ГУЗАШТА, ИМРӮЗ ВА ОЯНДАИ ӮЗБЕКОНУ ТОҶИКОН МУШТАРАК АСТ

Дар як соли охир теъдоди ашхосе, ки аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ва аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон равуо мекунанд, чанд баробар афзуд.

Инро ҳангоми равуо дар посгоҳи гумрукиву марзии «Ойбек»-и вилояти Тошканд низ мушоҳида кардан мумкин аст, 
Дӯстии абадӣ, дини ягона, фарҳанг, расму ойин ва анъанаҳои муштарак халқҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро ба ҳамдигар наздик намудааст. Робитаҳои хешу табории ӯзбекону тоҷикон, қудо ва андагӣ, риштаҳои бародарӣ байни онҳо он қадар мустаҳкаманд, ки агар гӯем мисли онҳо «як халқи ба дузабонаро пайдо кардан имконнопазир аст, ҳаргиз муболиға нахоҳад шуд.
Ба туфайли иродаи сиёсии роҳбарони ду халқ, сиёсати оқилона ва дурандешонаи онҳо ҳамкориҳои бисёрпаҳлӯи солҳои охири байни ду мамлакат комилан ба давраҳои нав баромадааст,  Ташрифи давлатии Президент Шавкат Мирзиёев 9-10 марти соли 2018 ба Тоҷикистон, ташрифи давлатии роҳбари Тоҷикистон 17 августи соли гузашта ба мамлакати мо дар ин маврид як табаддулоти калони таърихиро ба миён овард.
Хусусан барқарор шудани алоқаҳои таърихии ду давлат,  одамони аз дидори хешону пайвандон, дӯстону наздикон бебаҳрамондаро хеле хушҳол намуд. Боз шудани посгоҳҳои марзӣ, байни ду кишвар эҳё гардидани ҳаракати нақлиёт дар бобати аз ҳаёти худ розиву қаноатманд шуда зиндагӣ кардани ҳазорҳо одамон аҳамияти муҳим касб намуд.
– Ду сол муқаддам  рӯзе аз тариқи посгоҳи гумрукиву марзии мо ҳамагӣ 600 нафар мусофирон ба Тоҷикистон рафта меомаданд, – мегӯяд сардори посгоҳи гумрукиву марзбонии «Ойбек», подполковник Зиёдулло Раҷабов. – Дар айни замон ба воситаи ин посгоҳ рӯзе аз 3 то 5 ҳазор  мусофир рафта меоянд. Ин, бечуну чаро, ташаббуси президентҳо, хусусан, натиҷаи иқдоми аз байн бардоштани режими раводиди миёни ду кишвар аз тарафи роҳбари давлати мо, баланд шудани сифати хизмат дар посгоҳҳо мебошад.
Дарҳақиқат, тибқи қарори марбутаи Президентамон аз 14 марти соли 2018 байни Ҳукумати Ҷумҳурии  Ӯзбекистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сафари дуҷонибаи шаҳрвандон созишнома ба имзо расида тасдиқ гардид.  Бар асоси ин қарор аз 6 марти соли 2018 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба муддати 30 рӯз бидуни раводид ба Ӯзбекистон сафар карда метавонанд. 
– Имрӯз мо, бо вуҷуди шаҳрвандони ду кишвар будан, аз қадим як халқ ҳастем, – мегӯяд Маҳмудҷон Раҳмонқулови тоҷикистонӣ. – Аз худам қиёс, ки ба 70 медароям, аммо як поям ҳамеша дар Андиҷон мебошад. Дар айни ҳол низ аз Андиҷон меоям. Соли навро дар давраи тағоҳоям, аммаҳоям, хулоса, ҳамаи хешу таборам истиқбол гирифта меоям. Акнун бигӯед, агар тамоми пайвандони як нафари мисли ман тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон бошанд, ёки баръакс, наздикон, пайвандони як ӯзбекистонӣ дар Тоҷикистон бошанд, чӣ тавр метавон мо аз ҳам бегона бошем.
Ба манзури расонидани хизмати босифат ба шаҳрвандони  аз тариқи посгоҳи гумрукиву марзбонии  «Ойбек» равуокунанда он бо дастгоҳҳои замонавӣ, камераҳои назораткунанда, воситаҳои техникии назоратӣ ва таҷҳизот  муҷаҳҳаз шудааст. Барои ҳаракати бемонеаи одамони кӯдакдор, ҳамчунин дар сурати пайдо шудани зарурат хизмати ёрии тиббӣ ва дар толори интизорӣ тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудаанд. Дар ин посгоҳ маълумотҳо дар бораи он ки равуокунандагон тибқи меъёр кадом маводро метавонанд бо худ гузаронанд ва курси асъори хориҷӣ ба забонҳои ӯзбекӣ, тоҷикӣ ва русӣ овезон карда шудаанд.
– Писарам соҳиби писар шудааст, ба дидани набераам озими Тоҷикистон ҳастам, – мегӯяд Гулбувӣхола Шорасуловаи 73-солаи қазоқистонӣ. Дидор ширин аст ва наздиконам ҳам ғаниматанд. Равам гӯӣ, азияти роҳ, аз сӯи дигар пиронсолӣ, аз сӯи дигар ҳуҷҷати зиёд лозим. Барои ҳамин  пештарҳо имкони дидорбинӣ мавҷуд набуд. Боварам намеояд, ки дар як лаҳза аз Чимкент Тошкандро убур карда, дар остонаи Тоҷикистон қарор дорам. Барои муҳайё намудани чунин шароит, пеш аз ҳама, ба роҳбарони давлат, ки Аллоҳ онҳоро ба сари мо овардааст, ҳазорҳо сипосу ташаккур баён мекунам.

А. ХУДОЙҚУЛОВ,
мухбири ӮзА.         

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: