ГУЗАРГОҲИ ДИЛ

Хайриддин СУЛТОН

ТУ АЗ КУҶО МЕДОНӢ?

–  Баъде «Девони ҷавонӣ» аз чоп баромад, – гуфта ҳикоя карда буд Эркин Воҳидов, – рӯзе тағоям Карим Сахибоев, ки маро ба ҷои падар буд, ба ин муносибат қарибони худро ба хонааш даъват кард. 
Ҷӯраҳояш кӣ гӯед, уламои машҳур, арбоби сиёсӣ Алихонтӯра Соғунӣ, ҳофиз-бародарон Шоҷалиловҳо, Маъруфхоҷа Баҳодуров, шоир Чустӣ... 
Ҳамаашон одамони мадрасадида. Ман чой кашонда, аз пайи хизматам.
Як вақт сухан омада, ба «Девони ҷавонӣ» гиреҳ хӯрд. Ҳамсуҳбатҳо яке гирифтаву яке монда, ба таърифи китоб сар карданд. Фикри ҳама аз як ҷо мебаромад, яъне дар девон ишқи илоҳӣ суруда шудааст, ба сифати ёр, дилбар, ҷонон, аввало, Худо мадҳ шудааст. Ин аз оғози гардиши бузург дар эҷоди Эркин Воҳидов далолат медиҳад.
Дар аввал гап назада, боодобона чой рехта нишастам. Аммо чун сухан чуқур мерафт, хавотир кашидам. Чӣ набошад, узви ҳизб, муовини сармуҳаррири нашриёти комсомол мебошам. Худо нишон надиҳад, агар ин гапҳо пагоҳ ба ягон ҷо рафта расад...
Барои ҳамин хостам ба масъала равшанӣ андозам.
– Ин машқҳо як ҳавас, баҳои калон додед, раҳмат, – гуфтам, – аммо муаллиф ин гуна мақсадҳои бузургро назди худ нагузоштааст. Дар ғазалҳо эҳсоси одии инсонӣ, муҳаббати беғубори ҷавонон, меҳру садоқати онҳо тасвир ёфтаасту халос.  
Ин суханони ман ба тағоям, ки як умр ходими адлия ва довар буд, узви Суди олӣ ҳам будааст, хуш наомад.
– Ту, ки ҳанӯз хеле ҷавон, аз куҷо медонӣ, ки дар китоб чӣ навишта шудааст? – гуфт вай ҷигот андохта.

НИШОНДОДИ НАМУНАВӢ

Раиси Иттиҳоди нависандагон Сарвар Олимҷонович Азимов дар беморхона муолиҷа мегирифт. Якҷо бо сармуҳаррирамон Эркин Воҳидов барои аёдат ба беморхонаи рақами якуми ҳукуматӣ рафтем.
Сарвар Азимов назар ба  эҷоди адабӣ ба сифати арбоби давлативу ҷамъиятӣ бештар шинохта шуда, дар вазифаҳои баланд фаъолият бурдааст. Пеш аз ба иттиҳодия раис таъин шудан вай дар мамолики Шарқи Наздик ҳамчун сафири фавқулода ва мухтори Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолият бурда буд.
Сарвар Олимҷонович ва Эркин Воҳидов дар мавзӯъҳои гуногун суҳбати самимӣ ва кушод оростанд. Ман ба онҳо чой рехта, чун сомеъ менишастам.
Дар аснои суҳбат оиди вазъи ҳозираи забони ӯзбекӣ сухан рафт. Раиси иттиҳодияамон дар хусуси як воқеаи ғалатӣ бо сӯзу гудоз ҳарф зад.
– Медонед, Эркинҷон, – гуфт вай, – ба наздикӣ шунидам, ки дар Институти давлатии маданияти Тошканд кафедраи забон ва адабиёти ӯзбекро барҳам додаанд. Ҳайрон шуда, ба ректори институт занг задам. Хабаратон ҳаст, вай одами таҷрибанок, ки пештар чун вазири маданият кор кардааст. Сабаби воқеаро пурсам, медонед, чӣ гуфт? «Э, Сарвар Олимҷонович, пеш аз ба институт омадани ман ҳамаи корҳо расво шуда будаанд. Ректори пештара ба қонун-қоидаи одӣ ҳам риоя накарда, худсарона фаъолият мебурдааст. Масалан,ба нишондоди намунавӣ доир ба фаъолияти институтҳои маданиятро, ки аз ҷониби Вазорати маданияти СССР тасдиқ шудааст, нигарам, дар он ҳеч гуна кафедраи забони ӯзбекӣ нест.  Худатон гӯед, Сарвар Олимҷонович, кӣ ҳақ дорад нишондоди намунавии Маскав тасдиқнамударо вайрон кунад? Барои ҳамин ҳеч киро рӯйихотир карда нанишаста, к чёртовой матери гуфтаму кафедраро пӯшидам, – гуфт ӯ худро таърифкунон. Хӯш, Эркинҷон, ба ин бедодӣ шумо чӣ мегӯед?
Ин гапро шунида, ману Эркинака ҳангу манг шудем.
Сарвар Олимҷонович оҳе кашид ва ба суханаш давом дод:
– Ман аз ҷаноби ректор пурсидам: «Дар нишондоди намунавии Институти давлатии маданияти Маскав кафедраи забон ва адабиёти рус будааст ё не?»
– «Албатта, ҳаст, – ҷавоб дод ректор, – ин кафедра дар институти мо ҳам ҳаст. Ман штатҳои онро васеъ кардам».
Мана, дида истодаед савия ва фаҳмиши вазири маданиятамон, ректорамонро. Вақте вазъ ҳамин, аҳволи забони ӯзбекӣ чӣ мешавад? – гуфт раиси Иттиҳодияамон бо афсусу надомат.
Сукунати вазнин доман густурд.
– Акнун худи домулло-ректорамон ҳам ректори «намунавӣ» будаанд-да, –  гуфт Эркинака хандида.
Ғароибаш ин ки худи ҳамин ректор сонитар, баъде ҳукумати шӯравӣ сарнагун гашт, дар мавзӯи ҳифзи арзишҳои миллӣ рисолаи докторӣ ҳимоя намуд.   

БАЛКИ БАЪДТАР БИХОНАД

Аз ин воқеаҳо як-ду сол пештар Озодака (Озод Шарофиддинов), Шавкат Раҳмон ва ман ба сафари эҷодӣ ба вилояти Хоразм рафта будем. Солҳои бозсозӣ, ба замми ин дар Ӯзбекистон пропагандаи атеистӣ низ авҷ гирифта буд.
Дар ноҳияи Шовот арбоби машҳури воҳа Маркс Ҷумъаниёзов котиби аввали райком будааст. Вай дар сарҳад моро пешвоз гирифта, дарҳол ба сохтмонҳои нав ва корҳои ободонӣ дар ноҳия шинос намуд.   
Дар ҳудуде элеватори калони дон барпо мешудааст, моро аввал ба ҳамон ҷо бурд.
– Ҳафтаи гузашта Инъомҷон Бузрукович* омада ба ҳамин объект шинос шуда рафтанд, – гуфт бо рӯҳияи баланд Маркс Ҷумъаниёзов, – кай ба кор андохта мешавад, гуфта пурсиданд. Ман гуфтам, Худо хоҳад ба иди октябр. Он кас «Маркс Ҷумъаниёзович, «Худо» гуфта истодаед, ин гапатонро Раъно Ҳабибовна** шунида монад, чӣ мешавад?» гуфтанд бо табассум. Ман ҳам суст наомадам. Дар ҷавоб гуфтам, ки «Инъомҷон Бузрукович, агар шумо рафта нагӯед, Раъно Ҳабибовна ин гапро аз куҷо мешунавад?»
Баробар хандидем. Баъд котиби райком моро ба базаи бӯрдоқипарварӣ, карери шағал ва дигар ҷойҳо шинос намуд.
Наздики чошт ба бинои райком ворид шудем. Дар болои мизи кабинети Маркс Ҷумъаниёзов китоби калоне дар ҳоли кушода мехобид. Озодака аз рӯйи одати доимиаш ба чи хел китоб будани он таваҷҷуҳ кард.
– «Қутадғу билиг», – гуфт Марксоғо бо оҳанги бепарво. – Гоҳ-гоҳ дар вақти холигиам варақ мезанам. Имрӯз саҳифаи 37-умро хондам, ки дар бораи деҳқонон аст, зӯр навишта шудааст.
Озодака аввал ба соҳиби кабинет, пас ба ману Шавкат Раҳмон бо тааҷҷуб нигарист: нигаред, чӣ хел хондагӣ, бамаърифат райкомҳо дорем!»
Баъди суҳбати кутоҳ дар кабинет, Маркс Ҷумъаниёзов ба ҷамъомади Урганҷ  рафтанашро гуфт ва узр пурсид. «Бегоҳ албатта вомехӯрем», гуфта хайрухуш намуд.
Мо ҳамроҳ бо раиси комиҷроия ба ҳаёти ноҳия шиносшавиро давом додем. Дар ду ҷо вохӯрӣ ба амал омад.
Озодака дар ҳама ҷо маърифатпарварӣ ва китобдӯстии котиби аввалро мегуфт, ӯро ба дигарон чун намуна нишон медод.
Ману Шавкат, нигилист мегӯед моро ё скептик, коре карда, ба сифати авлоде, ки ба ҳар чиз бо шубҳаву гумон менигарад, ба ҳаракати театронаи райкомбобо табиист, ки бовар накардем. Чунки, аввало, «Қутадғу билиг» дар Ленинград бошад ё дар Маскав бо адади хеле кам чоп шуда, ноҳияи дурдаст он тараф истад, ёфтани он дар китобхонаҳои Тошканд низ амри маҳол буд. Дарёфт шавад ҳам хонданаш ва фаҳмиданаш – кори мушкил. Дигар ин ки як амалдори калон, ки ташвишаш аз ҳар чӣ зиёд, дигар корҳояшро монда, айнан рӯзе, ки домулло Озод Шарофиддинов меояд, дар кабинети худ «Қутадғу билиг»-ро хонда нишастанаш... Боз кушодагии саҳифаи 37-ум, ки дар васфи деҳқонон аст, ҳолате менамуд, ки ақл бовар намекард.
Бегоҳ, баъде ба меҳмонхона баргаштем, ба домулло дар ин бобат гуфтем.
– Чёрт побери, ки медонад, балки сухани шумо дуруст аст, – гуфт вай. – Балки ӯ аз ростӣ одами китобхон. Чӣ набошад ҳам шахсан барои ман худи ҳамин факт хеле муҳим. Канӣ, таъриф кардан гирем, «Қутадғу билиг»-ро ҳозир нахонда бошад, аҷаб нест баъди гапи мо шарм дошта, варақ занад.
Аз байн солҳо гузашт. Маркс Ҷумъаниёзовро аз наздик шинохта, ба донандаи таърих ва маданияти Хоразм, ватанпарвари диёри худ будани ӯ бовари комил ҳосил кардам. Барои шубҳаи онвақтаам хиҷолат кашидам.

БА ҶАВОНОНУ ПИРОН НАРАСЕД
     
Шоири меҳнатқарин ва хоксори мо Гулчеҳра Ҷӯраева дар маҷаллаи «Ёшлик» мудири шуъбаи назм, айни замон котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ буд.
Рӯзе апа ба наздам даромад.
– Хайриддинҷон, дирӯз дар райком моро ба ҷавонон эътибор намедиҳед, гӯён нағзакак танқид карданд, – гуфт табассумомез. – Бо Эркин Воҳидович дар ин хусус маслиҳат кардем. Он кас фармуданд бо шумо гап занам ва ҳуҷҷатҳоятонро тайёр намоям. Шумо котиби масъул, яке аз роҳбарони маҷаллаи моед, лозим аст ҳатман дар сафи ҳизб бошед.
Коммунисти ленинчӣ шудан ба гӯшаи хаёлам надаромада буд, барои ҳамин узр пурсидам:
– Апаҷон, боварии шумову Эркинака барои ман шарафи калон, аммо ман барои ба сафи ҳизб даромадан тайёр нестам, ҷавонӣ мекунам.
– Ба чанд даромадед? – пурсид апа бо меҳрубонӣ.
– Ба сӣ даромадам, – гуфтам.
– Дар синни аъзогӣ будаед, – гуфти котиби парткоми мо ва наздик ба ним соат барои розӣ кардани ман ҳаракат намуд. Ман ҷавон буданам, зиёд будани беҳудагардиам, аз эҳтимол дур набудани ба интизоми партиявӣ риоя насохтанамро гаштаю баргашта гуфта, ҳеч сар нафуровардам.
Дар охир апа аз ман каме ранҷида, ба назди мудири шуъбаи наср Эркин Аъзамов рафт.
Баъд шунавам Эркинака гузашта мондани солаш, дар пиронсолӣ (яъне дар сиюшаш) ба сафи ҳизб дарояд, одамҳо амалпараст будааст гуфта хандиданашон мумкин гӯён розӣ нашудааст.
Баъди се-чаҳор рӯз дар редаксия ҷамъомад баргузор гашт. Гулчеҳраапа ҳамон масъаларо бардошта, ба роҳбарамон андак арз кардагӣ барин шуд:
– Ба Хайриддинҷон узви ҳизб шавед гӯям, ҷавонам гуфта розӣ нашуданд. Эркинҷон бошанд, пир шудам гуфта рад мекунанд. Ман инро нафаҳмида мондам, Эркин Воҳидович.
Сармуҳаррирамон ба мо як нигоҳ карда монд ва зери лаб табассумкунон:
– Майлаш, Гулчеҳрахон, ба ҷавонону пирон нарасида истед, – гуфт.

«КИТОБРО БАРДОШТА НАТАВОНИСТАМ»

–  Дар Алмаато Абиш Кекилбоевро дида мондам, – гуфт Носирака (Носир Фозилов) номи як адиби машҳури қазоқро ба забон оварда. – Ба наздикӣ ба Тошканд омада рафт, дар хонаи мо ҳам меҳмон шуд. Пеш аз бозгашт ба Иттиҳоди нависандагони мо даромадааст.
– Дар дукони китоб романи калони оқсақолҳоятон (яке аз роҳбарони онвақтаи ИН) истода будааст, – гуфт вай. – Ният кардам, ки ба хона бурда мехонам. Вале барои он ки хеле калон буд, аз ҷояш ҷунбонда натавонистам. Бе крани борбардор бардошта намешавад, – гуфта хандид дӯсти қазоқам.

ТАҚДИРИ ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ

Кибриё Қаҳҳорова рӯзе ба сармуҳаррири ҳафтавори «Ӯзбекистон адабиёти ва санъати» Одил Ёқубов сим зада, оиди дар матни шеърҳои шоирони классикӣ гузаштани баъзе хатоҳо сухан рондааст. Барои исботи фикраш мисолҳо овардааст.
Одилака аввал суханони апаро бо таваҷҷуҳ ва сабру тоқат шунидааст, барои холисона нишон додани камбудиҳо ба вай миннатдорӣ изҳор кардааст. Лекин нигарад поёни танқид наменамудагӣ барин. Дигар ин ки эътирозҳое, ки вай мегуфт, ба ходимони рӯзнома не, ба олими адабиётшиносе дахл дошт, ки шеърҳоро омода кардааст. Барои ҳамин Одилака ба туркистонӣ будани худ ва самарқандӣ будани апа ишоракунон гапро ба шӯхӣ тоб дода:
– Кибриёапа, суханони шумо балки дуруст, лекин ман як қазоқ бошам, шумо тоҷик бошед, тақдири забони ӯзбекӣ ба ману шумо мондмӣ, монед, худи ӯзбекҳо ҳал кунанд, – гуфтааст.   
 
Аз китоби «Навоӣ-30» тарҷумаи 
Муҳаммад ШОДӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: