ГУЗАРГОҲИ «ГӮШТИ УШТУРХӮРДА»

ё чаро кушодашавии гузаргоҳи сарҳадии байни Сӯху Риштон тӯл мекашад?

Дар ин чанд соли охир перомуни кушодани гузаргоҳи васлкунандаи “Қайтмас — Риштон”-и байни ноҳияҳои Сӯх ва Риштони вилояти Фарғона гуфтугӯҳои зиёд  сурат гирифтанд. То анҷоми соли 2019 дар минтақаи водии Фарғона ба таъхир афтодани кушодани ин гузаргоҳи сарҳадиву гумрукӣ аз пурсадотарин мавзӯи расонаҳои мухталиф маҳсуб меёфт. 
Гузашта аз ин, мавзӯи мазкур дар меҳвари гуфтугӯҳои зиёди мақомоти идораҳои ҳукуматӣ низ қарор гирифт. Ба таври мисол, дар ҷараёни мулоқотҳо бо мақомоти раҳбарии идораҳо, кумитаҳо ва вазоратҳо, мунозираҳои пеш аз интихоботии пешвоёни ҳизбҳои сиёсӣ ин мавзӯъ чанд бор дар миён гузоштаву баррасӣ гардид. 
Аксари масъалагузориву муҳокимаронӣ аз тариқи саволу ҷавоб сурат гирифтанд. Дар ҷараёни яке аз ин саволу ҷавобҳо масъалаи пайвастан ё канорагирии Ӯзбекистон аз Созмони иқтисодии АвруОсиё хеле васеъ муҳокима шуд, ки натиҷаи мусбат ё манфии он бевосита ба масъалаи кушода шудани гузаргоҳи “Қайтмас — Риштон” вобастагии қавӣ дорад.
Ҷонишини якуми вазири корҳои хориҷии кишварамон Илҳом Неъматов дар бораи он ки оё Ӯзбекистон ба ин созмони иқтисодӣ пайваст мешавад ё на, чунин гуфт:
– Мо перомуни ин масъала дар рӯзҳои наздик ба хулосаи ниҳоӣ хоҳем расид. Қарори мо пеш аз ҳама манфиатҳои Ӯзбекистонро  мадди назар хоҳад дошт.
Аҳолии Ӯзбекистон соле ба 700 ҳазор нафар афзоиш меёбад. Ба ин далел, пӯшида нест, ки масъалаи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони кишварамон ба Русия ва Қазоқистон низ аз ин ҳисоб афзоиш хоҳад ёфт. Фароҳам овардани шароити созгору мувофиқ барои муҳоҷирони корӣ маҳз ба ширкати давлатҳо дар ин созмони иқтисодӣ вобаста мебошад.   
– Бо дарназардошти ҳолатҳои мавҷуда пайваст шудани Ӯзбекистон ба ин созмони иқтисодӣ дар баробари он ки аз манфиатҳои мо дифоъ хоҳад кард, ҳамзамон якчанд мушкилоти дигарро низ ҳаллу фасл хоҳад намуд. Хулосаи ниҳоии Ӯзбекистон дар ояндаи наздик танҳо баъди дар тарозу баркашидани ҳамаи фоидаву зарари он эълон хоҳад шуд, – гуфт Илҳом Неъматов.
Дар ин миён мудири Маркази таҳқиқоти иқтисодӣ ва ислоҳоти назди дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Обид  Ҳакимов перомуни ин мавзӯъ назари хешро баён кард. Ба гуфтаи ӯ пайвастани Ӯзбекистон ба Созмони иқтисодии АвруОсиё метавонад монеаҳои зиёдро дар мавриди содироти маҳсулоти мамлакат коҳиш диҳад.
Пас, маълум мешавад, ки Ӯзбекистон аз пайвастан ба Созмони иқтисодии АвруОсиё ягон зарари ҷиддӣ намебинад. Ба ибораи дигар, узвият дар созмони мазкур барои фарох шудани бозори маҳсулоти содиротии кишварамон дари имкониятҳои бештарро мекушояд, ҳаҷми содироти маҳсулоти корхонаҳо меафзояд ва фаъолияти доираҳои соҳибкории ватанӣ боз бештар вусъат пайдо мекунад.
Акнун ба мавзӯе бармегардем, ки дар оғози ин гузориш ба он ишора кардем. Муштариёни азизи “Овози тоҷик” бохабаранд, ки 30 августи соли гузашта, новобаста аз он ки дар маросими кушодашавии гузаргоҳи “Қайтмас — Риштон” аз мақомоти расмии Ӯзбекистону Қирғизистон ширкат карданд, он баъди тантанаҳои бошукӯҳ, шодиву нишот ва рақсу бозии мардуми ду тараф ба таври ногаҳонӣ ба рӯи онҳо баста шуд. Дар ин бора ҳокими вилояти Фарғона Шуҳрат Ғаниев ва губернатори вилояти Боткент Акрам Мадумаров ягон муносибат нишон надоданд.
Гуфтан мумкин аст, ки ҳодисаи ба ин монанд дар таърихи ду кишвар воқеаи беназир мебошад. Маросими хурсандиву шодии “Қайтмас — Риштон”  шабеҳи худро дар гузаргоҳи марзиву гумрукии “Тӯл — Оқ турпоқ”-и ноҳияҳои Сӯху Қадамҷо низ дошт. Он ҷо низ бо ширкати беш аз панҷ ҳазор мардуми ноҳияи Сӯх ва сокинони якчанд деҳаи  вилояти Боткент чунин маросим ба вуқӯъ пайваст ва шлагбаумҳо барои чанд соат  бардошта шуданд.
Аммо баъди тахминан ду соат ба иштирокчиёни ин маросимҳо аён гашт, ки дар як саҳнаи назарфиребӣ ширкат кардаанд. 
– Баъди шунидани хабар оиди дар ояндаи наздик ба узвияти Созмони иқтисодии АвруОсиё пайвастани Ӯзбекистон дар дили мо дубора шуълаи умед фурӯзон гашт. Тавре ки аз баромадҳои шахсони расмии кишварамон маълум шуд, ин созмон дар бартараф гардидани монеаҳои зиёд, осон шудани равуо, тавсеаи ҳамкориҳо ва густариши тиҷорати байни кишварҳои аъзои Созмони иқтисодии АвруОсиё хеле мусоидат менамояд, – мегӯяд сокини деҳаи Чашмаи ноҳияи Сӯх Камолиддин Азизов.
– Ба ақидаи баъзеҳо дар сурати ба Созмони иқтисодии АвруОсиё ворид шудани Ӯзбекистон қисме аз истиқлолиятамонро аз даст медиҳем. Аммо Ӯзбекистон ба ин созмон баҳри ҳимояи манфиатҳояш ва беҳбуди ҳамкориҳо пайваст мешавад.  Ба ҳар гуна сару садоҳо нуқта гузоштани ҷонишини якуми вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон  Илҳом Неъматовро дар як мулоқоти мустақими телевизионӣ шунида хушҳол шудам. Чунки робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мо бо қазоқҳо, қирғизҳо, тоҷикҳо, русҳо ва белорусҳо беш аз пеш хуб шуда истодааст. Барои ҳамин ман ба чунин ақидаҳо розӣ нестам, ки Ӯзбекистон  дубора ба Русия ё ягон кишвари узви ин созмон мутеъ мегардад. Ҳамаи мамлакатҳо дар он баробарҳуқуқанд. Наздики сӣ сол мешавад, ки кишвари мо истиқлолияти худро эълон кардааст ва мутеъ шудани онро аз даст додан як ҳолати комилан имконнопазир  мебошад, — мегӯяд иқтисодшиноси собиқадор Гуландом Соҳибназарова.
Ногуфта намонад, ки байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон танҳо дар се соли охир робитаҳои дӯстиву ҳамкорӣ мустаҳкам мешаванд. Бо иродаи сарварони Ӯзбекистону Тоҷикистон 18 гузаргоҳи  миёни ин ду кишвари ҳамҷавор кушода шуданд. 
Хулосаҳо ҳаминро нишон медиҳанд, ки агар ҷонибҳо ба тавофуқ расанд, масъалаву муаммое нест, ки ҳаллу фасл нашаванд.  

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик” дар вилояти 
Фарғона.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: