ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ БА КОР ДАРОМАД

Мо пештар дар бораи дар 272-юмин километр роҳи байналмилалии «Самарқанд – Бухоро – Туркманбошӣ» байни шаҳраки тиббӣ ва бозори «Корвон»-и шаҳри Бухоро бо мақсади таъмин кардани бехатарии пиёдагардон сохтани гузаргоҳи зеризаминӣ хабар дода будем.

Ҳоло ин объекти муҳим ба истифода супорида шуд. Ба ин муносибат дар тадбир ҳокими вилоят Ботир Зарифов, роҳбарони секторҳо, аҳли ҷамоат ва намояндагони ВАО иштирок карданд.
– Бухороиён медонанд, ки чанде пеш дар шаҳр роҳи зеризаминии мавҷудбуда аз заҳ пур шуда фурӯ рафта буд. Вале имрӯз афзудани миқдори автомобилҳо дар вилоят ва таҳдиди хавф ба ҳаёти пиёдагардон водор намуд, ки бо назардошти чорабиниҳои зарурӣ ин гузаргоҳ сохта шавад, — гуфт сардори садорати роҳҳои автомобилии вилоят Мурод Бердиев.
– Мо бо мақсади аз нохушиҳо эмин доштани пиёдагардон дар дигар ҷойҳои серҳаракати роҳ низ сохтмони чунин объектҳоро давом медиҳем, – огоҳ намуд ҳокими вилоят Ботир Зарифов.
Ҷамъомадагони тадбир бо имкониятҳои гузаргоҳ аз наздик шинос шуданд.

Амрулло АВЕЗОВ, 
мухбири «Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: