Ман дар назди гузаргоҳи марзии воқеъ дар ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё, ки «Чумчуқҷар» ном дорад (тоҷикистониён «Дӯстӣ» мегӯянд), қарор дорам.
Ин яке аз 17 гузаргоҳи дуҷониба ва байналмилалии марзӣ аст, ки мардуми ду кишвари ҳамсоя равуо мекунанд.
Ман ба шаҳри Душанбе равонаам. Гузаргоҳ серодам ва пурмошин... Садои мардуми сарроф, ронандагони кирокаш, мусофирони ҳозирак аз кишвари ҳамсоя ба давлати мо воридгардида... ба гӯшҳо менишинанд. Хусусан, саррофону (пулҷаллобон) ронандагони кирокаш як парда зиёдтар садо медиҳанд. Онҳо ба ҳар навомада часпида, ба сад лаҳну забон харидори асъор мегарданд. Ронандагони кирокаш бо баҳсу талош меҳмононро ҷониби мошинҳои худ мебаранд. Дар ин миён кори мардуми пулҷаллоб маро шигифтзада кард.
Ман ба чаҳор самти марз чашм медавонам. Мазмун, нуқтаҳои табодули асъорро меҷӯям. Ду хоначаи хурд ба чашмам мерасанд, ки дар пештахтаи онҳо гуна-гуна об, шарбат ва дигар анвои ғизоӣ чида шудаанд. Як бинои шишабанд «Ошхона» ном дорад, ки ҳанӯз дараш бастааст. Аз навиштаи куҳнаи пештоқи он, ки шояд дар ин авохир кандаву нав кардаанд, маълум буд, ки замоне «Дорухона» будааст. Аз дил мегузаронам, ки аслан беҳтар буд, ба мизоҷон чун дорухона хидмат мекард. Ман нуқтаи фурӯши асъорро наёфтам. Ҳамагӣ панҷ ё даҳ қадам дур аз шахсони низомипӯш пулҷаллобон ҳар нафареро, ки ба хоки Тоҷикистон ворид шуданист, ё ба кишвари Ӯзбекистон пой мениҳад, печонда, бо табдили асъор машғуланд. Одамон ноилоҷ дар ҳамин ҷо маблағашонро иваз карда, аз пайи кори худ мераванд.
Ин манзараи нохуб аст ва ба обрӯйи як давлати мустақил соя меафканад. Агар меҳмонони хориҷӣ шоҳиди чунин корҳои дилхиракунанда гарданд, дар бораи ҳукумати мо чӣ меандешанд? Ҳоло сайёҳон зуд-зуд аз кишвари мо ба ҷониби Тоҷикистон мераванд, ё аз он сӯ ба Ӯзбекистон ворид мегарданд. Албатта, дар бораи саёҳати худ гузоришҳо таҳия месозанд ва аз беэътибории мақомот дар марз, ки натавонистаанд нуқтаҳои фурӯши асъорро роҳандозӣ кунанд, дар таҳайюр хоҳанд монд. Аз эҳтимол дур нест, ки саррофони ноқонунии марз бинобар нафси бад меҳмононро биранҷонанд ва дар натиҷа сайёҳони кишвари мо дар бораи Ӯзбекистон ва мардуми он таассуроти нохуш ҳосил кунанд.
Ин як мушкилест, ки илоҷи ҳаллу фасл дорад, аммо чаро касе эътибор намедиҳад? Чаро ба он аз паси панҷа менигаранд? Дар ҳар сурат, бояд пеши роҳи ин амалҳои нохуш гирифта шавад.
Ман банди чунин андешаҳо ҷониби хадамоти гумруки марз меравам ва бори худро ба дастгоҳи рентгенӣ гузошта, хулосаи нозири онро мунтазир мешавам.
Ӯ ба дастовези ман – китобҳо мутаваҷҷеҳ мегардад ва чун мефаҳмад, ки онҳо асарҳои бадеӣ ҳастанду худ хабарнигори нашрия мебошам, андак мулоим мешавад. Талошҳоям бобати суҳбат бо сарвари идораи гумрук дар марз бесамар монданд. Сардор ба фотеҳаи кадом як шиноси наздикаш, ки аз олам гузаштааст, рафта буд. Раҳбари бахш (смена) Отабек иброз дошт, ки танҳо дар сурати мувофиқат бо раҳбарияти мақомоти болоӣ, яъне Раёсати гумруки вилояти Сурхондарё метавонад ба саволҳои ман посух диҳад. Вай гуфт, ки то ҳол бинобар убуру мурури марз муаммое пеш наомадааст. Аз рӯзе, ки раҳбарони воломақоми ду кишвар ба ҳам дидору мулоқот намудаву мушкили раводид ва як идда масъалаҳои вобаста ба марзро, ки ба дӯстии ду халқи азалан бародар соя меафканданд, ҳал намуданд, равуои мардум ба ду самти марз осон ва зиёд шудааст. Ҳамин нуктаро намояндаи марзбонони Тоҷикистон низ тасдиқ ва аз додани маълумоти бештар дар бораи шумори мардуми ҳамеша дар рафтуо, мошинҳои боркаш... худдорӣ намуд. Аммо равуои озод ва бидуни монеаи одамон аз чеҳраи ҳар кадоми онҳо аён буд. Агар роҳеро, ки тақрибан ду километр тӯл дошта, бояд пиёда тай кунед, ба ҳисоб нагирем, мушкиле нест, ки ба дӯстии ду кишвари ҳамсоя – Ӯзбекистон ва Тоҷикистон халал расонад.
Ман дар замони раҳбари пешини Ӯзбекистон ҳам ба Тоҷикистон сафар кардаам. Он замон аз Тирмиз ба Тошканд рафтаву аз сафоратхонаи Тоҷикистон дар Ӯзбекистон раводид гирифтан лозим буд, яъне пас аз як ҳафтаи сарсониҳо ба мақсад мерасидем. Хоса, аз мардуми ҳамдигар душмантарошиҳои мақомоти қудратии ҳар ду кишвар дилҳоро хира мекард. Шукри Худованд, ки ҳоло ин ҳама яхҳо об шудаву муносибати ҳасанае ҷорӣ гардидааст, ки воқеан хеле нишотангез мебошад, – аз дил мегузаронам ман. Ин фикрро аз забони аксари одамоне, ки ҳамсуҳбат мешавед, мешунавед...
Вазъ дар он самти марз – Тоҷикистон ҳам таврест, ки дар боло нақл шуд. Саррофон ба табодули ғайриқонунии арз машғуланд ва ронандагони кирокаш бобати пайдо кардани мизоҷи нав байни худ баҳс мекунанд. Он ҷо низ нуқтаи табодули арз вуҷуд надорад.
Чун дар Душанбе – пойтахти Тоҷикистон ба дидори дӯстон ва мулоқоти ҷонбахшашон мушарраф шудаву боспас ба Ватан бармегаштам, ҳамроҳам дар мошини кирокаш се нафари дигар буданд. Гуфтанд, ки аз шаҳри Кӯлоб ҳастанд ва азм доранд, ба ноҳияи Шӯрчии вилояти Сурхондарё бираванд. Азимҷон писари онҳо аз ман хоҳиш намуд, ки ба падару модараш раҳнамоӣ кунам. Амаки Сулаймон ва холаи Насиба дар даст бор доштанд.
– Ба хостгорӣ меравем, – гуфтанд онҳо. – Писари хурдиамон Раҳимҷон дар шаҳри Маскав бо духтаре аз ин ноҳия вохӯрдаву ҳамдигарро хуш кардаанд.
Онҳо, зану шавҳар ба маҳаллаи Элбоёни Шӯрчӣ раҳсипор буданд. Даҳ сол муқаддам чунин воқеа нодир ба назар мерасид. Зеро режими раводид, ки байни ду ҷумҳурии ҳамсоя ҷорӣ буд, ба ҳама гуна муносибатҳо садди Чин гузошта, мардумро ба андеша водор месохт. Ин як муносибати хубу азалии халқҳои ду кишвар буд, ки ман бевосита шоҳидаш гаштам.
Чун кирокашеро ёфтаву меҳмононро шинонидам, холаи Насиба гуфт.
– Додарҷон, илтимос, моро то манзил роҳнамоӣ кунед, зеро боре фиреби сахт хӯрдаем.
Маълум гардид, ки онҳо чун аз шаҳри Кӯлоб баромадаву ба Душанбе мерасанд, аз ронандаи таксӣ хоҳиш мекунанд, ки ба маҳалли кирокашҳои самти Турсунзода бирасонад. Ронанда мегӯяд, ки аз Хуҷанд ба Шӯрчӣ рафтан наздиктар аст ва ба фиребу найранг ду шахси солхӯрдаро ба шаҳри Хуҷанд мерасонаду ба мошини дигар супорида 500 сомонӣ ҳақи хидмат меситонад. Хостгорон мефаҳманд, ки фиреб хӯрдаанд ва аз Хуҷанд то вилояти Сурхондарё боз роҳи дарозест. Онҳо дубора як миқдор хараҷот кашида, ба Душанбе меоянд.
Дар чашмони холаи Насиба ва амаки Сулаймон ҳузни вазнине соя афканда буд.
– Аслан ба чунин саргарангӣ ҳоҷате набуд. Аммо чӣ кунем? Ҷигарбандамон арӯсро аз роҳи дуре хуш кардааст. Нахостем ба ишқи ҷавонон завол расад. Ногузир розӣ шудем. Охир, волидон барои хушбахтии фарзандон ба ҳар душворӣ тоқат мекунанд, – мегӯяд амаки Сулаймон ва аз баъзе одамони бадкирдор сидқан хафа шавад ҳам, аз пешомади фараҳбахше ба ваҷд омада, ҳама мушкилотро фаромӯш месозад.
Мо ба мошинҳои роҳи Тирмиз нишастем. Меҳмонон ба манзили дилхоҳ расиданд. Мани аз шодиву дуоҳои неки пиру кампири хостгор баҳравар роҳи худро идома додам.
Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти СУРХОНДАРЁ.