Гуттериш: Ҷаҳон дар остонаи фалокати иқлимӣ қарор дорад

Офати иқлимӣ, ки ба ҳар як мамлакати ҷаҳон таъсир мерасонад, дар пеш аст.

Дар ин бора дабири кулли СММ Антониу Гутерриш хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар рӯйи Замин давраи якбора боло рафтани ҳарорати ҳаво, сӯхторҳои калон, хушксолӣ ва обхезиҳои бесобиқа мушоҳида мешавад, хабар медиҳад report.az.

"Ҳамаи ин дар пасманзари тағйирёбии иқлим рух медиҳад, ки ин на фалокати табиӣ, балки як фалокати техногенӣ аст, ки дар натиҷаи истифодаи сӯзишвории истихроҷшуда меафзояд ва ҳеҷ кишвареро дар канор намегузорад", гуфт Гутерриш.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: