд ва модари Рустам онҳоро ҳеч гоҳ аз гӯш намегирифт. Гӯшвораҳои ӯро танҳо вақте занҳои ҳамсоя аз гӯши ӯ гирифта, аз рӯйи васияташ ба хоҳари калонии Рустам – Ҳабиба доданд, ки вай аз олам чашм пӯшида буд. Ҳоло Рустам ҳамин гӯшвораҳои модарро ба бозор бурда, ба нон иваз карданист. Илоҷи дигар ҳам надорад. Ду рӯз боз ӯ ва хоҳараконаш Ҳабибаю Назираи хурдсол гуруснаанд.
Бегоҳ Рустам як пора нони хушки ҳаққи худашро ба хоҳараконаш дод. Охир, Рустам акнун марди калони хона аст. Хӯрондану пӯшондани хоҳараконаш ба дӯши ӯ афтодааст.
Рӯзи дуюм аст, ки Рустам дигар барои нон ба хонаи Кари Бӯрӣ намеравад ва Бӯрӣ низ акнун ба хонаи онҳо намеояд. Ӯ одами зишт будааст.
– Рустам, омадӣ, биё,– Кари Бӯрӣ хилофи ҳаррӯза хандон-хандон аз хонааш ба пешвози Рустам баромад. Ӯро ба хона хонд.
– Рустамҷон, нон бисёр, ба ту то соли оянда мерасад, ана худат бин.
Кари Бӯрӣ Рустамро ба кулбааш дароварда, ба ду халта нони хушк, ки дар як тарафи хона рӯйи ҳам чида шуда буданд, ишора кард.
– Лекин, Рустамҷон, як маслиҳат,– Кари Бӯрӣ риши ғулии мошу биринҷашро даст-даст карда давом кард: –Ҳабибаро ба ман медиҳӣ... 
Кари Бӯрӣ боз чӣ гуфт? Рустам ӯро намешунид. Осмон гӯё ба сараш фурӯ рафт. Акнун ӯ фаҳмид, ки Кари Бӯрӣ аз чӣ сабаб пас аз марги модараш ба онҳо ғамхор шуда монд.
Рустам акнун марди хона аст. Коре карда рӯзи хоҳараконашро мегузаронад. Аммо ҳеч гоҳ онҳоро аз барои нон ба Кари Бӯрӣ намефурӯшад.
Рустам аз гуруснагӣ якбора худро беҳол ҳис кард. «Худро ба даст гир, Рустам, ту акнун марди хонаӣ». Рустам гӯшвораҳои модарашро аз нав ба кисааш андохт ва қатори бозоракиҳо қадам ниҳод...
Бозори Янгибозор. Нурҳои камтаъсири офтоби зимистон рӯйи дарёи Кофарниҳонро, ки мардуми бисёре дар канори он ҷамъ омада хариду фурӯш доштанд, мунаввар мекард. Оби дарё аз қабати ях бесадо ҷорӣ мешуд. Чарахсаҳои он ба рӯйи сангҳо бархӯрда ях мебаст, сангҳо чун оина шаффоф мешуданд. Шамоли сард мевазид. Одамон дандон ба дандон монда ба хунукӣ тоқат мекарданд. Бозор гармтар мешуд. Ана, як харидор, марди бурутии тануманде дар рӯ ба рӯйи Рустам, ки гӯшвораҳои модар дар даст ғарқи хаёлот буд, бозистод.
–Бача, гӯшвораро мефурӯшӣ?– даст дароз кард мард. «Чӣ? Ӯ гӯшвораҳои модарашро ба ҳамин мард бифурӯшад? Охир, васияти модараш дигар буд-ку. Не, не, ба гуруснагӣ тоб меораду онҳоро намефурӯшад».
... Рустам гӯшвораҳои модарашро ба кисабағал андохт. Марди бурутӣ ғур-ғуркунон аз назди ӯ гузашта рафт. Рустам ҳам аз бозор баромад. Ба канори роҳи калон гузашта, барфи рӯйи сангеро бо дастонаш рӯфт. Не, ӯ гӯшвораҳои модарашро намефурӯшад. Аммо нон ёфтан лозим. Бо кадом роҳ?... Аз гуруснагӣ сари Рустам чарх зад. Ӯ бемадорона рӯйи тахтасанг нишаста, сарашро миёни кафҳояш гирифт. Ҳоло хоҳараконаш аз хоб хестагистанд. Онҳо ҳам гуруснаанд, «нон» мегӯянд. Рустам бояд барои онҳо нон ёбад. Нон нест. Чӣ тавр ба деҳа баргардад? Рустам аз ҷояш хест. Офтоб акнун ба қиём расида, бозор камодам шуда буд.
Рустам ба роҳ даромад. «Ба куҷо? Ба деҳа?» Баногоҳ фикре ба сари ӯ омаду ба тарафи ду асп, ки чанд қадам онсӯтар ба харии боми хонае баста шуда буданд, равона шуд. Аспҳо аз тӯрбаҳои пур кумур-кумур ҷав мехӯрданд. Рустам ҳаросон атрофро аз назар гузаронду рӯймолашро аз сар кушода ба рӯи замин паҳн намуд. Аз сари асп тӯрбаро гирифта, ҷавро зуд ба рӯймолаш холӣ кард. Банди тӯрбаро аз нав ба сари асп кашида буд, ки як мард тозиёна дар даст аз рӯ ба рӯяш пайдо шуд. «Канӣ, сағира, ба ман нигар?» Ҳанӯз Рустам дасташро аз тӯрба нагирифта буд, ки мард чанд тозиёна паси ҳам ба сару рӯйи Рустам зад. Аз чашму рӯйи ӯ хун ҷорӣ шуда, рӯйи барфро лолагун кард. Рустам фарёдзанон ба замин афтид. Дар гирди ӯ ва соҳиби асп бозоракиҳои бисёре ҷамъ омада буданд. Онҳо аз воқеа огоҳ шуда соҳиби аспро сарзаниш карданд. Гуфтанд, ки сағираи бечораро беҳуда зада маҷрӯҳ намуд. Наход одами каппа-калон як бачаи бечораро ин қадар занад.
Мард ҳам магар аз бераҳмиаш хиҷолат кашид, ки аз гиребони ҷомаи Рустам дошта, ӯро аз рӯйи барф рост намуд ва рӯймоли ҷавро ба дасташ дода гуфт:
– Гир, сағира, гум шав!
Аммо Рустам бовар намекард, ки рӯймоли ҷавро ба ӯ бармегардонанд. Ӯ рӯймолро ба даст гирифта, ҳамаи дарду ранҷашро фаромӯш намуд. Ӯ аз назди издиҳоми мардум дур мешуд. Аммо ҳама ба ӯ бо тараҳҳум нигоҳ мекарданд. Ӯ гӯшвораи модарашро нафурӯхта, барои хоҳараконаш хӯрок ёфт. Ҷавро дар ӯғур кӯфта орд мекунад. Ӯ марди хона аст, бояд хоҳараконашро хӯронад...
Рустам пешпо хӯрду ба замин афтод. Аз ҷой бархостанӣ шуд, аммо мадор надошт.
– Рустамҷон, хез, дастатро ба ман деҳ...– дасти модараш ба сӯи ӯ дароз шуд.
– Не, ман худам мехезам, модарҷон,– Рустам аз ҷой бархостанӣ шуд. Нимхез шуда ба даруни ҷӯй афтод. Аз хунукӣ тамоми баданаш виҷиррос заду ба ҳуш омад. Касе дасти ӯро дошта аз ҷояш хезонд. Ҳаво торик шуда, боз барф меборид. То деҳа хеле роҳ. Рустам рӯймоли ҷав дар даст беҳушона дар байни роҳ қадам мезад.
Чароғҳои деҳа намудор шуданд. Рустам рӯймоли ҷавро ба рӯйи барф ниҳода, дар канори роҳ нишаст. Сару рӯяш ғарқи обу арақ шуда, тамоми баданаш чун барги бед меларзид. Ӯ дигар аз ҷо хеста наметавонист. То деҳа андаке роҳ. Он ҷо хоҳараконаш бо чашми чор ба роҳи ӯ нигаронанд. Аммо Рустам дигар қадаме ба пеш ниҳода наметавонист. Аз ҷояш хестанӣ шуд, сараш чарх зад. Чароғҳои деҳа пеши назари ӯ хомӯш шуданд...
***
– Рустамҷон, хез, биё, боз андаке роҳ монд,– модар ба сӯйи ӯ боз даст дароз кард.
– Рустам, ту акнун марди хона, хона ва хоҳараконатро нигаҳбон шав,– овози падарро шунид. Аммо Рустам дигар мадори аз ҷой хестан надошт. Гуруснагӣ ӯро аз пой афтонда буд. Рӯяш аз барф сафед мешуд...
***
Зани миёнсоле ба сари қабр расид, дасторхони пури нонро аз сар гирифта, дар наздаш паҳн намуд, сонӣ қабрро оғӯш карда ба навҳа даромад:
– Рустамҷон, хез, хез ҷонакам, нон овардам, нони гарм, нони гандум. Нон дар ҳама ҷо пур шуд, арзонӣ, фаровонӣ, хез...
Зан хоҳари калонии Рустам Ҳабиба аст. Ҳар гоҳ гӯшвораҳои модар дар гӯш, дасторхони пури нон дар сар ба сари қабри бародараш Рустам, ки як вақтҳо аз гуруснагӣ дар даромадгоҳи деҳа ҷон дода буд, меояд, ба ёди ӯ менолад. Нолаи ӯ дар фазои дашт ба дуродур паҳн мешавад...
Кароматуллоҳи МИРЗО

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: